Дарси сулҳ –роҳнамои аҳли маориф ва илм
Дарси сулҳ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш доир гардид, рӯйдоди муҳим ва рамзӣ мебошад, ки ҳар сол ба истиқболи соли таҳсил баргузор мешавад.
Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи кишвар ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш на танҳо муҳимтарин масъалаҳои соҳаи маорифро мавриди баррасӣ қарор доданд, балки ба ҷавонон ҳамчун қувваи бузурги пешбарандаи кишвар ва умеди ояндаи миллат муроҷиат намуданд, ки танҳо илму дониш ва сатҳи баланди маърифат қобилияти расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, давлату давлатдорӣ, падару модар, забон, таърих, фарҳанг, расму ойинҳо ва дигар арзишҳои бебаҳои миллиро фароҳам месозад.
Дарси сулҳ ҳамчун падидаи хос дар ҳаёти таълимӣ ва тарбиявии ҷомеаи Тоҷикистон дорои аҳамияти хос ва васеъ дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон ва таҳкими арзишҳои миллӣ мебошад.
Яке аз муҳимтарин аҳдофи дарси сулҳ — тарғиби арзишҳои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад. Пас аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, ки Тоҷикистонро такон дод, Пешвои муаззами миллат тавонистанд, ки бо ташаббусҳои худ сулҳ ва ваҳдатро барқарор намоянд. Роҳбари олии давлат зимни суханронӣ зикр намуданд, ки танҳо дар сурати барқарор будани сулҳу суботи комил ва оромиву амният ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла раванди таълиму тарбия ба таври муътадил идома пайдо мекунад. Яъне амалӣ гардидани ниятҳои неки ҳар як инсон ва нақшаву барномаҳои созандаи давлату ҷомеа фақат дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад.
Дарси сулҳ василаест, ки дар он муҳаббати ҷавонон ба Ватан ва ҳисси масъулиятшиносӣ ба ояндаи кишвар бедор мешавад. Пешвои миллат дар ҳар дарс ба ҷавонон таъкид мекунад, ки Тоҷикистонро дӯст доранд, онро ҳифз намоянд ва барои рушди минбаъдаи он бо донишу малакаи худ саҳмгузор бошанд. Ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар замони муосир, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои нав рӯ ба рӯ аст, на танҳо як фазилат, балки вазифаи шаҳрвандӣ маҳсуб мешавад.
Танҳо бо донишу маърифат метавон кишварро ба сатҳи нави тараққиёт расонд. Дар ин замина, аҳамияти тарбияи ҷавонон бо сифати баланди таълим ва маърифатнокии онҳо махсусан таъкид мегардад.
Садри муаззами миллат дар фарҷоми суханронии худ ба ҷавонон муроҷиат намуда, даъват намуданд, ки ба қадри вақт ва давраи зудгузари наврасию ҷавонӣ расанд, доим дар талоши илму донишомӯзӣ ва аз худ кардани касбу ҳунар шуда, бештар китоб хонанд, истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистонро ҳифз ва обрӯю манзалати давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоранд.
Бо итминон метавон таъкид дошт, ки Дарси сулҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун дастури роҳнамо аҳли маориф ва илми кишварро сӯйи дастовардҳо ҳидоят мебахшад.
Исмоилова Мафтуна,
омӯзгори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мавриди мушкилоти ҷаҳони муосир, аз ҷумла афзоиши таҳдидҳои ҷаҳонӣ, ба мисли терроризм, ифротгароӣ ва дигар хатарҳои глобалӣ сухан ронд ва зикр кард, ки чунин мушкилот бевосита ба таълиму тарбия ва равандҳои маориф таъсир мерасонанд. Ба қавли ӯ, Тоҷикистон ҳамчун як кишвари ором ва пешрафта бояд дар ин шароит ҷавобҳои муносиб ба чунин таҳдидҳоро пешниҳод намояд, ки яке аз чунин ҷавобҳо таълиму тарбияи дуруст ва маърифатнокии ҷомеа мебошад.
Президент инчунин таваҷҷуҳи махсусро ба нақши омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф дод, ки онҳо ҳамчун тарбиятгарони насли наврас бояд бо масъулияти бештар ба тарбияи ҷавонон машғул шаванд. Ӯ таъкид намуд, ки омӯзгорон бояд на танҳо ба донишомӯзии касбӣ, балки ба ташаккули шахсияти комил ва ватандӯстии ҷавонон низ саҳм гузоранд.
Дар баробари ин, Пешвои миллат дар бораи зарурати баланд бардоштани сатҳи таълим, ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ ба равандҳои таълим ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои донишомӯзон изҳори андеша кард. Ӯ зикр намуд, ки барои ин ҳукумати Тоҷикистон корҳои зиёдеро амалӣ намуда истодааст, ки яке аз онҳо бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои омӯзиш мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири суханронии худ ҷавононро ба таҳсил, маърифат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ даъват намуд ва таъкид кард, ки танҳо бо донишу маърифат метавонем кишварро ба сатҳи нав ва боз ҳам пешрафтатар бардорем.