​Хиёнат зиддӣ давлатдории миллӣ

Солҳои охир ҳаракатҳои ифротгароӣ бо амалҳои ғайриахлоқию, ғайриинсонӣ бо амалҳои разилонаи худ тамоми сайёраро ноором гардонида ҳаёти осудаю осоиштаи мардумро зери хатар гузошта истодаанд. Имрӯз терроризм ва экстремизм боиси ташвишу нигарониҳо дар байни кишварҳои олам гардидааст. Вожаи “терроризм” аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, тарс ва ваҳм аст. Амалҳои террористӣ дар шакли таркиш, оташзанӣ, моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, биологӣ, зарар расонидан ё забткунии объектҳо, воситаҳои нақлиёт, сӯиқасд ба ҳаёти ходимони давлатӣ содир гардидани дигар амалҳое, ки боиси сар задани хавфи мардумон аст нигаронида шудаст. Шаклҳои терроризм хеле гуногун мебошад; терроризми давлатӣ, терроризми байналмиллалӣ ва дохилидавлатӣ, терроризми гурӯҳҳои мухолифи давлат. Аз рӯи хусусияти иҷтимоӣ бошад, терроризмро ба терроризми иҷтимоӣ, динӣ, этникӣ, таксим намудаанд. Моҳияти терроризм зӯроварӣ бо роҳи тарсонидан мебошад.

Инсоне, ки ҳамеша ҷонибдори оромиву осудагии миллатудавлат ҳаст ҳеҷ гоҳ тарафдори даҳшату хунрезӣ нест. Аммо хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ ҳамеша дар баромадҳояш миллати моро бо суханҳои дуруғу бемантиқаш назди ҳамагон шарманда карданист. Халқи тоҷик дигар он халқи роҳгумзада нест, ки ба фиребунайрангҳои ин хоини миллат роҳгум занад. Ин нокас барои манфиати худ бо супориши хочагони худ ба ҳар корҳои паст даст мезанад. Муҳиддин Кабирӣ ғуруримиллии худро фаромўш карда, суханҳои бегонагонро барои худ ҳатмӣ донист. Ин палид дар ҳамин Тоҷикистонибиҳиштособа дунёомада, имрўз душмани миллати худ гардидааст. Аз суханрониҳои ин афроди нопок мушоҳида намуданмумкин аст, ки ҳанўз ҳам дар хаёли ў тасаввуротҳои 20 сол пеше, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сар гузаронида буд дар майнаи ў ҷо дорад. Ў ҳануз ҳам дар он ақида ҳаст, ки халқро чун солҳои пешин бифиребад ва миллати тоҷикро боз ба парокандагию сарсонӣ оварад. Хар як шаҳрванди Тоҷикистон имрўз симои аслии ўро ба пуррагӣ шинохт ва ҳеҷ гоҳ бафиребудасисаҳои ў боварнамекунанд.

Он зиддиятҳоидохилие, ки дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳо ба вуҷуд омадаастдавлатҳоибузург онробомақсадигеополитикихуд истифодабурда истодаанд.Ин хоинон ваватанфурўшондар давлатҳои Аврупо зиндагии муҳоҷирона дошта дур аз Ватан ҳар гунаамалҳои ғайриинсонӣмекунанд.Чунин хиёнаткоронро на ватан на ҷомеъа ҳеҷ гоҳнамебахшад. Ин хоинонимиллат ва ватанфурўш аз дурр истода тариқи сомонаҳои интернети суханҳои дурўғуфитнаангезиро нисбатиҷомеъаимо паҳнмекунанд. Онҳоҳамешабароиманфиатинопокашон кормекунанд.Имрўз ҳамаи дунё азкорҳои зишти онҳовоқифанд.Ин хоинони миллат имрўз бозичаихориҷиён гаштаанд. Муддати чанд соласт, ки мардуми кишварро тинҷу осоишта зиндагӣ кардан намемонанд обрўи нуфузи Тоҷикистонро аз хориҷа истода дар арсаи ҷаҳон паст кардан мехоҳанд. Он дасисабозиҳоихоинони миллат ки нисбати кишвари азизимомекунанд ҳеҷ гоҳба мақсаднамерасанд. Зеро гуфтаанд бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад. Аз ин рў супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кори худ намуда, баҳри пешбурди кишвари азизамон талош варзем.

Сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Абдуҷабборова Р.А.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ