​Хоинони ватан ба мақсад намерасанд!

Имрӯзҳо ифротгароёни халқи тоҷик садои шағолманди худро аз манотиқигуногуни дунё бароварда истодаанд. Гарчанде, ки онҳо дар мамлакати мо қарор надоранд, бо вуҷуди ин, онҳо аз берун зарари худро расониданианд.Якеаз душманони давлати ТоҷикистонМуҳаммадиқбол Садриддин аз берун истода заҳри худро ба мардуми тоҷик ранги мори афъи мечошад, ки аз амалҳоимаккоронаи ӯ кулли мардум ва мақомотҳои дахлдор бохабар аст.

Ҳар нафаре, ки боре чеҳраи Муҳаммадиқболи Садриддинро зимни пахши “хабарҳо”-яш дар сомонаи“Ислоҳ.нет” дида бошад, эҳсос кардааст, ки пушти ин заҳрханди ҳамешагии чоплусона чӣ махлуқе пинҳон аст.Оне, кибо намои бетағйир ҳар ҳодисаву воқеаи кӯчаки дар Тоҷикистонба вуқӯъ пайвастаро ба риштаи танқид мекашад, кист? Чӣ гузаштае дошт?Муҳаммадиқболи Садриддин писари яке аз таъсисдиҳандагон ва фаъолони ТЭТ ҲНИ Садриддинов Қаландар мебошад, ки солҳои нооромӣ маҳз бо ҳидояти ӯ мардуми минтақаи Қӯрғонтеппа ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамчун гуреза паноҳ бурдаанд.Чун ин усул низ пешакӣ андешида шуда, мардум маҳз ба хотири рӯёндани маблағҳои калони пулӣ барои буду боши гурезагон ва ҳам истифодаи номи “гуреза” аз рӯйи ақидаҳои сиёсӣ истифода шуданд. Бо ҳидоятҳои падар Муҳаммадиқбол солҳои1992-1997 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳсилоти ифротгароӣ гирифта, аз шогирдони муваффақи як пойгоҳи таълимоти экстремистию ифротгароии ин кишвар гардидааст.

Бефаросатӣ ва бешармие, ки аз чеҳраи Муҳамадиқбол пайдост, аз тарбияи нохуб ва гузаштаишармоварипадараш Мулло Қаландар сарчашма гирифтааст. Аҷоибаш он аст, ки ин мубаллиғон бо вуҷуди доштаникамбудиву нқсонҳои зиёди ҳаётӣ ва ноҷавонмардиҳо нисбат ба наздикону пайвандони худ аз камбудиҳои як давлат ва як миллат бо танз сухан мегӯянд. Шурӯъ аз Кабирӣ, ки ҷанозаи модари чашм ба роҳ мондаи худро бо телефон хонд. Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ба ҷанозаи падари дар ғарибиву ғурбат ҷондодаи худ рафтанро лозим надонист.

Агар одам ба падару модари худ, ки ба умеде фарзанд гуфта, нури чашм гуфта калон мекунад, эҳтирому эътиқод надошта бошад, магар аз чунин ашхос барои дар рӯзи мотами ҳамсояи худ, ҳамватани худ сугворӣ кардан бӯйи умед ҳаст? Барои кутоҳии сухан мо аз баёни сифатҳои намояндагони дигари ин гурӯҳи хиёнаткор ва ватанфурӯш худдорӣ мекунем, чунки ба қавли Саъдӣ: “андак нишонаи бисёр асту муште намунаи хирвор”.

Мо, имрӯз ҷавонон ва алалхусус халқи тоҷик фахр аз он мекунем, ки бар сари давлати мо Тоҷикистони соҳибистиқлол марди шуҷоъ, марди Худо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ мекунанд. Халқи парокандаи давлатро сарҷамъ намуда дар арсаи байналмиллалӣ нашъунамо намуданд, ки ин аз мардонагию ватанпарастии он кас дарак медиҳад. Дар ҳақиқат ҳам “Аз ин марди Худо, эй ҳамватан, шукрона бояд кард”.

Маликаи Хубон

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ