Экстремизм ва терроризм хатар ба инсоният

Дар ҷаҳони имруза яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷумла, кишвари моро ба ташвиш овардааст, экстремизм ва терроризм мебошанд. Онҳо як зуҳуроти номатлуб дар замони имруза ба ҳисоб мераванд, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, бетартибиҳои ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар кишвар, ғасбти ҳокимияти давлатӣ ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани кинаву адовати миллӣ, динӣ, мазҳабӣ, бедор намудани муносибати душманона ва бадбинӣ нисбати сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар ва ғайра мебошад.

Терроризм худ ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари маргро ба миён меоварад. Мақсади асосии чунин ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ба монанди ТЭТ “Паймони миллии Тоҷикистон” (ҲНИ), ТЭ “Гуруҳи 24”, ҷараёни ифротии “Салафия”, ТБТ “ДИИШ” ва ғайра пеш аз ҳама бартараф кардани рақибони сиёсӣ бо аз байн бурдани ҳокимияти мавҷуда, ноором кардани вазъ дар кишвар, таъсир расонидан ба қарорҳои қабулнамудаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Бинобар он барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ин ташкилотҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба маънавиёти хонанда ва бинанда таъсири манфӣ расонида, онҳоро зидди сиёсати имрузаи ҳокимияти давлатӣ бедор намоянд.

Имрузҳо пай бурдан мумкин аст, ки душманон-хоинони миллат бо паҳн намудани маводҳои зиддидавлатӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ бо омода ва пахш кардани барномаҳои худ кушиш менамоянд, ки фаъолияти сарвари кишвар ва ҳокимияти мавҷударо бидуни факту далел ва беасос бадном намуда, дар ҷомеа ҳисси бадбинӣ ва нобовариро нисбати давлату ҳукумат ба вуҷуд оранд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки онҳо танҳо бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳои иғвогароёна намуда, барои пешравии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар ягон тадбирҳои судманд намеандешанд. Дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷуиву харобакориро пеша кардаанд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёлӣ фирефтаи маблағгузорони хориҷии худ гардида, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои иғвогароёнаи худро бо ном “қаҳрамонӣ”, “фидокорӣ” шабоҳат медиҳанд ва мехоҳанд бо ин васила ба мақсадҳои нопоки худ расанд.

Сабаби пайдоиши чунин падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳанд, ки сатҳи пасти зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси гаравидани онҳо ба гуруҳҳои ифротгаро мегардад.

Бинобар он моро зарур аст, ки ҳамчун шаҳрвандони кишвар дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва бемасъулият набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон дар руҳияи ватандусти, худогоҳиву худшиносӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Нӯмонов М.У. -муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ