​Аз чанголи ифротиён эмин бошем!


Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тўли истиқлолияти давлатии худ дар миёни мамолики мутараққии дунё бо ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи худро басо муассир пайдо намудааст ва имрўз аз ҷониби наздик 150 давлати ҷаҳон кишвари мо расман эътироф шудааст. Таъсиси Сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, ба роҳ мондани робитаҳои судманди иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсати дарҳои кушод ва баррасӣ гардидани масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷаҳонӣ нишонаи муаррифӣ гардидани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва нақши созгор гузоштани он дар пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат ва ба миён гузоштани яке аз масъалаҳои муҳими глобалӣ дар ҷаласаи сатҳи баланди байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Мутаҳид ва шарикони дигар пешбинӣ намудани Конфронси байналмилалӣ бо ҳузури намояндагони кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, доир гардидани Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” аз масъалаҳои муҳими ҳалталаби глобалӣ ва иқдомоти Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.

Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ҷавононро ҳамчун самти калидӣ ва дурбинона пеша намудаанд ва ҷавононро ҳамчун қувваи бузург ва пешбарандаиҷомеа маҳсуб медонанд ва таъкид ба он мекунанд, ки «Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандўстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки ислом анҷом дода мешаванд, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд».

Аз ин рӯ, ҷавонони ватандӯсту ватанпарастро водор месозад, ки дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушёр бошанд то ба чанголи гурӯҳҳои ифротиён, ки аз хориҷи кишвар истода идора менамоянд, эмин бошанд.

Гулафзо Ҷӯраева – омӯзгори ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ