Аз дастоварди муҳим, чашми нотавонбинӣ...

Тибқи маълумоти расонаҳои хабарии шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва хадамоти ахборӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба хориҷи кишвар бо сафарҳои расмӣ ба шоҳигарии Белгия ва Фаронса суръат гирифт, ки дар он Сарвари давлатро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.

Санаи 11 октябри соли ҷорӣ дар шоҳигарии Белгия Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот карданд. Инчунин дар шаҳри Белгия Сарвари давлати Тоҷикистон бо Президенти Палатаи намояндагони Парлумони Белгия, бо ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, ки намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл мулоқот намуда, вазъи дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар доираи мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратиро дар доираи барномаҳои қабулгардида мавриди таваҷҷӯҳ қарор намуда, тавсеаи минбаъдаро робитаҳоро махсусан доир ба энергияи сабз қайд намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба бартарафсозии бемории сироятии Ковид-19, таъмини амнияти минтақа, махсусан бо кишвари Афғонистон низ музокира намуданд.

Дар доираи сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шоҳигарии Белгия бо Подшоҳи он Аълоҳазрат Филипп санаи 12 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Брюсел қарор гирифт. Зимни мулоқот доираи васеи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар доираҳои санадҳои имзошудаи пешин музокира намуда, аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳамчунин дар мулоқот вазъи амниятии минтақаро муҳокима намуда, ҷонибҳо қайд намуданд, ки ҳар чи зудтар таъмини сулҳу субот дар минтақа, махсусан бо Афғонистон вобастагӣ дорад, ки ин ҳам боша бо таъсиси ҳукумати ҳамашумул дар ин кишвар суръат хоҳид гирифт.

Ҳамчунин Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 12 октябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Брюсел бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала, бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия суръат гирифта, масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон, мукаммалгардонии маъмурияти гумрук, низофи фаъолияти маъмурии гумрукӣ ва дигар масъалаҳои муҳими он мулоқот намуданд.

Санаи 12 октябри соли ҷорӣ сафари расмии кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Аврупо ба Фаронса идома ёфт. Санаи 13 октябр Президенти Фаронса Эммануэл Макрон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бо истиқболи расмӣ пешвоз гирифта, нахуст мулоқоти хосаи сарони давлатҳо ба вуҷуд омада, сипас бо иштироки ҳайатҳо суръат гирифт. Дар мулоқоти сарони давлатҳо ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи ташкилотҳои байналмилалии сиёсию фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҷонибҳо минбаъд дар доираи мулоқот ҳамкориҳоро дар соҳаи энергетика, мошинсозӣ, металургия, химия ва истихроҷи канданиҳои фоиданок вусъат бахшиданро изҳор намуданд. Ҳамчунин музокироти ҷонибҳо доир ба масъалаҳои илму фарҳанг, таъмини мактаҳои Тоҷикистон бо омӯзгорони забони фаронсавӣ, ифтитоҳи филиалҳои донишгоҳҳои Фаронса дар Тоҷикистон ва ҷудо намудани квотаҳо дар донишгоҳҳои ин кишвар барои донишҷӯёни мо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар доираи мулоқот аз ваъи ноороми сиёсии кишвари Афғонистон ҷонибҳо нигаронӣ намуда, аз ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки нисбати қазияи ин кишвар бетараф набошанд.

Санаи 13 октябр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар намоиши нигораҳои Тоқикистонтаҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар осорхонаи Гимейи Фаронса иштирок намуданд. Ҷонибҳо аз нигораҳои дар осорхона гузошташуда, ки бозгӯи таъриху тамаддуни тоҷикон мебошад, шинос гардиданд, ки чандин нигораҳои намоишгардида ба феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО шомил буд. Дар намоиш нигораҳое ба маърази тамоошо гузошта шуда буд, ки таърихи аҳди қадим ва тамаддуни тоҷиконро нишон дода, танҳо бозёфтҳои аз Тоҷикистон дарёфтгардида гузошта шудаанд.

Ҳамчунин Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Фаронса бо раиси сенати ин кишвар Жерар Ларше мулоқот намуданд. Доираи мулоқот робитаҳои дуҷонибаи кишварҳо ва ҳамкориҳои байнипарлумониро муҳокима намуда, ҷонибҳо истифодаи таҷрибаи парлумонӣ, масъалаҳои сиёсӣ, ҳуқуқии онро аз таҷрибаи парлумони ин кишвар изҳор доштанд. Ҳамчунин дар доираи робитаҳои иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, маориф суханронӣ намуда, вазъи ногувори кишвари Афғонистонро бо мушкилотҳои сиёсии бавуҷудомада мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо изҳор намуданд, ки барои кӯмаки башардӯстона ва барои бартарафсозии қазияи он иштироки бевоситаи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид зарур аст.

Бояд тазаккур дод, ки чунин ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи хориҷии Тоҷикистон бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон суръат мегирад, чашму дида ва дили нотавонбинон, хоинони миллат ҳасуд бархоста, наметавонанд, онро ҳазм кунанд. Бинобар ин чунин шахсон монанди Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ аз ин гуна дастовардҳои Пешвои миллат дар сиёсати хориҷиро бо ҳангомаҳои пуч ва беасос бо тобишҳои манфуронаи худ қабул мекунанд. Аз ин лиҳоз, ба тамоми шаҳрвандони дохилу хориҷи кишвар бо ин матлаб муроҷиат карданиам, ки ба ҳар гуна маълумотҳои беасос, ҳангоматалабию ҳарзагӯии хоинони ватан, ки бо расонаҳои иқтимоии интернетӣ паҳн мекунанд, бовар накунанд. Зеро бо ин амал онҳо аз пайи вайрону ихтилофангезии халқ ҳастанду пешрафту шукуфоии давлату ватан ва мардуми шарифи мамлкатро намехоҳанд.

Маҳкамов С., муаллими калони факултети таърих ва ҳуқуқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ