​Дарди ҷомеаи муосир ва роҳҳои пешгирии он


Дар ҷомеаи муосир баъзан муаммоҳои мавҷудаи шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои экстремистиву террористӣ, ки пешорў ё дар баъзан ҳолат садди роҳи ҷавонон гардида истодааст чанде аз масоили роҳҳои пешгирии онро аз ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа мувофиқи мақсад шуморид.

Дар ин замина, метавон омўзиши асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих”, силсилаи китобҳои “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат”, “Чеҳраҳои мондагор” ва истифодаи матни суханрониҳояшон аз ибтидои солҳои истиқлолият то ба имрўз, ки пур аз таърихи воқеияти ҳаёти инсонии миллати тоҷик, таҳлилу муқоиса ва нишондодҳои бурду бохти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвари Тоҷикистонро инъикос намудааст, назару меҳру муҳаббати ҷавонони моро ба Ватан ва Оила куллан тағйир хоҳад дод. Зеро, ҷавонон аз ибтидои ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаҳои шадиди давлату ҳукумат дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва омилҳои пайдоиши терроризму экстремизм дар Тоҷикистон сабақ гирифта, дар решакан намудани он тасмим хоҳанд гирифт.

Барои ҷавонони мо ҳамчун яроқу аслиҳа танҳо дониш, маърифат ва тафаккури интиқодӣ кӯмак расонида метавонад ва ба муқобили ҳамагуна падидаҳои манфии ҷомеа баромад карда метавонад. Агар ҷаҳонбинӣ васеъ ва маърифати насли ҷавон кофӣ бошад раҳоӣ аз ин дарди ҷомеа осон мегардад. Аз ҷониби дигар, таҳлили хабару гузориш ва маводҳои дар сомонаву шабакаҳои иҷтимоии мамнуъ гузошташуда моро боз ҳам ҳушёр намуда, аз хабарҳои дурӯғину сохта ошно месозад. Вазифаи мо таҳлили воқеӣ ва муқовимат нишон додан бо ин палидон, зархаридон ва гуруҳҳои экстремистиву террористӣ бояд маҳсуб ёбад.

Гулафзо Ҷӯраева – омӯзгори ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ