​Эҳтиёт аз хатар !...

Ба қавли Сарвари давлат “аксаран ҳаракатҳои ноодилона, рафтору муносибати бераҳмона ва дастгирӣ аз ҷониби абарқудратҳо бар он меоваранд, ки баъзе ҷавонон ба эҳсос дода шуда, ба корҳои ношоистаи гуногун даст зада, ҳатто худкушӣ мекунанд, худро метарконанд, гумон мекунанд, ки бо ин роҳ қасос мегиранд. Қисми зиёди чунин рафторҳои ифротгаронаро чун таассуб дониста, маҳкум карда бояд шавад”.

Ҳоло дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти якчанд ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ: “Ал-қоида”, “Ҳизб-ул-таҳрир”, “Салафия”, “Ҳизби наҳзати исломӣ”, “Бародарони мусулмон”, “Ҳизби исломии Ўзбекистон” (собиқ ҳаракати исломии Ўзбекистон), “Лашкари тайба”, “Гурўҳи 24”, “Ансороллоҳ” ва амсоли инҳо манъ карда шудааст.

Вале мутаассифона баъзе аз тоифаҳои ҷавонони мо дидаю дониста ё бо роҳи фиребу гумроҳӣ, ки бештари онҳо фарогири гурўҳҳои ҷавонони бекор, дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, камсаводон, гумроҳшудагон ва аз таълиму тарбия коста мебошанд ташкил медиҳанд. Онҳо бо рафтору муносибати нописанди худ ба номи “ҷавонӣ” ғараз оварда, ба ҳар гуна зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ даст мезананд ва ё ба гурўҳҳои тундрави ба ном “исломӣ” шомил мешаванду ҳаёти худро доғдор ё ҷони худро зери хатар мегузоранд. Онҳо ақидаҳои бегонапарастӣ дошта, ҳадафи вайрон намудани сохти конститутсионӣ ва ба ном пойдор намудани “давлати исломӣ”-ро доранд.

Аз ин лиҳоз, ҳушёрӣ, зиракӣ ва муқовимати мо бо ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва ғайриқонунӣ ба манфиати худ, оила, ҷомеа ва ниҳоят ба давлату миллат хоҳад буд.

Бобоҷони Хайриддин – устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ