​Дурандешӣ аз бузургии зеҳн!

Дар қиёси пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҷомеаи аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихор ва фараҳмандии фарди меҳанпарасти Ватан мебошад. Зеро, сиёсати босуботи роҳбарияти олии кишвар дар ин давра ба ташаккули фазои орому осуда мусоидат намуд, ки заминаи боэътимоди раванди созандаю бунёдкорӣ гардидааст. Алалхусус, дар раванди расидан ба ҳадафи стратегӣ – таъмину ҳифзи амнияти озуқавории аҳолӣ қадамҳои устуворонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало ба мушоҳида мерасад. Таҷдиду азнавсозии сохтори кишоварзии мамлакат тавассути ба соҳибони аслӣ – деҳқонон баргардонидани заминҳои корамбоб, бунёди шабакаҳои обёрию беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳои корам, рушди тухмипарварии зироатҳои асосии кишоварзӣ ва ҳоказо имкон додаанд, ки маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ торафт бештар гардаду дастурхони мардум пурфайзу пурбаракот шавад. Зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоти серниёзи кишоварзӣ – картошка аз 190-240 ҳазор тоннаи солҳои 90-уми асри гузашта то беш аз 1 миллион тоннаи соли равон шаҳодати воқеии дастовардҳои муваффақи сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар мебошад. Таъмини пурраи талаботи бозори дохилӣ бо гӯшти парҳезии паранда ва тухми он низ инъикоси ғамхории доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум маҳсуб меёбад. Новобаста аз шароити душвори иқтисодии кишвар бо матонату устуворӣ аз андозҳои давлатӣ озод кардану пешниҳод намудани имтиёзҳои сершумор барои рушди соҳаи моҳипарварӣ, парандапарварӣ, тухмипарварӣ ва ғайра боиси фароҳамоварии шароити мусоид ба рушди онҳо гаштааст, ки барои таъмини дастархони бонишот ва ҳифзи саломатии аҳолӣ заминаи боэътимод гузоштааст. Таҳлили амиқу ҳамаҷонибаи раванди истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли равон хеле чуқуру возеҳ баён ёфтааст, ки гувоҳии ояндаи дурахшони давлати ҷавони Тоҷикистон мебошад.

Мушоҳидаи фаровонии меваҳою сабзавот ва номгӯи сершумори онҳо дар бозорҳои дохилии кишвар собит месозанд, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар мамлакат масоҳати гармхонаҳо барои парвариши сабзавоти барвақтӣ торафт бештар шуда истодааст ва аллакай раванди бебозгаштро ифода менамояд. Чунин тамоюлҳои мусбат дар ҳамаи соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ ва ҳам коркарди маҳсулот ба мушоҳида мерасанд. Зиёдшавии шумораю ҳаҷми сардхонаҳои нигоҳдории маҳсулот бо мақсади танзими нархи бозори дохилӣ ва таъминоти доимӣ, бунёди боғу токзорҳои нави таъиноти содиротидошта, болоравии ҳосилнокии зироатҳо ва омилҳои дигари истеҳсолию иқтисодӣ шаҳодат медиҳанд, ки ҳифзи амнияти озуқавории аҳолии мамлакат ҳадафи амалишуда мебошаду суботи он низ кафолати сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар Паёми имсолаи худ Пешвои муаззами миллат бо қаноатмандӣ изҳор карданд.

Мо, зиёиёни кишвар аз зеҳни тавоно, дурбиниву дурандешии абармарди замон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор менамоему баҳри таъмини иҷрои нуқтаҳои зикргардидаи Паёми сарвари давлатамон нерӯи худро равона менамоем.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ