​Бемории бедаво!

Дар раванди ташаккули башарият бо сабабҳои гуногун инсон мубталои бемориҳо мешавад, ки хусусиятҳои фардӣ ва ҳам оммавиро дорост. Аксаран, ҳатто табибони ҳозиқи соҳибтаҷриба бо ҷалби ҳамаи дастовардҳои соҳаи тиб аз давои баъзе бемориҳо то ҳанӯз оҷиз мемонанд. Исбот шудааст, ки аксарияти бемориҳои бедаво марбут ба системаи асаби фард мебошанду бештар ба ирсияти фард алоқамандӣ доранд. Дар натиҷа нисбати чунин афроди бемор одатан чораҳои пешгирии хуруҷи навбатӣ ва табобати профилактикӣ истифода менамоянд, ки то андозае бемор зинда бошаду аз ӯ ба ҷомеа зарару осебе нарасад. Чунин бемориҳои бедавои замони муосири иттилоотӣ дар организми заҳролудшудаи аъзои ҳизби мамнӯи назҳати Ислом бо сардории Кабирии мушрик ба мушоҳида марасад.

Муҳаммадиқболи Садриддину Сайидюнуси Истаравшанӣ, Алим Шерзамонуву Гадоев ва ҳамаслакони дигари онҳо дар фаъолияти ҳаётии худ бо ғояҳои ифротӣ заҳролуд гаштаву бемориҳои палидию разилӣ, чоплусию бӯҳтонбофӣ, иғвогариву фитнаангезӣ ва монанди онҳо дар организми онҳо чунин ҷой гирифтааст, ки ягон табибе ғайр аз Азроил ба онон даво ёфта наметавонад. Алалхусус, Муҳиддин Кабирӣ, ки аз хоҷагони хориҷии маблағгузории худ бо ин тоифа бемориҳо сироят ёфтааст, барои ҳаммаслакони беиродаву палидсифаташ манбаи сироятёбӣ шудааст ва то ҳол ин бемориаш идома ёфта истодааст. Аҷиб аст, ки ин тоифаи ватанфурӯшони хиёнатпеша аз бемориҳои худ огоҳ ҳастанду чун роҳгумзада бедаво будани бемориҳоро дарк накарданд. Танҳо ҳангоми аз хоҷагонашон дастарас гардидани “доза”-и навбатӣ (маблағи муфт) каме орому таскин меёбанду баъдтар барои дарёфти “дозаи нав” талош меварзанд.

Талошҳои пайвастаи наҳзатиён тавассути кишти тухми адовату зиддият дар ҷомеаи созандаю бунёдкори Тоҷикистон ақаллан неш намезанаду баръакс боисихуруҷи наве бемориашон мешавад. Ҳарзагӯи ва нобакории назҳатиён аллакай бемории бедавое шудааст ва ҷомеаи солимфикр аз он огоҳ аст. Вале, наҳзатиёни палид мехоҳанд, ки дигаронрот низ бо бемориашон мубтало созанд. Эҳтимол меравад, ки бемориҳои зикрёфтаи наҳзатиён онҳоро бе ақлу нобино, кару бефаҳм кардааст, ки то ҳанӯз беасар мондани суханҳои гуфтаашонро дарк карда наметавонанд.

Ҷомеаи муосири Тоҷикистон аз бемориҳои бедавои наҳзатиён дер боз бохабар мебошаду баҳри пешгирӣ аз мубталошавӣ ба ин бемориҳо аллакай сипари боэътимод - ваҳдату якдилии миллӣ омода кардааст. Наслҳои ҷавону баркамол ва ҳам кордидаи кишвари маҳбубамон дар атрофи роҳбарияти олииВатан сарҷамъу сиёсати инсондӯстонаи муваффақи онро самимона ҷонибдорӣ менамоянд. Нисбати бемории бедавои наҳзатиён бошад, андеша доранд, ки чун “наркоман” то дами марг талвосаи беҳуда мекунанду рӯзеҷомеа аз онҳо тавассути муқовимати шаддид халос мешавад. Зеро, наздик аст, рӯзҳое, ки ба онҳо дар вақти зарурӣ “доза” (маблағ) дастрас намегардаду гирифтори балои нафси бади худ мешаванду ҷаҳон аз ин наҳзатиёни бедаво пок хоҳад гашт.

М.С.Собиров – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ