Абармарди фаррухпай!
Дар рӯзҳои офтобии тирамоҳи заррин сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти овозадори Суғд ва маросими иштироку ифтитоҳи чандин муассисаҳову корхонаҳо, иншоотҳои дигари ҳаётан муҳим шаҳодати воқеии файзу баракот, амну субот, осудаву ободии кишвар ва нишоту хуррамии мардуми заҳматпешаамон мебошад. Қадамҳои пурфайзу пурбаракоти Пешвои муаззами миллатро тамоми мардум бесаброна интизорӣ мекашанду бо руҳияи баланду табъи болида хоҳони ташрифи ин абармарди таърихӣ, бузургсолори миллат ба сарзамини биҳиштосоямон, хоса маҳали зисти худ ҳастанд. Қадамҳои устувору дурбинонаи ин марди матин ба ҳар оилаву маҳал ободониву накӯкорӣ меоварад, ки қалби ҳар як тоҷикистониро саршор аз меҳри ватанпарварӣ месозад.
Мақоли пурҳикмати халқи куҳанбунёди тамаддунофарамон таъкид менамояд, ки “бузургонро бузургон зинда медоранд”. Тасдиқи воқеии ин андарзи мутаффакиронро метавон дар мисоли ифтитоҳи пуртантанаи Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров бо муҷассамаи хушсимои алломаи нотакрор мушоҳида кард. Қадрдониву мақому манзалати олими нуқтасанҷ, хушкору пурфитрат, сиёсатмадори барҷаста, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров бори дигар исбот менамояд, ки мардум меваҳои шаҳдбори соҳибистиқлолиро маҳз дар натиҷаи заҳмату талошҳои чунин абармардони таърихӣ чашида истодаанд. Мусаллам аст, ки таълифу нашри шоҳасари “Тоҷикон” аз ҷониби академик Бобоҷон Ғафуров заминаи боэътимоди Истиқлоли давлатии мо мебошад.
Хеле рамзист, ки сафари кории Пешвои муаззаму мӯътабарамон ба рӯзҳои фараҳбахши таҷлили солгарди Иҷлосияи тақдирсози XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам омадааст. Ба арсаи сиёсатмадорӣ ниҳодани қадамҳои устувори Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992 – юм аз қасри муқаддаси Арбоб оғоз ёфтаву то ҳанӯз бо суботу шаҳомат, салобат идома ёфта истодааст. \
Бузургдошти аллома Бобоҷон Ғафуров бори дигар ба ҷаҳониён собит месозад, ки миллати тоҷик куҳанбунёдутамаддунофар, фарҳангсолори сулҳхоҳ мебошаду нобиғаҳои бемислро тарбият кардааст. Амалҳои шоистаи Пешвои муаззам ҷиҳати бузургдошти симоҳои барҷастаи миллӣ барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа, алалхусус насли ҷавон мояи ибрат дар ватандӯстиву меҳанпарастӣ, садоқату ҷасорати қаҳрамонона ба Ватан мебошад, ки мебояд аз Эмомалӣ Раҳмон омӯхт ва пайравию пайгирӣ кард. Итминони комил дорам, ки мардуми кишвар бо ифтихори самимӣ аз Пешвои худ ҳамеша ҷиҳати таъмини оромиву осудагӣ, созандагиву бунёдкорӣ, сулҳу субот, сарсабзу хуррам гардонидани сарзамини ҷаннатулмаконамон саъю кӯшиш менамоянд. Зеро, эътимоди қавӣ доранд, ки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии хирадманди дурандеш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдории сулҳу субот, гул – гул шукуфоии Ватани маҳбумамонро таъмин хоҳад кард ва Истиқлолияти давлатиро пайгирона эмин медорад.
Ҳамаи ҳамдиёронро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни солгарди Иҷлосияи XVI – ум ва ташрифи файзовари Пешвои миллат – муҳтарам Эмомали Раҳмон муборакбод намуда пойдории сулҳу субот, сарҷамъиву ваҳдати миллӣ, хонаободиву сарбаландӣ таманно менамоям.
Ҷашнҳои бузурги давлатӣ муборак!
Собиров М.С. – дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”
Абдухолиқзода М.А.- дотсент, декани факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”