​Фазои иттилоотиро холӣ набояд гузошт!

Ҳар куҷое халои иттилоотӣ пайдо шуд, ҳатман амалҳое низ пиёда мешаванд, то ин холигӣ пурра карда шавад. Аммо агар пурра кардани ин холигӣ ба дасти бегонагон гузарад, ҳатман таҳдидҳои ҷиддиро ба дунбол хоҳад дошт.

Коршиносони масоили амнияти иттилоотӣ мегўянд, ки дар шароити кунунӣ фазои иттилоотии кишвар осебпазир аст. Гуфта мешавад, ки ҷиҳати таъмини нўҳ миллион аҳолӣ бо фазои иттилоотӣ теъдоди кунунии воситаҳои ахбори кишвар басанда нест. Ин ки дар баъзе аз манотиқи наздисарҳадӣ дастрасӣ ба васоити ахбори оммаи дохилӣ то кунун монеаҳо дорад, хатар ба амнияти миллӣ унвон мешавад. Агар кам будани теъдоди воситаҳои хабарӣ як паҳлўи мушкилоти таъмини фазои иттилоотӣ гуфта мешавад, “пур” шудани холигиҳои ин фазо аз ҳисоби воситаҳои ахбори кишварҳои ҳамсояро коршиносон тарафи дигари ин мушкилот унвон мекунанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар минтақаҳои наздисарҳадӣ сокинон дар қиёс ба расонаҳои хабарии дохилӣ ба васоити ахбори кишварҳои ҳамсоя дастрасии бештар доранд.

Азбаски раванди ҷаҳонишавии муосир аҳамияти воситаҳои ахбори оммаро дучанд намуда, иттилоот аслиҳаи муқтадир унвон мешавад. Ҳамакнун, таъмин будани фазои иттилоотии кишвар, ки омили муҳими таъмини амнияти миллӣ мебошад, масъалаи таъмини фазои иттилоотиро муҳимтар месозад.

Васоити ахбори омма, агар аз як тараф, рисолати иттилоърасонӣ дошта бошад, аз ҷониби дигар ҷиҳати ташаккули афкори иҷтимоии миллӣ таъсири бузург дорад. Муҳимияти ин масъаларо низ таҳлилгарон дар он медонанд, ки расонаҳои хабарӣ ҷиҳати шаклгириии тафаккури миллӣ нақши бузург доранд.

Тафаккури миллӣ омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу субот маҳсуб меёбад. Раванди тезутунди ҷаҳони муосир рисолати воситаҳои ахбори оммаро ҷиҳати тарғиби ин ғояи олии миллӣ бамаротиб афзудааст. Лиҳозо, ташаккули тафаккури миллӣ аз таъмини фазои иттилоотӣ ва дастрасии сокинон ба иттилооти дохила вобаста мебошад.

Дар шароити кунунӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ ҳифз шудани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро коршиносон рисолати асосии воситаҳои ахбори омма медонанд. Ба иддаои коршиносон, холигии фазои иттилоотӣ ва таҳмили идеологӣ аз ҷониби расонаҳои хабарии давлатҳои ғайр метавонад ба тафаккури миллӣ таъсири манфӣ расонад.

Хулоса, дар шароити кунунӣ, ки иттилоот ба силоҳи мубориза табдил ёфтааст, коршиносон таъмин намудани фазои иттилоотиро, новобаста аз монеаҳои мавҷуда ҷиҳати таъмини амнияти миллӣ зарур медонанд.Бо ибораи дигар, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини оромиву суботи ҷомеа бартараф намудани халои иттилоотӣ ва таъмини дастрасии сокинон ба воситаҳои хабарии дохила шарти зарурӣ унвон мешавад.

Томирис Нурматова – устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ