​Номуросоии ҳаммарзон айб аст...

Дар рӯзҳои охир он воқеотҳое, ки ба воситаи садову симо оид ба муноқишаҳои ҳамдигарнофаҳмонаи халқи ду кишвар шунида истодаем, ҳодисоти нангини рӯз ба ҳисоб меравад, зеро мо ду миллати ҳамсоя бо ҳамдигар додугирифти на танҳо иқтисодиву иҷтимоӣ, балки фарҳангӣ низ дорем.

Муноқишаи ҳамдигарнофаҳмонаи ин ду миллати ҳаммарз хурсандии душманони кишварамон Тоҷикистону ҳамсоякишварамон Қирғизистонро дучанд карда истодааст. Ҳоло ҳар ду миллат барои мудофиаи марзи худ кӯшида истода, иғвоҳои душманони худро ҳамроҳ аз байн бурданианд.

ВАО дар бораи ҳар ду миллат хабар дода истодааст, ки силоҳҳои ҷангӣ омодаи куштани ду бародармиллат дар сарҳадҳо буда, якчанд нафар аз ҳарду тараф ҷароҳатҳои ҷониву ҷисмонӣ бардоштаанд ва низоъ давом дорад.

Гуфтан мумкин аст, ки хотири душманони хориҷиву дохилӣ аз ин ҳодисот хеле ҷамъ гардидааст, зеро онҳо ба ҷои ёрӣ додан тамошобин гардида, ҳарду халқро ба ошӯб андохта истодаанд. Ҳамин тавр бошад ҳам, набояд фирефтаи иғвову дасисаҳои ошӯбандозон гардид, ки натиҷаи мулзам дода истода, халқи ду кишварро ноором намуда истодааст.

Акнун мебояд мо андеша кунем, ки ҳамин номуросоӣ ба кадом оқибат меорад. Ҳар ду миллат низ худашонро ҳақ медонанд. Ҳақро барои ба ҳақдор расонидан ба муросо мебояд кӯчид. Сулҳро дар байни ду миллат барқарор бояд намуд, зеро ҳар як сокини ҳарду кишвар сулҳро интизоранд. Ба нооромӣ тоб надоранд, қадри оромиву сулҳ аллакай гузашта истодааст. Чи тавр бошад ҳам ҳамдигарфаҳмиро пеша намуда, ҷилави сулҳро дар мобайни халқ сахтакак доштан - амри ҷамъияти осоишта буданашро ҳарду халқ дарк мекунанд.

Аксарияти ин низоро шоҳидгардидагон чӣ будану чӣ шудани онро намедонанд, ҷанг шуда истодааст мегӯянд, “ҷанг чист?” ба моҳияти он сарфаҳм намераванд. Иштирокдорони ин низоъ мақсади куштан ва мурдани хешро надоранд, танҳо ба муросо мекӯчанд, зеро роҳбарони кишварҳо барои ин вазъро ба эътидол овардан ҳамаи чораҳои бартарафкунии онро андешида истодаанд.

Пешравони сиёсии пешқадам - яъне роҳбарони ду ҳамсоякишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷаппаров чораҳои зарурӣ барои бартараф намудани ин низоъ андешида истодаанд, ки танҳо манфиати халқи ду кишварро ҳимоя менамояд.

Ин муаммои печидаи рӯз дар замони мо аст. Бесарамҷонии ҷамъиятро ҷорӣ намудагон ҷазои ба худ мувофиқ хоҳанд гирифт.

Пеши ин ҳодисотро ба таҳлука наафтода мебояд гирифт, ки ба ин мо омӯзгорон саҳми васеъ дорем. Ба донишандӯзони худ, ки асосан ҷавононро ташкил мекунанд, барои ба таҳлукаву воҳима роҳ надодан онҳоро ором созем. Мекӯшем, то ҷавонон дарк намоянд, ки Тоҷикистон мамлакати шикастнопазир аст. Ҳамдигарнофаҳмии миллати қирғиз бо роҳи сулҳ ба анҷом мепазирад. Ҳақ ба ҳақдор мерасад ва ин номуросоӣ ба муросо табдил мегардад.

Устодони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ