Анҷумани саодатофар

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихӣ ва муҳим тақдири минбаъдаи халқи тоҷикро муайян намуда, давлатро аз хатари нобудӣ наҷот бахшид.

Ба назари мо, дар мавриди аҳамият ва мақоми Иҷлосия зикри фақат ҳамин як калима кофист, ки ҷойгоҳу таъсири он дар зиндагии мардуми тоҷик дарк гардад: тақдирсоз.

Бузургтарин ва муҳимтарин нақши Иҷлосия барои халқи тоҷик ҳамин буд, ки он ҳамчун анҷумани саодати халқ тавонист вазъи муташанниҷи сиёсиро ба эътидол оварда, умеду боварҳои мардумро барои сулҳ ва таъмини суботи сиёсӣ таҳким бахшад.

Маҳз дар доираи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳими ҳаётие, ки бидуни ҳалли онҳо ҳифз ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон имкон надошт, ҳалли ниҳоии худро пайдо намуданд. Аз ин рӯ, ин рӯйдоди таърихӣ дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамчун Иҷлосияи сарнавиштсоз мақому ҷойгоҳи махсус ва мондагорро соҳиб аст.

Имрӯз бо гузашти сӣ сол барои мо, сокинони сарбаланду шарафманди Тоҷикистони азиз, бахусус ҷавонон шароити муносиб фароҳам омадааст, ки аз ин рӯйдоди таърихӣ сабақ омӯхта, ҷиҳати таъмини пешрафти Ватани азизамон ва расидан ба дастовардҳои тозаву навин, музаффариятҳои арзанда ва натиҷаҳои баланди тараққиёт тамоми дониш, нерӯ ва иқтидори худро равона намоем.

Ба дурустӣ, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кулли сокинони мамлакати азизамон ҷашни дар ҳақиқат бузург ва рӯйдоди муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро ин ташаббуси созанда барои халқи тамаддунофари тоҷик ҳадяҳои нодиру арзишмандеро эҳдо бахшидааст, ки ворид шудани шахсиятҳои созандаи арсаи сиёст дар мисоли Эмомалӣ Раҳмон низ маҳз аз шарофати ҳамин воқеаи сарнавиштсоз ибтидо мегирад.

Пешвои муаззами миллат дар таърихи 12 декабри соли 1992 дар муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон иброз дошта буданд, ки «тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам.

Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».

Таърих ва ҷомеаи ҷаҳон шоҳид гардид, ки фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи татбиқи ваъдаи худ садоқат, ҷасорат ва матонат зоҳир намуда, барои халқи азияткашида ва ҷафодидаи тоҷик олитарин ва нодиртарин дастовард – сулҳро эҳдо бахшиданд.

Сарвари муаззами миллат дар лаҳзаҳое ба майдони давлатдорӣ ворид шуданд, ки мардум аз тарси ҷон на парвои мансаб доштанду на вазифа, гузашта аз ин, ҳеҷ касе ҷасорат надошт чунин як масъулияти бузургро, ки кафолати зинда монданро надошт, ба дӯш гирад. Маҳз дар чунин вазъият бо инояти Офаридгор дар ҳаёти мардуми тоҷик саҳифаи дурахшон ифтитоҳ ёфт, ки дар меҳвари он Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд.

Дар шинохти мо, ҷавонон нодиртарин бозёфти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз вуруди Роҳбари олии мамлакат, Сарвари сулҳофару сулҳовари тоҷикон – Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ифтихори 30 – юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар макони муқаддас – Қасри Арбоб ироа гардид, дастури роҳнамо ва ҳуҷҷати созандаест, ки моро аз таҷрибаҳои таърихӣ сабақ дода, дар роҳи ҳифзи сулҳ, истиқлоли давлатӣ, суботи сиёсӣ ва гиромидошти арзишҳои миллӣ ҳидоят менамояд.

Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, ки "Ман дар назди ин халқи қаҳрамону матинирода сидқан сари таъзим фуруд меорам. Агар тайи сӣ сол хурду бузурги мардуми Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи моро дастгирӣ намекарданд, мо ба сулҳу оромӣ ва пешрафту тараққиёт, яъне ба ин рӯзҳои нек намерасидем”.

Сиёсати Президенти мамлакат сиёсати созанда аст, сиёсате, ки машъали боварҳоро ба фардои аз имрӯз ободтар ва дурахшон фурӯзон нигоҳ медорад, сиёсате, ки дар меҳвари он ибтикороту ташаббусҳои навину судманд ба хотири зиндагии шоистаи ҳар як сокинони Тоҷикистон қарор дорад. Аз ин ҷост, ки мардуми саодатманди тоҷик аз хурду бузург ҳама ҷонибдору пайравони сиёсати ояндаафрӯзи Садри аъзаму маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.



Исмоилова Мафтуна,

омӯзгори донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ