​Даъвоҳои беасосро решакан бояд кард!

Даргириҳою нооромиҳои дохили Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пеш аз Инқилоби Савр (1978) оғоз ёфтаву то инҷониб сабабгори ҳалокшавии ҳазорон нафар мардуми осоиштаю касодии иқтисодии мамлакат, афзудани теъдоди муҳоҷирону гурезагони иҷборӣ гаштааст. То ҳол, новобаста аз низоми муайяни давлатдорӣ дар ин мамлакат минтақаҳои муайяне ба ҳокимияти расмӣ тобеъ набуда муқовиматҳои дохилӣ идома ёфта истодаанд. Агар сабабҳои ин равандро таҳлил намоем, ба назар дар мадди аввал сатҳи пасти фарҳангу маърифати сиёсии аҳолӣ мебошад, ки дар риоя накардани дастуру супоришҳои роҳбарияти расмии давлат инъикос мегардад. Яъне, қисми зиёди аҳолӣ манфиатҳои қабилавӣ ё минтақавии худро аз манфиатҳои давлат боло медонанд ва пояи давлатдориро заифу ноустувор мегардонанд. Ин ҳолат барои иғвогарону дасисабозони муғриз заминаи мусоиде фароҳам меоварад, ки ба низоъю тафриқаандозӣ машғул бошанду то ба андозае муваффақ ба мақсадҳои нопокашон шаванд.

Баъзе ҷабҳаҳои раванди зикрёфтаро метавон дар вазъи сиёсию иқтисодии Ҷумҳурии Қирғизистони ҳамсоя мушоҳида намуд, ки зиддиятҳои маҳалгароию минтақавӣ, муқовиматҳои байни авлодиву ғайра боиси инкори ақидаю ғояҳои якдигар гаштаасту тез – тез (ҳатто беасосона) президенту вакилони парлумон интихобу иваз мешаванд ва сатҳи устувории давлатдорӣ коҳиш меёбад. Гурӯҳи камшумори балвогари дасисакор вазъи сиёсии кишварро халалдор ва ноором месозанд, ки мақсади асосиашон “обро лой карда моҳӣ (манфиати иқтисодию сиёсӣ дидан) доштан” асту бас. Дар ин ҷода ин тоифаи иғвоангезон ҳатто андешаи объективии таъмини обрӯву нуфузи Ватани худ дар арсаи байналмилалиро надоранд, ки онро метавон дар раванди ҳаллу фасли мушкилотҳои демаркатсияи сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида намуд.

Гарчанде, ки тӯли солҳои 1985-2021- ро чандин музокироту гуфтушунидҳо оид ба мушкилотҳои марзи байнидавлатӣ суръат гирифтаву созишномаҳо дар асоси фаъолияти гурӯҳҳои салоҳиятноки корӣ ба имзо расида бошад ҳам, то ҳанӯз ин мушкилотҳо то ба натиҷаи ниҳоӣ ҳаллу фасл нагардидаанд. Бар замми он, гурӯҳҳои иғвогар мардуми маҳалро ноором сохта вазъияти сиёсиро муташанниҷ месозанд.

Даъвоҳои тоифаи дасисакори нобакор ба Даргоҳи байналмилалӣ, сарфи назар кардани далелҳои таърихӣ ва дигар амалҳои ношоиста ҳама беасос буда эътимоди мардуми Тоҷикистонро ба ҳаққонияти хеш ва амалҳои оқилонаи роҳбарияти олии кишвар қавитар мегардонанд.

М.С. Собиров – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ