Ҳафтаи илм дар факултети филологияи тоҷик
Дар факултети филологияи тоҷик ҳафтаи илм оғоз гардид. Декани факултет дотсент Муҳаббат Тиллохоҷаева ҳафтаи илмро ҳусни оғоз бахшид. Бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик мизи мудаввар дар мавзўи “Асосҳои илмӣ ва махсусиятҳои методии таълими услубшиносӣ” доир гардид.
Мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик дотсент Шоира Ҳакимова ифтитоҳ бахшида, ҳадафи ташкили мизи мудавварро шарҳ дод. Қайд гардид, ки услубшиносӣ ба тамоми соҳаҳои забон алоқаи зич дошта, услубҳои забони адабӣ – расмӣ – коргузорӣ, илмӣ, публитсистӣ, бадеӣ ва гуфтугўиро дар истифода меомўзад. Ба ин маънӣ услубшиносӣ услуби функсионалӣ асту бас. Талаботи муоширати иҷтимоӣ услубҳои гуногуни нутқро ба вуҷуд овардааст, ки онҳо мундариҷаиуслубшиносиро ташкил медиҳанд.
Сипас, дотсенти кафедра Ш.Пўлодова доир ба хусусиятҳои методии таълими услубшиносӣ маърўза намуда, иброз дошт, ки услубшиносӣ тамоми соҳаҳои забонро дар бар мегирад ва доираи хеле васеъ дорад. Аҳамияти амалии ин соҳаи забон маҳз аз он иборат аст, ки муҳассилин бо назарияи услубшиносӣ мусаллаҳ шуда, қонунҳои истифодабарии воситаҳои забониро меомӯзанд.
Дотсент М.Аҳмадов аҳамияти амалии ин фанро чунин шарҳ дод, ки назария асоси амалияро фаро гирифта, услубшиносии амалӣ бо маданияти нутқалоқаи зич дорад, зеро дар истеъмоли воситаҳои забонӣ ба назария такя мекунад.
Декани факултет дотсент Муҳаббат Тиллохоҷаева таъкид дошт, ки дар ҷараёни таълими услубшиносӣ хонандагон бо тамоми услубҳои забон расмӣ – коргузорӣ, илмӣ, публисистӣ, бадеӣ ва гуфтугўӣ, ки ҳамаи инҳо якҷоя забони адабии миллиро ташкил медиҳанд, шинос мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки вазифаи услубшиносии назариявӣ маҳз иборат аз ошкор намудани созмони услубии забони адабӣ, қонунҳои ташаккули услубҳои функсионалии нутқ иборат мебошад. Вобаста ба ин бояд гуфт, ки вазифаи амалии услубшиносӣ баланд бардоштани дараҷаи маданияти нутқи аъзои ҷомеа аст.
Устодон М.Раҳимова, У.Абдурашидова, И.Бобоева ва магистрант Ш.Алибоева доир ба масъалаи матраҳгардида табодули афкор намуда, қайд карданд, ки мақсади дарсҳои забонитоҷикӣ танҳо ба хонандагон додани дониши муайян аз грамматика набуда, балки дар онҳо ҳосил намудани донишҳои орфографӣ ва услубӣ низ мебошад.
Муовини декан оид ба илм ва инноватсия дотсент Сорбон Азизов ба сухан баромада аҳамияти баргузории мизи мудавварро мусбат арзёбӣ намуд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар пешниҳод гашт, ки устодони кафедра роҳҳои ҳалли таълими салоҳиятноки услубшиносиро дар муассисаҳои таҳсилоти миёна дақиқан таҳлилу баррасӣ карда, силсилаи мақолот ба ёрии омўзгорон баинтишор расонанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил