Либос нишон аз фарҳанг аст
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати таҳкими Истиқлолият ва сулҳу субот тамоми рукнҳои давлатдории худро эҳё карда, бо фарҳанги волои худ дар олам машҳур гаштааст. Либоспӯшии тоҷикон аз қадим аз дигар халқҳо фарқ дошт ва он як ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, риоя кардану аз бар намудани либосҳои миллӣ бояд барои ҳар як соҳибватан шараф бошад. Инчунин, донистани тарзи либоспӯшӣ ва риояи он дар муҳити атроф ба фарҳанги миллӣ таъсир расонида, сатҳи ҷаҳонбинӣ, маданият ва завқи зебоипарастии халқро ифода ва муаррифӣ менамояд. Ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд ба маданияти либоспӯшӣ диққати аввалиндараҷа диҳад; бо кадом либос ҳузур доштани худро дар хона, назди ҳавлӣ, гирду атроф, ҷойҳои ҷамъиятӣ, корхонаву муассисаҳо, чорабиниҳои гуногун донад ва хешро бо тарзи дурусти либоспӯшӣ муаррифӣ намояд.
Аз сарчашмаҳо аён аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати саноатӣ, шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни башарият саҳми босазо гузоштаанд. Халқи тоҷик чун кошиф ва ихтироъкори абрешим, матоъҳои абрешимӣ, аз ҷумла атласи оламшумул дар ақсои олам шӯҳратёр гаштааст. Ҳанӯз аз замонҳои қадим матоъҳои атласу адрас қимати баланд доштанду шоҳону сарватмандон ба ҳомиёну сарлашкарони худ ба нишони иззату икром пероҳанҳои зарбофти аз ҳамин матоъҳо омодашуда тақдим менамуданд. Шоҳони қадим товони ҷангро бо матои атлас мепардохтанду бар ивази моҳонаи ҷанговарон барояшон лундаҳои матои атлас медоданд. Бояд таъкид сохт, ки дар баробари ин занону духтарони атласпӯш низ зиёданд, ки бо дидани онҳо баҳри дили кас кушода ва садои қалбҳо бо садои нағмаҳои борону хандаи тифлакон ҳамнаво мегардад. Ин гулдухтарони атласпӯш фариштаҳоеро мемонанд, ки бо рангу тобиши муҷалло зери ин навоҳо ба ҷилва меоянд.
Зарурати омода намудани либосҳои тавсиявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар банди 4 «Қоидаҳои донишҷӯӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 2006 №32/3) таъкид гардидааст.
Либоси донишҷӯӣ дорои хусусияти хос буда, дар инкишофу такомули тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори миллии донишҷӯён нақши бузург мебозад. Либосҳои намунавии донишҷӯӣ дар замири донишҷӯён ҳисси зебопарастӣ, озодагӣ ва хулқу атвори ҳамидаро ҷой намуда, онҳоро водор месозад, ки хушбин ва бо интизом бошанд.
Имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки дар бештари соҳаҳо ва бахшҳои мухталиф, идораву муассиса, корхонаву коргоҳҳо вобаста ба шароити кор либосҳои махсус (униформа)тавсия шудааст.Ба бар кардани либосҳои махсус ҳатмӣ буда,он ба ҳифзи либосҳо ва аз ҳар гуна ифлосӣ муҳофизат кардани либоси кормандон нигаронида шудааст. Ҳар корхонаву коргоҳ ва муассисавуташкилот намуди либоси махсуси худро дорад, ки бар намудани онҳо барои занону духтаронмувофиқи мақсад мебошад. Алҳол дар марказҳои савдою хизматрасониипойтахт аллакай ин дастурамал риоя мегардад.
Дастурамали либоси тавсиявӣ тарҳи намунавии либосҳои донишҷӯёни донишгоҳро оид ба ҳар як фасли сол барои духтарон ва писарон муайян менамояд. Либосҳои донишҷӯёни донишгоҳ бояд аз матоъҳои пахтагию абрешимӣ ё худ пашмӣ, ки барои саломатии инсон безарар аст, дӯхта шаванд. Аз истифодаи матоъҳои синтетикӣ, ки ба саломатии донишҷӯён зараровар мебошанд, худдорӣ карда мешавад. Оиди Дастурамали либосҳои тавсиявии донишгоҳ дар замири донишҷӯён ҳисси зебогӣ, озода ва хулқу атвори онҳоро нишон медиҳад, барои бинанда маълум мегардад, ки ин либосҳои тавсияшуда хоси симои донишҷӯ мебошад.
Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ бо таъсири пешрафти техника ва технология, рушди истеҳсолот ва раванди ҷаҳонишавӣ дар анъанаҳои миллии либоспӯшӣ дигаргуниҳо ворид гардиданд. Дар ин раванд аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст, ки мақсади таҳияи он пешгирӣ аз ворид гардидани фарҳанги либоспӯшии бегона ва махлут гардидани фарҳанги суннатии тоҷикон мебошад. Тарзи либоспӯшӣ ва риояи он дар муҳити атроф ба фарҳанги миллӣ таъсир расонда, сатҳи ҷаҳонбинӣ, маданият ва завқи зебоипарастии мардумро ифода ва миллатро муаррифӣ менамояд. Ёдовар мешавем, ки 25-уми март дар маҷмааи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар тантанаҳои ҳамоиши наврӯзӣ – «Корвони шодӣ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди пӯшидани либоси бегона чунин таъкид намуда буданд: «Забону фарҳанг ва анъанаҳои миллии худро дӯст дорем. Сарулибосҳои миллиамонро дӯст дорем. Дар мамлакат ҳамасола ба хотири тарбияи эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа, бахусус баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ байни кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занону мардон, риояи тарзи пӯшидани либосҳо ва муарифии либосҳои миллӣ чандин фестивал ва ҳамоишҳо, аз қабили «Ҷилваи рангҳо», «Сад ранги чакан», «Тоҷикона мепӯшем», «Либоси миллӣ» ва дигар барномаҳо доир мегарданд.
Модоме ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мост, пас, биёед, фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯркӯрона ба бегонагон фасод насозем ва онро ба ояндагон ба мерос гузорем. Умед бар он мекунем, ки корхонаҳои тавлидотии кишвар дар истеҳсоли матоъҳои хушсифату дастрас саҳми бештар дошта бошанд ва бо истифода аз ҳунару истеъдоди ҳунармандони касбии ватанӣ бозори истеъмолии кишварро бо молу матоъҳои рақобатпазиру бозоргир ҳарчи бештар таъмин намоянд,атласу адрас либоси мавсимӣ набояд бошад.
Бобохоҷаева Г. Қ – омӯзгори кафедраи
забони олмонӣ ва забони хориҷии дуюм