Ҳаргиз ба мақсад намерасад касе, ки хиёнат мекунад

Истилоҳи бадӣ, зишткорӣ дар ҳамаи давру замонҳо ҳамчун амали ношоиста, носазо ва номатлуб дониста мешавад. Бадиву бадкирдорӣ чун фасоду зиён танҳо ва танҳо зиштиву нооромиро ба миён меорад. Бояд гуфт, киин амал хоси ҳайвоноту дарандаҳо ва ҳашароти зараррасон аст, ки онҳоро табиат чунин офарида.

Инсоният чун бандаи хокии ҷаҳони гузарон бояд хоси хислатҳои ба худ хос, аз қабили одаму одамгарӣ некию накукорӣ ва саховатмандию хайрхоҳӣ бошад. На бадбину бадхоҳ, хиёнаткору вайронкор чун Муҳиддин Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин бошад. Номи ин нафаронро мардум бо нафрат ба забон мегиранд. Зеро онҳо бо амалҳову ақидаҳои зиддидавлатиашон ба мардуми худ, ба Ватани худ, ки дар ҳаминҷо бавоя раисдаанду зери обу ҳавои ин миллат ба воя расидаанд имрӯз ба он хиёнат кардаанд, ки ин нобахшиданист. Зеро ҳам амали нек ва ҳам амали бад дар зеҳни мардум хуб нақш мебандад ва солҳо боқи мемонад. Ин нокасон дар зеҳни мардум чун хоинони миллат нақш бастаанд ва то абад чунин номи сиёҳ мемонад.Чуноне, ки дар урфият мегӯянд:

Бо моҳ шини моҳ шавӣ,

Бо дег шини сиёҳ шавӣ.

Ин сиёҳдилон, ки ақидаҳои ифротгароиро дар байни мардум пош мекунанд, ҳаргиз ба мақсади худ намерасанд. Зеро тулӯи ҳақиқат чун офтоби нурафшон аз баландиҳо дурахшон аст. Чизе, ки аён аст ҳоҷат ба байн нест. Мо дар кишвари биҳиштосо, зери ҳавои софу беғубор, бо нозу неъматҳои фаровон дар фазои оромиву осудагӣ умр ба сар мебарем, ки ин худ давлати басо калон аст.

Банда баҳамаи мардуми сарбаланду баору номуси кишвар муроҷиат намуда гуфтания, ки ҳамеша бар он ҷаҳд намоед, то ба амалҳои хубу савоб, манфиатдору хайрхоҳона ба касе кумак расонед. Касеро хушдилу осуда гардонед. Ягон дастоварди хубе аз худ боқӣ гузоред, то зинданом бошед.

Хиёнаткорон дар ягон давру замон хушбахт намегарданд, зеро: «Давлат ба ақл наздик аст». Каси бадкор, мардумозор ва хиёнаткор ҳамеша ба ҷазои Офаридгори бузург сазовор хоҳад буд.

Ҳар ки ба мардум хиёнат мекунад,
Нарасад ҳаргиз ӯ ба неьмату ноз.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ