​Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд

Созмони ифротгаро ва террористӣ эълон гардидани “Паймони миллии Тоҷикистон” аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон, бешубҳа, зарбаи ҷонкоҳе зад барои идомаи фаъолияти ин ниҳоди ҷангафрӯз ва дасисаангез. Ва мусаллам аст, ки баъди судури ин ҳукми додгоҳ ба “сарсупурдагон”-и ин гурӯҳи ҷинояткор ва ихтилофангез барои паҳн намудани “идеяҳои милли”-и худ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мавзӯи нави баҳс рӯи кор омад.

Чаро ин созмон бо ин ҳама тими ба қавли худашон “озодандеш”-у “пурқувват” миёни ҷомеа, хосса дар кишвари мо маҳбубият пайдо накард? Чаро аъзо ва пайравонаш зиёд нашуд? Барои он ки тору пуди ин созмон ҳамагӣ аз макру ҳиял, дасисаву бӯҳтон сохта шудааст. Ва Муҳиддин Кабирӣ, ки дар рагу паяш хуни фармонравоӣ сахт маскан гузидааст, ин бор низ мехост шахси рақами 1 бошад. Сониян, ҷавҳари ин созмонро нафароне ташкил медиҳанд, ки касе онҳоро ба дурустӣ намешиносад.

Акнун меоем сари чӣ зарурат буд, ки ҲНИ табдили ном кунад ва худро дар либоси дигар бинад? Ин ҳикмати халқиеро мемонад, ки “гург дар либоси гӯсфанд аст”, аммо гурггароии худро идома медиҳад. Аввал ин ки ҳизб ба номи ислом иснод овард. Дигар ҷомеаи солими кишвар ин ҳизбро ба ростин шинохт. Он тарҳу барномаҳое, ки онҳо рӯи даст доштанд, ҳамагӣ акси онро намуданд. Яъне, боварию эътмоди мардумро аз даст доданд. Ба умеди сарҷамъии чор ниҳод онҳо умедвор буданд, ки як созмони қавие бунёд карда, мардумро аз қафои худ мебаранд. Аммо мушоҳидаҳо нишон доданд, ки онҳо ин дафъа низ хато карданд.

Бояд ҳар нафаре, ки ба қадри тинҷиву оромӣ мерасад, барои ҷавоби сазовор додан ба ин шӯрапуштон омода бошад. Ба наслҳои ҷавон, ки идомадиҳандаи рисолати бузургу таърихии давлатдориамон мебошанд, пайваста таъкид намоем, ки аз таассубу хурофотпарастӣ ва ифротгароиву тангназариҳои диниву мазҳабӣ ба мисоли созмони “Паймони миллӣ” худро дар канор гиранд. Маҳз дар ҳамин вазъи нотинҷии курраи замин ва мавқеъ гирифтани ташкилоту созмонҳои ифротӣ дар бархе мамолик, мо бояд барои муҳофизат кардани кишварамон аз чунин нохалафон кӯшиш намоем. Инчунин мо вазифадорем, ки ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастии фарзандони худро тақвият бахшем, то ки арзишҳои фарҳанги ғаниву рангоранги гузаштаи миллати худро қадр намоем.

Ҳамин заҳмату талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президети кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки кишвари мо бо сулҳу субот ва мустақилиаш шинохта гардид.

Таъмини амнияти миллӣ ва мардумӣ яке аз ҳадафҳои меҳварии давлату Ҳукумати кишвар мебошад. Зеро давлате, ки дар он амну субот пойдор аст, пешравию тараққиёт ва рушди миллатро кафолат медиҳад. Мо ин пешравиро эҳсос намуда истодаем ва ояндаи кишвари худро дурахшон мебинем.

Томирис Нурматова – устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ