​Ҳамкории манфиатбор

Имрўз Эрон барои бисёре аз фарҳангиёни тоҷик рамзи зиндаи гаҳвораи тамаддуни ориёӣ аст.

Дар ҳақ, яке аз кишваре, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳояшро бо он пураҳамият ва арзишманд меҳисобад, Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Сиёсатшиносон равобити Тоҷикистону Эронро «шарикии табии стратегӣ» таъбир кардаанд, ки ин ҳақиқатан дуруст аст. Рушди муносибатҳои беш аз пеш густаришёбандаи ин ду кишвари дӯст – Тоҷикистону Эрон, – бешак, ба нақши фаъолонаи Президент Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад. Зеро Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи сиёсиро бо муносибати шахсии дӯстона, бо Раисони Ҷумҳури Эрон, омезиш дода, самимият ва ҳусни тафоҳуми ин муносиботро бар манфиати давлат ва миллати тоҷик корбаст мекунад.

Дар ин росто, густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмӣ миёни Тоҷикистону Эронро амри табиӣ донистани Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ як фоли нек оид ба ҳамкориҳоро дар соҳаи амният маҳсуб медонем. Зеро вазъи имрӯзаи манотиқи Осиёи Миёна ва ҷаҳон хеле ҳассос асту ин ҳамкориҳо баҳри бартарафкунии вазъи нигаронкунандаи Афғонистони ҳамҷавор, ки дар маркази таваҷҷуҳи тамоми давлатҳои ҳамсоя ва тоҷикони дунёст, роҳнамое хоҳанд гашт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами тоҷикони дунё, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид медоранд, ки: “Мо хоҳони истиқрори ҳарчи зудтари сулҳу суботи комил дар он кишвар, ки омили муҳими таъмини амният дар минтақа мебошад, ҳастем.

Кишвари мо омодагии худро барои мусоидат ба ин раванд таъкид намуд.” Дар ҳақиқат мо тоҷикон, ки худро аз асилзодагони фарҳангу тамаддун ва сулҳпарвару ваҳдатсаро ҳастем бар тақдири ҳамсоядавлати худ бетараф нестем ва хоҳони ҳарчи зудтар ором гардидани давлати ҳамҷаворему пойдории сулҳро дар он кишвар интизорем. Зеро, нооромӣ дар Афғонистон амнияту суботро дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба таври ҷиддӣ халалдор мегардонад.

Мо, тоҷикон ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ “мазза”-и ҷангро чашидаему бесарусомониҳои пасоҷангии вазъи кишвар ба солҳои дароз оқибатҳои фоҷиабореро оварда буд, вазъу шароити кулли шаҳрвандони афғонро ба хубӣ эҳсос дорему ҳамдард ҳастем. Шукронаи ободии мулку шукронаи ҳастии Садри муаззам дорем, ки моро ба ин оромиву ба шукуфоӣ расониданд.

Агар давлатҳои манотиқи ҳамҷавору ҳамфарҳангу ҳамзабон як бишаванду ҳамкориҳои судманди ҳамдигарро қабул намуда, баҳри ободиву осоиштагии мардуми ҷангзадаи афғон кӯмаке бинмоянд, шояд, ки ин халқу давлат ҳам ба оромӣ бирасад...

Шарифзода М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ