БЕГОНАПАРАСТӢ – АСОСИ ИФРОТГАРОӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: “Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад”. Ин таъкид бесабаб нест. Инсон аз азал ба зебоӣ майл дорад. Ӯ барои тозаву зебо нигоҳ доштани табиат ва муҳити зисти худ офарида шудааст. Зебоӣ пеш аз ҳама дар рӯзгордорӣ ва тоза нигоҳ доштани манзил намоён мешавад. Зани тоҷики Шарқ аз азал бо ахлоқи наку, ҳусну ҷамол, назокат ва малоҳати хеш ҷаҳониёнро мафтун кардааст. Мӯйҳои майдабоф, абрувони пайваста, қомати мавзун ба бонувон ҷозиба ва ҳусну латофат мебахшад. Ғазалҳои ошиқона, таърифу тавсифи беҳамто ва ташбеҳҳои нотакрор маҳсули таваҷҷуҳ ба ҳамин олами пурасрор мебошад.

Президенти кишвар ба муносибати Рӯзи модар тамоюли нохушоянди бегонапарастӣ, тарғиби либосҳои бегона ва анъанаҳои фарҳанги дигаронро моҳиятан «як раванди ташвишовар» баҳогузорӣ карданд: «Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд»[3].

Дарвоқеъ, чунин рафтори бархе аз занону духтарони тоҷик, аз як тараф, ба ноогоҳии онҳо аз анъанаҳои суннатии либоспӯшии гузаштагони мо далолат кунад, аз тарафи дигар, бемасъулиятӣзоҳир намуданашонро дар донистани моҳияту таъиноти сару либосҳои гуногун нишон медиҳад.

Зан модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт. Яке аз нишонаҳои асосӣ, муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои дунё либоси миллии онҳост маҳсуб меёбад. Вақте сухан аз ин хусус меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси миллӣ — атласу адраси Суғд, гулбасту чакани Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори минтақаи Рашт, алочаву шоҳии водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои Бадахшон меояд.

Манаҳи бастаю пироҳанҳои ба тан часпида ҳаргиз сатри аврат набуд. Ба ақидаи коршиносон ин ҳама тақлид асту аз тамошои як зумра филмҳои хориҷие, ки тарғибкунандаи фарҳанги ғайранд, пайдо шудаанд.

Модом, ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мост, пас, моро зарур аст, ки фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯр - кӯрона ба бегонагон фасод насохта, онро бо тамоми нозукиҳояш ба насли оянда мерос гузорем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид дар шароити имрӯза бо аксари кулли кишварҳои ҷаҳон робитаҳои ҳасанаи сиёсию иқтисодӣ, тиҷоратию сайёҳӣ ва фарҳангӣ барқарор намудааст. Ин ҳолати ҳуқуқӣ, аз як ҷиҳат, боиси пешрафти ҳамкории судманди дуҷониба ба манфиати тарафҳо гардида бошад, аз ҷиҳати дигар, дар заминаи омезиши фарҳангу тамаддунҳои гуногун ва раванди босуръати ҷаҳонишавӣ баъзе мушкилиҳоро дар назди ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои тоза ба истиқлол расида пеш овардааст. Бархӯрди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар байни қавму миллатҳои гуногун боиси ворид шудани арзишҳои фарҳангӣ ва динию мазҳабии ойинҳои дигар ба кишварҳои якнавохти суннатӣ мегардад. Дар чунин вазъият зарурати таҳияи низоми дуруст ва оқилонаи муносибатҳои миллию фарҳангӣ ба хотири нигоҳ доштани сулҳу субот ба миён меояд. Дар байни қавму миллатҳо ва пайравони динҳои гуногун сарулибос яке аз унсурҳои муҳиме мебошад, ки тавассути он мансубияти нажодию миллӣ ва эътиқодии одамонро ба осонӣ муайян мекунанд. Ҳарчанд масъалаи эҳтиром гузоштан ба пероҳани миллӣ дар назари аввал ҳамчун як падидаи маъмулӣ ва муқаррарӣ пазируфта шавад, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки кӯшишҳои дигаргунӣ ворид намудан ба сохтори шаклгирифтаи он оҳиста-оҳиста хусусияти намоишкорӣ ва таҳдидовар касб мекунанд. Дар ниҳояти кор, фориғболӣ нисбат ба ин падида метавонад дар кохи бегазанди фарҳанги миллӣ рахнаи ноҷо ворид намояд [2].

Сазовори мухтасар ёдовар шудан аст, ки ин ҷанбаи муҳими фарҳанги мардумӣ ва намуди зоҳирии пӯшиши одамон баробари пайдоиши муносибатҳои синфӣ ва давлатҳои нахустин дар умқи таърихи бостон ҳамрадифи кору зиндагонии банӣ башар будааст. Вобаста ба вазъу шароит ва идеологияи сиёсию фарҳангӣ сатҳи рушди иҷтимоии давлатҳои даврони куҳанро аз рӯйи дар кадом сатҳу дараҷа қарор доштани сарулибос ва намудҳои он баҳогузорӣ мекардаанд. Пешрафти баъдинаи тарҳи либос ва анвои он ба таъсиси давлату империяҳои муқтадир ва кишваркушоиҳои онҳо вобаста будааст. Забткорию ҷангҷӯӣ иловатан тақозо мекард, ки сипоҳиён нисбат ба мардуми дигар аз ҷиҳати сарулибос бештару беҳтар таъмин бошанд. Сипас, муқаррар кардани либоси ягонаи низомӣ ба ҳукми қонун даромад. Сипоҳиёни кишварҳои гуногун бад-ин васила ҳангоми муҳорибаҳо худиро аз бегона фарқ мекарданд. Дар таърихи илми ҳарбӣ пайдоиши нахустин сарулибоси ягонаро ба Спартаи Юнон ва сипоҳи шоҳони давлати Ҳахоманишиниён мансуб медонанд. Шигифтовар ин аст, ки дар шароити пайдоиш ва ташаккули динҳои ҷаҳонӣ нерӯҳои низомӣ дар корномаҳои динию сиёсӣ, ба мисли густариши ойини нав, ҷангҳои салибӣ ва ғазавоти исломӣ ҳамаҷониба сафарбар мешуданд. Дар ин замина андешаи сарулибоси ягонаи низомӣ ба зарурати фикр карда баромадани сарулибоси худ вижаи динию мазҳабӣ сироят кард. Имрӯз вақеият чунон аст, ки аз рӯйи сарулибос рӯҳониёни пайрави динҳои гуногунро ба осонӣ шинохтан мумкин аст. Зиёда аз ин, дар шароити бӯҳронию сиёсии ҷаҳони муосир аз нигоҳи риояи меъёрҳои сарулибос артишҳои пешрафтаи дунё талаботро ҷиҳати тафсилоти ҷузъии он ба шиддати авло расонидаанд. Аслан дар шакли такмилёфтаи сарулибоси ягонаи онҳо имкони дидани ягон ҷойи узви бадани сипоҳиён вуҷуд надорад. Намуди якнавохти сарулибос ва дар пушти худ ҳамеша гардо­нидани борхалтаи аслиҳаву лавозимот хусусияти маҳдудкунии ҳуқуқӣ касб карда истодааст. Аз ин ҷо чунин бармеояд, ки сарварони сипоҳу дин моҳиятан пештозони ифроту ҳадгузорӣ дар масъалаи сарулибос будаанд [1].

Бояд гуфт, ки дар иртибот ба сарулибоси динӣ ҳамчунин тақозо мешавад, ки пероҳани занон бояд ба услуби анъанавии либосҳои занона мувофиқат кунад ва дар он таъсири вежагиҳои либоспӯшии мардона набошад. Ин масъала на танҳо ба либос, балки ба риояи тарзи рафтор, гуфтор ва ҳаракатҳои фарқкунандаи ҳар ду ҷинс низ дахл дорад. Либоси зани мусулмон бояд боиффату озод бошад, матояш шаффофи тобанда набошад. Либос инчунин набояд танг, балки то андозае кушоду бороҳат дӯхта шавад, ки пасту баландии бадани занро намоён насозад.

Сазовори гуфтан аст, ки бо сабаби ҷузъи назокат ва зинати занон будани мӯйи сар дар оятҳои зикршуда ва аҳодиси марбут ба ин мавзӯъ ишораи бевоситаи пӯшонидан ё пинҳон кардани мӯйҳо вуҷуд дорад ва тамоми фақеҳони исломӣ зарурати пӯшонидани тамоми бадан, ба ҷуз рӯй ва панҷаи дастонро таъкид кардаанд. Ҳамчунин як ҷиҳати дигари масъаларо ба инобат гирифтан ба мантиқ мувофиқ аст, ки шаклу навъҳои сарулибос дар иқлиму минтақаҳои мусулмоннишин аз ҳам тафовути калон доранд. Вале ба ҳар бобат талаботи динии либоспӯшӣ аз рӯйи мазмун ва муҳтаво бо назардошти вежагиҳои анъанаҳои фарҳанги миллӣ мутобиқ гардонида мешуд. Масалан, пероҳанҳои Машриқи исломӣ бо шароити табиию ҷуғрофӣ ва гармои ҷонкоҳи Мағриби арабӣ созгор намеафтоданд. Пӯшиши либосҳои газворашон пахтагин ва ғафс хоси минтақаҳои кӯҳистон буд, вале бо истифодаи ин қабил газвору пероҳан баданро сахт печонидан дар шароити Африқои Шимолӣ боиси дар муддати чанд рӯз ба касалиҳои пӯстии гуногун гирифтор шудани ҳиҷобпӯшон мегардид. Ба ҳамин сабаб риши паҳну дароз мондани мардон ҳам дар ин минтақа тавсия дода намешуд. Дар минтақаи ҷуғрофии Моварроуннаҳр, ки Тоҷикистон низ ба он дохил мешавад, занону бонувон пероҳанҳои шаклу муҳтавои комилан миллидоштаро ба бар мекарданд. Ин сарулибос дар як вақт ҳам ифодагари баланди фарҳанги миллӣ ва ҳам гӯёи мансубияти динии мо буданд. Дар айни замон пероҳани мардумии тоҷикон дар марҳалаҳои гуногун андаруни худ табиати зебо ва идомаи анъанаҳои нотакрори ниёгонро ғунҷоиш медод. Масалан, сарулибос ва пероҳанҳои зебои миллие, ки дар ноҳияҳои Суғду Хатлон, Бадахшону Зарафшон, Рашту Ҳисор мепӯшиданд, дар маҷмӯъ як сиккаи зарандуди суннати аҷдодӣ бошанд, дар алоҳидагӣ бозгӯяндаи розҳои нуҳуфта ва зебоиҳои табиати пурғановати ҳар як водию иқлими Тоҷикистони азизу маҳбуб низ ба шумор мерафтанд. Ҷиҳати аз ҳама муҳим дар суннати пероҳани мардумии тоҷикон он аст, ки либоси мардонаву занонаи онҳо ҳамеша кушоду гулранг ва шинаму дилнавоз будааст. Газвору шалвор, пероҳан ва рӯсарию сарандози мо дар ҳеҷ як давру замон аз нигоҳи равонию шаҳво­нӣ риққатовару хушунатангез набудааст, ки матои атласу адраси ранго­ранг ва карбосу алачаи якранг намунаҳои беҳтарини онҳост.

Ҳамчунин бояд ёдовар шавем, ки гузаштагони мо дар пазируфтани шакли сарулибоси муосир низ аз мавқеи суннатгароии миллӣ муносибат кардаанд. Ин раванд, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ бо истилоҳи кодекси либос (dress code) маъруфият дорад ва сароғоз дар Бритониёи Кабир пайдо шуда, ба зудӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн гардидааст, ҳангоми баргузории чорабиниҳои сатҳи гуногун ва ташриф овардан ба ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ риояи ҷиддии либоси расмиро тақозо менамояд. Намудҳои зиёди кодекси либос муқаррар гардидааст, ки ба тарҳи меъёрии пероҳани шахсони мансуб ба касбу корҳои гуногун аҳамияти махсус зоҳир менамояд, ҷузъиёти таркибии пӯшишҳои маъқул ва номақбулро ба тартиб меандозад ва дар ҳолати риоя накардани он чораҳои ҷазоро пешбинӣ мекунад.

Ҷойи шубҳа нест, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва густариши ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ҷумҳурии мо бо тамоми давлатҳои дунё, ба хусус кишварҳои арабию мусулмонӣ дар масъалаи шаклу намуд ва тарзи либоспӯшии миллии мо таъсири носозгор ва ташвишовар расонида истодааст. Ин таъсири онҳо аз ҳама бештар дар шакли имрӯзаи сатри исломии занону бонувони мо ба мушоҳида мерасад. Бояд гуфт, ки дар аксари кишварҳое, ки ислом дар ҳаёти фарҳангию иҷтимоиашон нақши калидӣ мебозад, тарзи либоспӯшии исломӣ баробари сарулибоси миллӣ ва стандарти аврупоӣ иштироки омехта доранд. Бархе аз кишвару ҳукуматҳо, ки дар ҳаёти онҳо ислом нақши сиёсӣ дорад, сатру ҳиҷобро ҷонибдорӣ намуда, пӯшидани либоси диниро барои занон зарур медо­нанд, баъзеи дигар, баръакс, онро манъ мекунанд. Масалан, дар Арабис­тони Саудӣ, Эрон, Яман ва Афғонистон ҳиҷоб маҷбурӣ аст. Дар Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Туркия, ки ҳарчанд аксарияти сокинонашон мусулмонанд, ҳиҷоб пӯшидан дар муассисаҳои давлатӣ, мактаб ва донишгоҳҳо манъ карда шудааст. Туркия инчунин нахустин давлатест, ки соли 1925 расман ҳиҷоб пӯшидани занонро манъ карда буд. Дар Туркия, ки оид ба татбиқи исломи сиёсӣ таҷрибаи калон андӯхта шудааст, соли 2008 Суди конститутсионӣ пешниҳоди ҳукумати Раҷаб Эрдуғонро дар бораи бекор кардани манъи пӯшидани ҳиҷоб дар донишгоҳҳо қабул накард. Аксари давлатҳои арабӣ ҳам роҳи бунёди давлати дунявиро интихоб намуда, дар масъалаи пӯшидани ҳиҷоб ба муносибати фардии бонувон бартарӣ додаанд [3].

Мо шоҳиди он ҳастем, ки имрӯзҳо гӯшаву канори гуногуни оламро низоъҳои қавмиву мазҳабӣ, диниву сиёсӣ ва мухолифати байни миллатҳо фаро гирифта, инсоният ба марҳалаи нави муноқишаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ворид шуда истодааст.

Вобаста ба ин мушкилот ва нишондодҳои таҳаввулоти сиёсӣ дар давлатҳои гуногун, ҳамзамон, гаравидани ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва иштирок дар майдонҳои даргири дигар давлатҳо, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи зиракии сиёсӣ мавқеъи меҳвариро дар миёни рукнҳои тарбия касб менамояд. Тарбияи сиёсии ҷавонону наврасон бояд аз оила оғоз гардад ва онҳо маҳз дар оила доир ба масоили муҳими сиёсии Ватани азизамон, ҷаҳони муосир ва таъсири мусбату манфии онҳо дониши мукаммал пайдо намуда, дар мактабу донишгоҳ инкишоф диҳанд. Зеро натиҷаи гаравиши ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, андешаи зиддидавлатӣ, зиддиинсонӣ, бегонапарастӣ, ифротгароӣ ва таассуби динӣ дошта нишон медиҳанд, ки гурӯҳҳо, фардҳои алоҳида ва давлатҳои манфиатдор ҳанӯз аз кӯдакӣ ҷавонону наврасонро дар ин роҳ ҷалбу тарбия менамоянд.

ПАЙНАВИШТ:

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, №489, аз 26.03.2009.
  • Раҳимов Р. Хоҷаҳои хориҷиро нодида нагирем// Минбари халқ.-2015.-4-фев.
  • Солиев А. Тоҷикистон дар ҷодаи муборизаҳои идеологӣ// Минбари халқ.- 2014.- 22 окт.


Бойматов Сайфулло Зикруллоевич дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ