​Бадхоҳон ҳаргиз ба мақсад намерасанд… (вокуниш ба ҳодисаҳои ахири шаҳри Хоруғ)

Таъмини сулҳу суботи кишвар ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Пешвои миллат ҳамеша барои ҳифзи якпорчагии кишвари азизамон талош мекунанд ва маҳз бо ҳамин мақсад мақомот ва сохторҳои гуногуни давлативу амниятӣ ва ҷузъу томҳои мақомоти номбурда фаъолияти шабонарўзӣ доранд. Мақсади ин мақомотҳо як аст – таъмини амнияти халқу давлат ва сулҳу субот.

Аммо гурўҳе аз афроди ҷиноятпеша мехоҳанд рахна бар оромии кишвар зада зиндагии осоиштаи мардумро халалдор созанд.

Ҳамон гуна, ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ин гурўҳи номбурда шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулма, ки дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон қарор дорад, масдуд намуданд, ки ин рафтори номатлуб ва ғайриқонунӣ мебошад.

Амалҳои мазкур ҷиҳати ноором сохтани вазъи дохилӣ ва бо мақсади иғвоангезиву хушунат ба иҷро расонида шудааст. Чунин кирдорҳо ҳаргиз ба манфиати давлат ва халқу миллат набуда, пешравии мамлакатро аз чанд ҷиҳат ба таъхир меафканад.

Лавозимоти ҷангӣ ва аслиҳаву техникаи мавриди истифодаи ин гурўҳ худ нишони бадбинӣ ва адовати онон нисбат ба давлату ҳукумат мебошад.

Мардуми манотиқи мазкур бояд зиракии сиёсиро аз даст надода ба ин гурўҳи ҷиноятпеша мубориза баранд. Зеро ин гурўҳ зархариди хориҷиён мебошад, ки мехоҳанд бо иғвоангезӣ ва барангехтани кинаву адоват нисбат ба давлату ҳукумат вазъро мураккаб гардонанд ва ба мақсадҳои нопоки худ ноил шаванд.

Мақомоти низомии кишвар тасмим гирифтааст, ки барои боздошт намуданин гурўҳи ҷиноятӣ ва таъмини амнияти кишвар амалиёти зиддитеррористӣ анҷом диҳад ва шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулмаро дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон озод намояд.

Мо як ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон аст. Пас, барои ҳифзи ин кишвари муқаддас талош варзем ва нагузорем, ки душманон рахна бар сулҳу оромии ватани муқаддасамон зананд.

Нўмонҷон Нигматов, сармуаллими кафедраи грамматикаи забони арабии факултети забонҳои шарқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ