​Баррасии масъалаҳои фарҳангу маориф дар музокироти байни ду кишвар

Санаи 13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Фаронса ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануел Макрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни ҳавлии Қасри Елисей, ки бо парчамҳои ҳар ду давлат оростаи шуда ва горди фахрӣ саф кашида буданд, пешвоз гирифт. Сараввал Президенти Фаронса муҳтарам Эммануел Макрон баромад намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҷумҳуриии Фаронса хайримақдам гуфт. Ҷавобан ба истиқболи гарму самимии Президенти Ҷумҳурии Фаронса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, қаноатмандии худро аз робитаҳои сиёсии Тоҷикистону Фаронса иброз намуданд. Дар мулоқоти сарони давлатҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қароргирифт. Зимни баррасии ин масъалаҳо ба соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва илму маориф таваҷҷӯҳи хосса карда шуд. Доир ба масъалаҳои таъмини забони омӯзгорони забони фаронсавӣ барои мактабҳои Тоҷикистон, ифтитоҳи филиалҳои донишгоҳҳои Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷудо кардани донишҷӯён барои илмҳои гуманитарӣ, иқтисодиёт, молия, фанҳои дақиқ ва муҳандисӣ, сайёҳӣ, идора ва сиёсатшиносӣ ҳамкорӣ намуданд. Дар самти ҳамкорӣ дар бахши маориф фаъолияти босамари Маркази фарҳангии “Бактрия” (Бохтар) ва барномаҳои Иттиҳоди Аврупо Эразмус, Мундус ва Эразмус плюс, махсус қайд гардид. Таъмини кадрҳои баландихтисос дар бахшҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон ҷудо кардани квотаҳо барои таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои олии Фаронса ва таъсиси филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи Фаронса дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд. Ин мулоқоту музокироти Тоҷикистону Фаронса барои рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии гуногунҷанбаамон имконияти хуб фароҳам меорад.

Бояд қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ”дар Осорхонаи Гимей Ҷумҳурии Фаронса иштирок намуданд. Дар ин намоишнома Сарони давлатҳои Тоҷикистони Фаронса бо нигораҳо ва наворҳо оид ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон ва фарҳанги миллати тоҷик гузошта шуда буданд. Ин намоишномаҳои осорхона ба аврупоиҳо дар бораи кишвари кӯҳистони Тоҷикистон маълумот гирифтан имконият фароҳам меорад. Осорхонаи Гимей муаррифгари таъриху тамаддуни бою қадима, санъати нотакрори миллати тоҷик ва мавзеъҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон аст.

Ин тадбир барои таҳкими рушди муносибатҳои ҳамкории ду кишвардар дарбахши фарҳангмусоидат мекунад.

Содиқова Оминахон - донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси рӯзноманигорӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ