Аҳдномаи тақдирсоз

17-уми сентябри соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе вохӯрии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид

Боиси ифтихор аст, ки ин вохӯри дар сарзамини биҳиштосои мо доир гардид.

Барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Сарони давлатҳои аъзои Созмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, инчунин роҳбарони ҳайатҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҳиндустон дар макони баргузории ҳамоиши сатҳи баланд дар “Кохи Наврӯз” ба ҳам омаданд.

Бояд гуфт, ки 21 давлатҳои ҷаҳон узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мебошанд ва 20 солагии ин Созмон дар пойтахти азизамон баргузор гардид, ки дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои заррин навишта шудаанд.

Меҳмонон аз гӯшаву канори олам ба сарзамини биҳиштосои мо қадам ниҳаданд ва боз ҳам боварӣ ҳосил намуданд, ки Тоҷикистон табиати бойу нотакрор ва мардуми меҳмоннавозу меҳнатқарин дорад. Дар мулоқоте, ки байни сарони давлатҳои Эрону Покистон баргузор гардид масъалаи доғи рӯз, ки ҳамаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст вазъияти баамаломадаи Афғонистон мебошад. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварда шуд, ки дар Афғонистон вазъияти оташбас эълон карда шавад ва мардуми Афғонистонро, ки 45 фоизашонро тоҷикон ташкил медиҳанд дар ҳолати тинҷиву осудагӣ умр ба сар баранд. Хушбахтона ин иқдом аз ҷониби Сарони давлатҳо дастгирӣ ёфт ва умед барон мебандем, ки рӯзҳои наздик дар Афғонистон низ офтоби сулҳу салоҳ дурахшон мегардад.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ