​Хиёнат - амали нобахшиданист!

Дар олам ҳамаи фардҳо давоми зиндагии худ амалҳои гуногуне содир менамоянд, ки аҷру савоби онҳо аз ҷониби Офаридгор сазовори мукофоти муносиб мегардаду ҷавобгӯи меъёрҳои ҷомеаи инсонӣ будани амалҳои фардро масъулини давлатдорӣ аз ҷиҳати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ҳоказо баҳо медиҳанд. Баъзе амалҳои ноҷояро гар бо адои ҷазову ҷарима ислоҳ карда шавад ҳам, ҳастанд кирдорҳое, ки нобахшиданӣ! Дар қатори ин амалҳои мудҳиши ҷиноятӣ хиёнат ба Ватан-Модар дар мавқеи аввал меистад, зеро ба мавҷудияти давлату миллат хатару таҳдид ба вуҷуд меоварад. Бинобар ин, ин кирдори қабеҳи ноҷавонмардона ҳисобида мешаваду дар ҳеҷ давру замон шоистаи бахшидан нест ва намешавад.

Мутаассифона, то ҳанӯз дар ҷомеаи осудаву ором, ободу созанда, сарсабзу бунёдкори мо баъзе нафаронеро метавон вохӯрд, ки бо сабаби бетамизиву кӯтоҳандешӣ, маърифату фарҳанги паст ва бефаросатӣ қадри дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамонро дарк карда наметавонанд. Чун нобинои сохта ин ноҷинсон гул-гул шукуфоии диёри зебоманзарамонро нодида мегиранду ҳамчун аблаҳи нобакор дар шабакаҳои Интернети фарогири олам ба худ ҳамҷинсу ҳамфикр мекобанд.

Ин бетамизон дарк намекунанд, ки тӯъмаи торҳои кашидаи анкабути наҳзатиён гаштаанду ба ояндаи хурду пайвандон хати батлон кашидаанд. Алҳазар, аз инхиёнатпешагон ва илоҳо обу хоку нони Ватан онҳоро кӯр кунад. Аз Парвардигори мутаол таманно менамоем, ки дар хушку нобуд шудани тухми нопоки ин ҳаромзодагони нонкӯри дохилӣ кӯмакрасони мардуми кишвар бошад. Зеро, чунин бадандешу дилсиёҳони беақл дар байни мо зиндагӣ доранду аз авзою рафторашон дар ҷомеа чизе аён нест, вале, дар ботинипалидашон чун ақраб заҳру зақум ҷамъ кардаанд, бо фармони хоҷагони палиди хоини дар хориҷбуда баҳри пешзанӣ омодаанд.

Итминони комил дорам, ки чунин бадзотони бадандеш ҳеҷ вақт ба ғаразу ҳадафҳои худ нахоҳанд расид! Зеро, ҷомеаи тамаддунофару фарҳангсолори Тоҷикистони азизам бо ақлу заковати азалӣ метавонанд қили ноҷинсонро аз хамир ҷудо созанд. Тамоми мардуми оддии кишвар, аз хурдсолон то калонсолон баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ таҳти сарварии Ҳукумати кишвар омодаанд машғули заҳмати созандаву ободонӣ бошанд. Мутмаинанд, ки дар решакан кардани афродони хиёнатпеша мақомотҳои қудратӣ нерӯи тавоно доранд ва нобуд сохтани ноҷинсони ватанфурӯш дер намепояд! Танҳо, ҳар шаҳрванди солимандеши кишварро мебояд бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ, фаъолнокии иҷтимоӣ сарҷамъу якдилона сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишварро дастгирӣ намояд ва дар амалисозии ҳадафҳои некбинона кӯшиш ба харҷ диҳад.

Собиров М.С.- дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба

номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ