Дини Ислом ба зоти худ надорад айбе

Дини мубини ислом мардумро танҳо ба сўи ахлоқи некў ва ҳамида роҳнамоӣ мекунад ва ҳамеша мусалмононро ташвиқ месозад, ки дар фикри некўкорӣ бошанд ва то имкон доранд ба якдигар некӣ кунанд. Тибқи нишондоди ислом дили касеро хушнуд сохтан аз амалҳои волотарин дониста шудааст. Вале дар љамъияти имрўза гоҳо аз тарафи баъзе нокасон амалҳои ношоиста ва берун аз ахлоқи ҳамида рух медиҳанд ва он бадкорагон исломро ба ҳайси ниқоб истифода карда, чунин амалҳои хешро содир месозанд. Дини ислом, дарвоқеъ, ба ягон ҳизбу ҳаракате эҳтиёљ надорад. Аммо дар солҳои аввали истиқлолияти Тољикистон як зумра мардуми ношукр ва аз инсоф дур бо номи “Назҳати ислом” ҳизбе таъсис дода, шўру валвалаи зиёде ба по хезониданд ва хостанд, ки бо чунин ҳангома ба сари қудрат биёянд ва сипас мақсадҳои нопоки хешро ба сари мардуми озоди тоҷик ва тамоми тољикистониён бор кунанд. Бо ин ният ҳарчанд кирдорҳои гўшношунидеро роҳандозӣ карда буданд, вале ба мақсад расида натавонистанд. Хусусан, воқеаҳои солҳои охир ниқоб аз рўи онҳо комилан бардошт ва ниятҳои нопокашонро ошкор сохт.

Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон гурўҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко-Ҳарам», «Толибон» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурўҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки паси он миллиардҳо меистанд. Чунон, ки дар боло қайд шудааст, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мазкур ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъитияро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта муаззаф гардонидааст. Дар ин раванд, бояд моддаҳои 6 – 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд намудан бамаврид аст, ки дар онҳо бевосита оид ба ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолиятӣ онҳо ва манъ будани ғасбӣ сохтори давлатӣ қайд гардидаанд ва ин арзишҳо арзишҳои олӣ буда, ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунанд ва манъ будани ғасби мусаллаҳонаи давлатӣ ин маънои маҳкум кардани кирдорҳои ҷиноятиро дорад, ки ин маҳфум ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстримистидоштаро дар бар мегиранд. Дар баробари ин соли 2007 “Қонун дар бораи мубориза бар зидди экстремизм” қабул шудааст, ки дар он низ мақсади қабули қонун мафҳуми экстремизм, кирдорҳои экстремистӣ, субъектҳои муборизабаранда, масъулияти дигар сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм дарҷ гардидааст.

Зикр намудан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби набудани ҷойи корӣ аксарият дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ мебошад. Мусаллам аст, ки бо вуҷуди ин ҳама ғамхориҳои давлату ҳукумат баъзе аз ҷавонони сустирода ва бетавфиқ ба доми фиребу найрангҳои ифротгароён фаромада, ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. Аз ин рӯ сохтору мақомоти давлатӣ бояд барои пешгирии чунин ҳодисаҳои номатлуб кӯшиш намуда, ҷавононро аз роҳи бад ва фалокатбори гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нигоҳ доранд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ таҳти таъсири интернет ва шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ, бархе аз ҷавонони содаю гумроҳ ба доми тазвири гурӯҳҳои ифротгаро фаромада ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.

Вобаста ба гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст. Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Мо, ҳамеша бо суханони Сарвари давлатро пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро љиддан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани азиз ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем. Маҳз, сиёсати хирадмандонаи Љаноби Олӣ тавонист, ки давлатро поянда гардонида, осоиштагии миллии онро таъмин намояд ва омили муҳими такмилбахши сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гардад. Он тавонист ба ҷаҳониён хиради азалии миллати тоҷик, таҳаммулназирию башардӯстӣ ва соҳиби қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсоз будани онро собит созад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ