Эмомалӣ Раҳмон – ҳомии сулҳи ҷаҳон
Асри бистум мисли дигар давраи таърихи ҷаҳонӣпур аз низоъхои байналхалқӣ буд. Калонтарини онҳо, ки дар тақдири инсоният нақши бузург бозиданд, ду ҷанги ҷаҳонӣ- ҷанги якум ва ҷанги дуюми ҷаҳонӣ буд. Баробарипошхурии давлати бузурги шўравӣдар байни давлатхои нави сохибихтиёр дар заминаи этникӣ - конфессионалӣ ва иҷтимоию иктисодӣ, аз ҷихати ҷуғрофӣҷудо шуданигуруххои этникӣ, мансубият ба табақаиэлита ва ба гуруххои этникии гуногунҷудо шудан зиддиятхои харбии зиёдеба вуҷуд омаданд.Баъди ба охир расидани таҳдиди «ҷанги сард» ба назар ҷунин менамуд, ки ҷахон ба мархалаи мавҷудияти дуру дарози бидуни низоъ ворид шудааст. Дар доираҳои академӣ ин мавқеъ дар нашрияҳои олими амрикоӣ Фукуяма дар бораи анҷоми таърих ҳамҷун давраи рақобати ақидаҳо ва истиқрори принсипҳои либералии ташкили ҷомеаи башарӣ баён шудааст. Аммо воқеаҳо дар самти дигар инкишоф ёфтанд. Шумораи муноқишаҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ хеле зиёд шуда, онҳо шадидтар ва мураккабтар гардида истодаанд. Аксарияти ихтилофхо дар территорияи мамлакатхои тараккиёбанда ва собик иттиходи шўравӣ ба амал омаданд. Тамоюли норавшан кардани сарҳади байни низоъҳои дохилӣ ва байналмилалӣ афзоиш ёфта истодааст.
Имрўзҳо, яъне соли2024 дар ҷаҳон 57 даргириҳои мусаллаҳонаи байнидавлатӣ ва дохилӣ ба қайд гирифта шудааст, ки баъзеи онҳо дар марҳилаи фаъол қарор дошта, баъзе суст ва тӯлонӣҷараён дорад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ низоъҳо бинобар эҳтимолияти густариши онҳо, хатари офатҳои экологӣ ва ҳарбӣ, эҳтимоли баланди муҳоҷирати оммавии одамон, ки метавонанд вазъро дар кишварҳо ноором созанд, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Аз ин ру, масъалаи омухтани характери муносибатхои хозиразамон ва хусусиятхои рафти онхо, усулхои пешгирӣ ва рафъи онхо бо тамоми ҷиддият ба миён меояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз оғози солҳои истиқлолият«шаҳд» -и ин фоҷеаинангинро дида буд, ҳамарўзаталош меварзад, ки дар ҳалли ҳамагуна муноқишаҳо саҳмгузор бошад. Санаи 24.09.2024Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣРаҳмондар Мубоҳисаҳои 79 – уми МаҷмааиумуммииСММсуханрони намуда,бо пешниҳоди эълон намудани «10- солаитаҳкимисулҳ ба хотиринаслҳои оянда»бори дигар собит сохтанд, кимиллати тоҷиктарафдори сулҳу осоиш дар тамоми ҷаҳон мебошад. Дар баробари ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоботи Дабири кулли Созмони Милал, ки тибқи он ҷомеаи ҷаҳонӣ то соли 2030 фақат ба 17 фоизи Ҳадафҳои рушди устувор ноил шуда метавонад, изҳори нигаронӣ карда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки “нооромиҳои сиёсӣ, буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, гармшавии бесобиқа бар асари тағйирёбии иқлим ва талафоти гуногунии биологӣ, инҷунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумлаи мушкилоту монеъа барои расидан ба рушди устувор мебошанд”. Аснои суханронӣ Президенти кишвар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамҷунин даъват намуданд, ки дар рӯ ба рӯи таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, киберҷиноятҳо, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир, инҷунин, дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромарзӣ амалҳои муштарак ва муассирро анҷом додан лозим аст. Дар анҷомисуханронӣПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминони комилизҳор намуданд, ки давлатҳои пешрафта, Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои тахассусии он, ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷонибаи байналмилаливуминтақавӣ ба ҳалли масъалаҳои мубрам ванафъи аҳли башар минбаъд низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир хоҳанд кард. Баъди шунидани суханронии Пешвои миллат одамро як ҳиссиёти гувороефаро мегираду ба ақлу заковатуматонату шуҷоатиинмарди шариф ангушти ҳайрат мегазад. Бароииброзификру андеша ва қабулимардуми сайёрагардонидани он ҷи қадардонишухирад, азхудгузариҳовуҷонбозиҳо, ҷуръатуҷасорат лозим буданашро инсонҳое дарк мекунанд, ки қадриВатану миллат, сулҳу ваҳдат, одамгариву одамиятро хеле ба дараҷаи аъло медонанд. Шояд, барои ҷавонони мо ин иқдоми шоистаи Пешвои миллаттаконе мешавадуонҳо рў ба таъриху фарҳангу адабиёти бою ғании хеш меорандуба қадру обухоку ҳавоиВатани биҳиштососи хеш мерасанд.
Замира Сатторова- дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума