​Барномаи Иқболи Садриддин - сӯҳбати зоғи бадмур

Тағйирёбии иқлим, хунук ё гарм омадани фаслҳои сол аз қувваи табиат вобаста буда, то ҳол онро олимону мутахассисон дақиқ муайян карда намешавад. Сардиҳое, ки дар зимистони имсола ба мо рӯ ба рӯ гардид, на фақат ҷумҳурии мо, балки тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаро ба ташвиш овард. Новобаста аз ногаҳонӣ будани сардии ҳаво мақомоти масъули давлатӣ аҳолиро бо барқи доимӣ таъмин намуданд, ки хонаи мардуми тоҷик гарму чароғон аст. Аммо душманони давлату миллат, нафароне, ки нону намаки ҳамин сарзамин Тоҷикистони азизро хӯрда ба воя расидаанд, забони сухангӯиашонро аз модари тоҷик омӯхтаанд ва имрӯзҳо ин кӯрнамакони носипос подоши амалҳои нопокашонро аз муҳоҷирату ватангадоӣ мегиранд,барои иҷрои дастуру супоришҳои хоҷагони нопоку хунхорашон, мисли зоғҳои бадмур дар шабакаҳои иҷтимоӣ бар зидди давлату миллати худ, Ҳукумати мамлакат ва шахсони воломақоми давлатӣ тӯҳамату таҳқирҳои беасос мекунанд, ки ин амали номатлуб –хиёнат ба давлат мебошад.

Ин тӯдаи разилону палидон фақат камбудиҳоро ҷустуҷӯ мекунанд ва давлату шахсони мансабдори давлатиро аз рӯи фолбиниҳои худ гунаҳгор меҳисобанд. Дирӯз чашмам дар шабакаи иҷтимоӣ ба барномаи масхараомези Муҳаммадиқболи Садриддин “Минбари муҳоҷир” афтод ва аз тамошои он сад афсӯз хӯрдам. Ровии ин барнома як шахси руҳану маънаван носолим буда, гӯё ки ғами мардум ва муҳоҷиронро мехӯрда бошад, барномаи онлайнӣ ташкил намуда, ба мақсади ғаразноку манфури худ истифода мебарад. Зоҳиран ӯ вонамуд мекунад, ки масъалаҳоро хуб медонад ва ба хоҳишмандон сӯҳбати озод менамояд, аммо дар асл бошад, ҳеҷ гоҳ ин тавр набуда, барнома тибқи нақшаи сарварону хоҷагони ТТЭ ҲНИ тарҳрезишуда, ба шумор меравад ва барои вайрон кардани мафкураи тамошобин, ҷалби шаҳрвандон ба амалҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад. Ин косалеси бемаданияту бефарҳанг ва бе ору номус дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз рӯи сенарияи пешакӣ тартибдодашуда, ки гӯё ба мухлисон сӯҳбати озоду ошкоро мекунанд, ба фиребу найранг, кинаву адоват, маҳалгароӣ, даъвати оммавӣ ба экстремизму терроризм, ҷудоиандозӣ ва пошидани тухми кинаву адоват машғул аст. Иқболи беиқбол дар барномаи худ ба нафароне, ки худаш пешакӣ омода намудааст ва бар зидди давлату ҳукумат суханмекунанд бо шавқу ҳавас оромона сӯҳбат карда, андешаи онҳоро бо сарҷумбониҳо тасдиқ мекунад ва офаринашон мегӯяд, аммо ба нафароне, ки сухани ҳақро мегӯянд, аз дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ ҳарф мезананд ё ботил будани барномаву тӯҳмату бӯҳтон будани суханҳои рови қабеҳсуҳанро исбот кардани мешаванд, мисли саг мечаспад ва ҳатто сухани ҳамсӯҳбаташро гӯш кардан ҳам намехоҳад, овозашро хомӯш мекунад ва бад ӯро маломат мекунад. Ин ровии сарзада ҳамаи ҳамсӯҳбатони худро бо саволҳои роҳнамунсоз (навадящый вопрос) ба доми ифроту ҷаҳолат ва тундравию якравӣ кашидан мехоҳад. Сӯҳбат кардан бо ӯ, ҳатто тамошои барномаи хавфноку бемаданиятонааш шахси солимфикру беғаразро ба ғазаб меорад ва таби инсонро хира мегардонад. Хум аст, ки барномаҳову нишастҳои ин ровии ватанфурӯшро набинем ва ҳазар намоем.

Ҳамин тариқ, тамошои барномаи “Минбари муҳоҷир”-и Муҳаммадқбол сохтакорӣ ва фаҳшу бемаънӣ буда, тамошои он вақти қиммати шахсро мегирад, табашро хираву тира мегардонад. Аз ин лиҳоз, мо бояд аз тамошои баромаду барномаҳои ифротиён ҳазар кунем, чунки ба тариқи ин барномаҳои фач пул кор кардан шуғли асосии онҳо гаштааст. Ин наҳзатиёни ифротӣ ба пули ҳалол кор кардан хуш надоранд ва мехоҳанд танҳо бо лаққидану ҷаккидан муфт аз ҳисоби тамошобинонашон даромад ба даст биёранд.

Дастоварду муваффақиятҳои давлати соҳибистиқлоли мо бо сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мо ба чашми худ мебинем, тамоми барномаҳои Ҳукумати кишвар ба беҳтар намудани шароити зиндагии мардум равона кардашудааст, дар сарзамини тинҷу ором зиндагонӣ мекунем. Мо бояд барои гулгулшукуфоии Ватани маҳбубамон бо дилу дидаи нек боз ҳам зиёдтар хизмат кунем. Муттаҳидии мо, якдилӣ, ваҳдат ва созандагӣ ҷавоби сазовор ба хоинони миллат мебошад.

Иброҳимзода Сардор, омӯзгори ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ