​Хавфи терроризм ва нишонаҳои номатлуби он

«Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асриХХI табдил ёфтааст».Эмомалӣ Раҳмон, 22.12. 2017

  • Терроризм – аз калимаи лотинӣ «terrorism»сарчашма гирифта, маънои (ужас, страх, запугивание) даҳшат, ваҳм, воҳима, хавф, офат, тарсу ҳарос, бим, хавотирӣ, ҳаяҷон, изтироб, ниҳоят баъд, хеле баъд, аз ҳад зиёд бад, аблаҳона, тарсонидан, таҳдид кардан, дуғу пуписа карданро дорад.
  • Террорист – шахсе, ки дар анҷом додани фаъолияти террористӣ дар ҳама гуна шакл иштирок менамояд;

Амалиётҳои террористӣ мувофиқи индекси глобалии терроризм

  • 72 135 амалиятҳои террористӣ аз соли 2001 то 2017 дар 92 давлатҳо
  • 169572 қурбониёни амалҳои террористӣ
  • 4 минтақаи асосии амалиётҳои террористӣ:
  • Ироқ 15864
  • Покистон 9708
  • Афғонистон 7641
  • Ҳиндустон6023

Ташкилоти террористӣ – ташкилоте, ки бо мақсади содир намудани фаъолияти террористӣ таъсис дода шудааст ё дар фаъолияти худ имконияти истифодаитерроризмро эътироф менамояд. Ташкилот – террористӣ ба ҳисоб меравад, агар аққалан яке аз ҷузъу томҳои дохилии ташкилот ё бо огоҳииаққалан яке аз мақомоти роҳбарикунандаион фаъолиятитеррористиро анҷом медиҳад;

Экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ.

Ташкилоти экстремистӣ – иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоти ғайритиҷоратие мебошад, ки нисбати он тибқи асосҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур оид ба барҳам додан ё манъ намудани фаъолият вобаста ба машғул шудан ба фаъолияти экстремистӣ қарори суд ба қувваи қонун даромадааст;

Тањдидњо:

  • Бо ҳам бархурдани манфиатҳои давлатҳои абарқудрат дар осиёи миёна
  • Дар Афғонистон инкишоф ёфтани фаъолияти террористии«давлати исломӣ», «толибон», «њиў»
  • Якчанд маротиба зиёд гардидани шумораи ҷиноятҳои характери террористи дошта
  • Дар задухурдҳои мусаллаҳона дар Сурия ва Ироқ иштирок кардани шумораи зиёди ҷавонон
  • Бекори ва камсаводии ҷавонони имрӯза,аз фарҳанги миллӣ ва мазмуну муҳтавои мазҳаби Ҳанафи бехабар мондани онҳо
  • Аъмолҳои коррупсионии ашхосии алоҳидаи мансабдори давлатӣ, тарҳрези шудани муноқишаҳои мазҳаби дар Осиёи марказӣ аз тарафи давлатҳои аҷнабӣ
  • 24 августи соли 2004 террористондар вилоятхои Тула ва Ростови Россиясамолётњои Ту-154 ва Ту-134дар осмон кафонданд.90инсон ба ҳалокат расид.
  • 11сентября2001 солдар ИМА террористон чаҳор самолётро ғасб карда ба ду биноҳои клонтарини шаҳри Ню – Йоркҳамчун ракета равона сохтанд дар натича 6000 ҳазор одам ба ҳалокат расид.

Ақидаҳои экстремистии чараёни салафї – вањоби инҳоянд:

  • Яњудињо, насронињо ва касоне, ки ба демократия, сотсиализм ва капитализм бовар мекунанд «кофир» мебошанд;
  • Мусалмонњое, ки дар роњи «љињод» монеа эљод мекунанд ва дар маќомоти давлатї кор мекунанд, «кофир» њастанд;
  • Падар ва модаре, ки дар давлати демократї зиндаги мекунанд ва ба «љињод» монеа мешаванд «кофир» њастанд;
  • Мусалмонони «шиамазњаб» - роба ќатл расонидан«вољиб» аст;
  • Мусулмонњо бояд њадафњои «давлати исломї» - ро тарафдори карда барои ташкил кардани «хилофат» муќобилияти мусаллањона нишон диханд.

Усулњои љалб кардани љавонон ба ташкилотњои террористї

Усули аввал – ин ваъдањои пулї, њаёти хуб, таъминоти моддии оила

Усули дуюм – ин моилсозии мафкуравї, асосан бо воситаи интернет

Айни замон ба фаъолияти экстремистї дар Точикистон «салафињо-вањобињо љавононро даъват менамоянд.

Усули сеюм - ин худнамоишии љавонон, гуё онњо нотарс њастанд ва бо њамин роњ «мардонагии» худро нишон медињанд. То як андозае дар байни чавонони бесавод ва бе таљриба «модда» шудааст.

Оятњои Ќуръон аќидањои салафиро инкор мекунанд:

  • "Бо аҳли китоб ба некӯтарин тарзе баҳс кунед. Ба љуз бо онҳо, ки ситам пеша карданд. Ва бигӯед: «Ба он чӣ бар мо нозил шуда ва он чӣ бар шумо нозил шудааст, имон овардем. Ва Худои мову Худои шумо яктост ва мо дар баробари Ӯ гардан ниҳодаем" (Ќуръон, 29:46).
  • «Худо шуморо аз некӣ кардан ва адолат намудан бо онон, ки бо шумо дар дин наҷангидаанд ва аз сарзаминатон берун нарондаанд, боз намедорад. Худо касонеро, ки ба адолат рафтор мекунанд, дӯст дорад. (Куръон, сураи Мумтахана 60:8)
  • «Мусалмонњо бо њам бародаранд. Ошти андозед бародарони худро ва битарсед аз Худо, шояд шумо бахшида мешавед (Ќуръон, сураи “Њуљурот”49:10).

Оятњои Куръон, ки муќобили афкори экстремистї мебошанд:

  • Ва ҳар кас мӯъминеро барқасд бикушад, ҷазои у ҷаҳаннам аст, ки дар он абадӣ хоҳад буд ва Худо бар ӯ хашм гирад ва лаънаташ кунад ва барояш азобе бузург омода созад!». (Куръон, 4:93);
  • «Ва агар ду гурӯҳ аз мӯъминон бо якдигар ба љанг бархостанд, миёнашон оштӣ андозед. Ва агар як гурӯҳ бар дигаре даст дарозӣ кард, бо он ки даст дарозӣ кардааст, биҷангед, то ба фармони Худо бозгардад. Пас агар бозгашт, миёнашон сулҳе одилона барқарор кунед ва адолат кунед, ки Худо одилонро дӯст дорад». (Ќуръон «Њуљурот»-49:9).

ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ БОЯД ТАМОМИ МАМЛАКАТХО МУТТАХИД ШАВАНД

Терроризм – ин љинояти аз њама хатарноктарин дар кураи замин мебошад

  • Тарљумаи калимаи«террор» ин«тарс», «њарос» мебошад.
  • Њаракатњои љинояткорон барои содир кардани таркиш, сухтор, тирпарони, куштор, гаравгонгирї бо маќсади тарсонидани ахолї, вайрон кардани амнияти чамъиятї ва маљбур сохтани маќомоти њокимияти давлатї барои иљро кардани талаботњои онњо њамчун љинояти «терроризм»дониста мешаванд.

Террористон хангоми содир кардани таркишхо чойхои серодамро ба мисли беморхонахо, мактабхо, театрхо, бозорхо, вокзалхо, автобусхо интихоб мекунанд.

Терроризм – бо хавфи умумиљамъиятїсодир карда мешавад, яъне њар як шахс ва оила метавонад аз он љабр бинад.

Терроризм дорои аломатхои зерин аст:

  • содир кардани зуроварї ва ё тањдиди истифодаи он (одамкушї, гаравгонгирї, таркондани объектњои гуногун ва м.и.);
  • бо маќсади дар љомеа ба вуљуд овардани тарсу њаррос ва нобоварї ба амнияти чамъиятї;
  • ин њаракатњо барои маљбур сохтани маќомоти њокимияти давлатї љињати ќабул кардани ќарорњо ба фоидаи террористонравонаанд.

Амалиётњои террористї бо шаклњои зерин ба вуќуъ мепайванданд:

  • содир кардани таркишњо ва тирпаронињо дар биноњои маъмурї, мактабњо, вокзалњо, масљидњо, бозорњо, автобусњо, самолётњо, поездњо ва ѓ. ва ё тањдиди содир кардани онњо бо маќсадњои террористї (м.179 КЉ ЉТ);
  • Ѓасби гаравгон (дармактабњо, беморхонањо, театрњо, масљидњо ваѓ) (м.181 КЉ ЉТ); ;
  • таљовуз ба њаёти арбоби давлатї, ходимони сиёсї, љамъиятї ва ё динї (м. 310 КЉ ЉТ);
  • Њамла ба ашхос ва муассисаи тањти њимояи байналмилалї ќарордошта (м.402 КЉ ЉТ)
  • Ѓасби киштии њавои, оби ё ќатораи роњи оњан (м.184 КЉ ЉТ);
  • Ѓасби бино, ишоот, воситањои иттилоот ва алоќа(м.182 КЉ ЉТ);

Рохбарони террористон шахсоне мебошанд, ки мехоњанд сари ќудрат биоянд. Аммо барои содир кардани амалњои террористї дар асосиаќидањоибардуруѓи динї ва сиёсї шахсони нодон ва бесаводро љалб менамоянд.

  • Шахсоне, ки мехоњанд машњур шаванд, боигари ва мансаб ба даст оранд, аммо бо роњњои конунї лаёќати ин корњоро ба љо овардан надоранд;
  • Шахсоне, ки аз мазмуни аслии Ќуръон ва суннат огоњ нестанд ва аз фарњанг, адабиёт, таърихи миллати тољик ва мазњаби Њанафия бехабар мебошанд;
  • Шахсоне, ки наздикони худро аз даст додаанд ва мехоњанд барои онхо ќасос гиранд;
  • Шахсоне, ки касалии руњи доранд;

ДАР ХОТИР ГИРЕД:

  • ба бегонагон бовар накунед;
  • бо шахсони ношинос оид ба аќидањои динї бо воситаи интернет гуфтугу накунед, зеро шумо метавонед аз тарафи экстремистон љалб карда шавед;
  • бе иљозати падару модар, хешу табор ба хориљи кишвар сафар накунед ва дар давлатњои хориљї аз мулоњои салафї ва љавонони кафкозї эњтиёт намоед, зеро саломи «дустон» бе миннат нест;
  • дар хориљи кишвар бо хешу табор ва њамдењагонатон якљоя кор карда, фирефтаи маблаѓи калони ашхоси бегона нашавед;
  • аз ашхоси бегона пул ќарз накунед, ройгон чиз нагиред ва аз њисоби онњо проблемањои худро њал накунед, зеро бо «њалимї, хубї» онњо шуморо ба доми марг мекашанд.

Оё Куръон ба куштани мардуми бегуноњ даъват намудааст? Њаргиз не! Ин кори душманони Ислом ва љавонони ноогоњ аст!!!

Сабабњои рушди терроризм

  • Бекорӣ, бемаърифатӣ, паст будани донишхоидинӣ, бисёрфарзандӣ
  • Муҳоҷират, коррупсия,пуштибони ёфтани ташкилотҳои террористӣ аз тарафи давлатҳои алоҳида
  • Фаъол будани ташвиқоти экстрмистӣ бо воситаи шабакаи интернет, телевизион ва адабиёту варақаҳо
  • Заиф будани ташвиқоти зиддиэкстремистӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, нарасидани мутахассисони касбии рухонӣ
  • Нарасидани мутахассисони касбӣ дар соҳаи мубориза бокибертерроризм, мушкил будани назорати толибилмони руҳонӣ дар хориҷи кишвар
  • Набудани системаи мутамарказ ва доимӣ дар самти муқовимат бо идеологияиэкстремистӣ

Чорањои пешгирї аз гаравидан ба ташкилотњои террористиву экстремистї

  • Ба танзим даровардани проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва муҳофизат намудани ҳуқуқҳои онҳо
  • Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динии ҷавовнону наврасон.
  • Ташкил кардани ҷойҳои корӣ дар дохилӣ кишвар ва баланд бардоштани тахассусияти мардуми миёнаҳол ва камбизоат
  • Паст кардани сатҳи коррупсия дар сохторҳои мақомоти давлатӣ, инкишоф додани ҷомеаи шаҳрвандӣ
  • Дар Федератсияи Россия ташкил кардани сохтори ҳамоҳангсози назораткунандаи муҳочирати меҳнатӣ
  • Дар миқёси ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва ноҳияхо таъсис додани комиссияҳои доимоамалкунандаи зиддиэкстремистӣ-террористӣ.

ДАР ХОТИР ГИРЕД!

Агар шумо мехоњед дар мубориза бо терроризмњаёти худро бахшед,бояд бисёр зањмат кашед, донишманд, љасур ва нотарс бошед!

Асосњои њуќуќии мубориза бо экстремизм

  • Конститутсияи Љумњурии Тољикистон аз 06 ноябри 1994;
  • Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм» аз 15 июни соли 2001;
  • Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999, №845;
  • Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгарої)» аз 08 декабри соли 2003, №69;
  • Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мубориза бар зидди љинояткории муташаккилона» аз 28 декабри соли 2013, №1038;
  • Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон аз 21 майи соли 1998, №574.

Миршоев Абдушањид Абдулмуминович

сармутахассиси шуъбаи идоракунии сифати тањсилот дар МДТ “Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ