Аврупоимаобии расонаҳои Қирғизистон

Дар се рўзи охир амалиёти ҳарбӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон идома дорад. Инъикоси низоъ дар расонаҳои Қирғизистон ба тарзи инъикоси масъалаҳои низоъҳои мусаллаҳонаи ФР ва Украина аз ҷониби расонаҳои иттилоотии Аврупо хеле монандӣ дорад.

Дар «24 kg» Тоҷикистонро ғосиб (окупант) номидаанд, ки ба ақл рост намеояд. Матни ахбори онҳо хеле ба матни хабарҳои Украина монанд аст. Дар ин хабарҳо боз гуфта мешавад, ки ҳарбиёни Тоҷикистон мардуми осоиштаро ҳамчун сипар истифода мебарад.

Дар ин матнҳои хабарӣ Қирғизистон ҷабрдида (ба ҷои Украина) ва Тоҷикистон ғосиб (ба ҷои Россия) оварда шудаанд.

Ин чӣ маъно дорад? Ин тарзи хабаргузорӣ бўйи Аврупо ва Ғарбро дорад. Мушовирони ғарбӣ ҳамин тавр инъикос карданро ёд медиҳанд ва айбу аҷаб нест, ки роҳбарияти камтаҷрибаи кунунии Қирғизистон – дар мисоли президент Содир Ҷапаров ба ғарбиён фурўхта шудааст ва ё бо онҳо ҳамкорӣ дорад, ки мехоҳанд вазъро дар минтақа ноором кунанд.

Тарзи хабарнависии дурўғин, ки дар расонаҳои Қирғизистон аст, маҳсули инструкторҳо ва идеологҳои ғарбист, ки мехоҳанд фитнаву низоъро дар минтақа хезонанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ