Бани одам аъзои як дигаранд...

Имрӯз муҳимтарин мавзӯе,ки ҳамаро аз ҳама бештар нигарон мекунад, ин масоили Афғонистон мебошад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки сулҳ дар Афғонистон на танҳо барои Тоҷикистону Покистон ниҳоят муҳим мебошад, балки барои мардуми азияткашидаи Афғонистон, ки дар давоми чил сол кишвари ҷангзада аст ва он боиси ранҷу азоби зиёд барои мардуми он кишвар шудааст.

Инчунин масъалаеро баррасӣ намуданд, ки бо дарназардошти вазъи кунунӣ, чӣ гуна метавон кӯшиш ба харҷ дод, то ки сулҳу субот дар оянда барқарор шавад.

Дар мулоқот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, қайд карданд, ки тамоми кӯшиши худро ба харҷ хоҳем дод, то ихтилофот тариқи муколама ҳаллуфасл гардад.

Дар Афғонистон халқияту миллатҳои гуногун ба сар мебаранд, ки 46 фисади аҳоли ин кишварро тоҷикон ташкил медиҳанд. Ӯзбекҳо, ҳазораҳо низ дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд. Ҳамин тариқ, сулҳи пойдор дар Афғонистон танҳо дар сурати мавҷуд будани ҳукумати фарогир имконпазир мегардад.

Инчуни қайд карда шуд, ки дар заминаи башардӯстона даъват хоҳем кард, ки бояд муҳосираро хотима бахшанд, то кӯмаки башардӯстона вориди минтақа гардад. Ин метавонад ду роҳ дошта бошад, яке ба сӯи сулҳи пойдор, ки дар тӯли чил соли охир таъмин нест, ё ин ки мутаассифона он метавонад ба масири даҳшатборе биравад.

Мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон чун анъана дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳуми комил сурат гирифтанд.

Ҳамин тавр, сулҳ танҳо дар сурате ҳосил мешавад, ки ҳукумати фарогир ташкил гардад. Ҳама назарҳои гуногун, фраксияҳо, гурӯҳҳои қавмӣ, ҳамаи онҳо ба ҳукумате шомил шаванд, ки ба сулҳи пойдор оварда расонад.

Дар дунё чандин мардумоне арзи вуҷуд доранд, ки шумораашон ба миллионҳо расида, дар орзуи миллату давлатдорӣ мебошанд ва бо мақсади расидан ба ин ҳадаф азму талош менамоянд, дар ин роҳ ҷони ҳазорон нафар ҳатто фидо гаштааст, аммо то ҳанӯз соҳиби ватану давлат нагаштаанд.
Бояд ҳамагӣ ба қадри замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем ва ҳама ҳамдилу яктан гашта дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму ободу нозанин заҳмат ба харҷ диҳем.

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офаринаш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рузгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Гурдофариди Рустам

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ