​АЗ ТАЪРИХИ ОСОРИ АХЛОҚӢ (аз оғоз то аҳди Сомониён)

Ривоёти таърихӣ ва асотирӣ равшангар аст, ки миллати фарҳангофари тоҷик аз қадимулайём таваҷҷуҳ ва ишқу алоқаи беандоза нисбат ба навиштаҳо ва гуфторҳои ахлоқӣ доштаанд. Мардуми эронитабор ҳанўз дар замони Зардушт бо воситаи китоби «Авасто»-и ў, ки ҳовии мазомини ахлоқиву ҳикмат низ аст, ба ахлоқи олӣ ва насиҳату тарбият рўй овардаанд. Беҳуда нест, ки муаллифи китоби «Таъсири панди порсӣ бар адаби арабӣ» дар бораи Зардушт навиштааст: «…нахустин ҳакиме, ки шарқ ўро мешинохт, Зардушт аст» (Таъсири панди порсӣ бар адаби араб, саҳ.33). Китоби «Авасто» мавриди мутолиаи дигар рўҳониёну уламои давр қарор гирифта, таҳти таъсири он китобу рисолаҳо рўи кор меомаданд.

Бахши умдаи осори паҳлавиро, ки дар онҳо масоили ахлоқӣ матраҳ аст, «андарзнома», «панднома», «тоҷнома», «худойнома» ва «оиннома»-ҳо ташкил медиҳанд. Пандномаҳо суханони андарзиву ҳикамӣ буда, бештар бо хитоб ба фарзандону мулозимон ва ё оммаи мардум таълиф мешуданд. Ин намуди осор бо ҷумлаҳои кўтоҳ ва содаву равон ба қалам омада, мақсади асосии муаллифони онҳо тарбияи ҷомеа ва талқини ҷойгоҳи хирад дар ободии мулку мамлакат мебошад. Аз номи пандномаву андарзномаҳое, ки дар бораи онҳо маълумот дар сарчашмаҳо зикр гардидааст, бармеояд, ки таълифи ин гуна рисолаҳо дар даврони сосонӣ равнақи тамом доштааст. Андарзномаҳоро «сурати аввалияи китобҳои ахлоқӣ дар забони форсӣ» қаламдод намудаанд (Ахлоқиёт, саҳ.17).

Дар давраи Сосониён андарзномаҳои бисёре навишта шудааст. Бино ба таъкиди соҳибназарон муайян намудани соли таълиф ва муаллифи гурўҳе аз андарзномаҳо кори мушкил ва ҳатто муҳол аст. Зеро ин гуна мутун ба таври шифоҳӣ низ нақл мешуда ва аз даҳон ба даҳон интиқол меёфтааст (Фарҳанги осори Эрон, саҳ.331). Дар андарзномаҳо ситоиши хираду ҳикмат ва ахлоқу суханони ҳикамӣ ҷойгоҳи хоса доранд. Доктор Исо ал-Окуб дар ин замина чунин менависад: «Маҷмўае аз кутуби асри сосонӣ ба мо расида, ки ангезаи нигориши онҳо мақосиди омўзишиву ахлоқӣ аст ва ба номи «андарзнома» ва «панднома» маъруфанд» (Таъсири панди порсӣ бар адаби араб, 35).

Андарзномаву пандномаҳо бахши асосии адабиёти паҳлавиро ташкил медиҳанд. Бузургоне, чун Озарбоди Маҳрсипандон, Зардушт писари Озарбод, Бахтофарид, Бузургмеҳр, Беҳзодфаррух, Озари Фаранбағ аз ҷумлаи ҳакимоне ҳастанд, ки ба навиштани пандномаву андарзномаҳо ҳиммат гумоштаанд.

Муҳимтарин андарзномаҳои паҳлавӣ, ки дар ин давра ба қалам омадаанд, ба қарори зайл аст:

а) Китоби шашуми «Динкард». Ин бахши китоб муфассалтарин ва бузургтарин пандномаи паҳлавӣ мебошад. Дар он бештар масоили одобу ахлоқ ва ҳикмати амалӣ таъкид ва баррасӣ шудаанд;

б) «Панднома»-и Бузургмеҳр (ин панднома аз аҳамияти хоса бархурдор будааст. Баъди интишори дини ислом мутарҷимон онро ба арабӣ тарҷума намуданд, ки қисме аз он дар «Ҷовидон хирад» омадааст);

в) «Андарз»-и Ушнари Доно;

г) «Химу хиради фаррухмард»;

ғ) «Панҷ хими рўҳониён»;

д) «Доруи хурсандӣ»;

е) «Андарз»-и доноён ба маздопарастон;

ё) «Андарз»-и Хусрави Каводон;

ж) «Чидаандарз»-и парйуткешон;

з) «Андарз»-и Беҳзодфаррухи Пирўз;

и) «Андарз»-и дастурон ба беҳдинон» ва ғ.

Чанд намуна аз андарзномаҳо:

«Ба умеди кори неке бузург гуноҳ макунед. Ба ҷавонӣ густох мабошед…» (Мероси хаттии бостон, ҷ.1, саҳ.289).

«Аз некон бош, то биҳиштӣ бошӣ» (Мероси хаттии бостон, ҷ.1, саҳ.291].

«Аз озори падару модар ва сардор сахт бипарҳезед, то тан бешукўҳу равон гунаҳкор набувад» (Мероси хаттии бостон, ҷ.1, саҳ.303).

«Андар тавонгарӣ хирад беҳтар, низ дар камчизӣ хирад паноҳтар» (Мероси хаттии бостон, ҷ.1, саҳ.308).

Таълифи «худойнома» ё худ «сияр-ул-мулук» дар аҳди сосонӣ ривоҷи тамом доштааст. Дар забони форсии миёна вожаи «худой» маънои «сарвар, фармонраво»-ро дорад. Сипас дар давраи тамаддуни исломӣ ин гуна осор бештар бо номи «сияр-ул-мулук» шинохта шудааст. Худойномаҳо аз ҷумлаи осоре ҳастанд, ки дар онҳо низ масъалаи ахлоқӣ зикр ёфтаанд. Муаллифон дар ин гуна осор ба подшоҳони худ перомуни масоили сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ ҳарф мезаданд, то амал тибқи он подшоҳонро аз заволи давлат ва вартаи нобудӣ бираҳонад. Агар шахсе бихоҳад, ки умури идориро бар дўш дошта бошад, барояш ҳатмӣ будааст, ки худойномаҳоро мутолиа намояд (Таъсири панди порсӣ бар адаби араб, саҳ.42). Бино ба таъкиди доктор Исо ал-Окуб, «…сияр-ул-мулук (яъне, худойномаҳо – Н.Н.), ки дар бахше аз худ шомили миқдори зиёди ҳикмат ва адабу маърифат аст, назди мардуми Эрон густарише беандоза ёфт ва асоси ислоҳоти ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ шуд» (Таъсири панди порсӣ бар адаби араб, саҳ.44).

Аз ин лиҳоз метавон бахше аз матлабҳои китоби болоиро ҳовии масоили ахлоқӣ қаламдод кард.

Тоҷномаҳо низ дар байни осори паҳлавӣ мақоми хоса доранд. Дар ин намуди осор тамоми ақволу афъоли шоҳон, чун идораи кишвар, маншурот, номаҳои сиёсӣ, суханони ҳакимон ва аҳволу аъмоли онон дарҷ мегардад. Бинобар ин дар байни матлабҳое, ки дар тоҷномаҳо сабт гардидаанд, тавсияҳои ахлоқиро низ мушоҳида намудан мумкин аст (Таъсири панди порсӣ бар адаби араб, саҳ., 44).

Дар адабиёти пешазисломии форсу тоҷик, илова бар он чи ишора шуд, таълифи «оиннома» низ ривоҷ доштааст. Оинномаҳо маҷмуаҳои китобу рисолаҳое ҳастанд, ки бо забони паҳлавӣ иншо шуда, дар он омўзиши дониш, касбу ҳунар, одобу қавоид, одоби шатранҷ, мақомоти бузургони дарбор ва подшоҳон дарҷ гардидаанд. Дар оинномаҳо зимни баёни матлабҳои зикршуда масъалаҳои одобу ахлоқ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Бино ба таъкиди муҳаққиқон, «ин китобҳо дарбардорандаи насоеҳ, ҳикматҳо, хитобаҳо ва раҳнамудҳои шоҳони доно ва ҳакимону андешамандон аст ба фарзандон, раоё, фармондеҳони низомӣ ва ба ҳар касе, ки мақомеро ба ў месупурданд» (Таъсири панди порсӣ бар адаби араб, саҳ., 47).

Таълифоти динӣ дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ аз куҳантарин китобҳо маҳсуб меёбанд. Таълифу тадвини рисолаҳову китобҳои динӣ бештар ба давраи зуҳури Зардушт пайванд мегирад. Китобҳои динӣ ба ҷуз қоидаву одоби ибодат ва русуми ниёиш ҳовии масоили пандуахлоқӣ низ ҳастанд, ки қобили таваҷҷуҳ аст. Мавзўи аслии баъзе аз бахшҳои «Авасто» танҳо андарзу ҳикмат аст (Таъсири панди порсӣ бар адаби араб, саҳ.49). Ё дини Монӣ, ки дар он афзун бар таолими зардуштӣ, ҳидоятҳои масеҳӣ ҳам дида мешавад, пандҳои Исоро (а) дар баъзе аз кутуби хеш ҷой додааст. Кутуби динӣ, ки бахши чашмгири адабиёти форсии тоисломиро ташкил медиҳанд, барои таъйини рафтору таҳзиби ахлоқ манобеи муҳим арзёбӣ мегарданд.

«Таърих»-и Геродот низ дар ин замина шоистаи таваҷҷуҳ аст. Дар китоби мазкур ахлоқу одоби муҳими мардуми эронинажод зикр ёфтааст. Одоби муошират, меҳмондорӣ, либоспўшӣ, шуҷоату мардонагӣ, дурўғ нагуфтан ва ғ. аз ҷумлаи онҳост [19, 52-56].

Ибни Надим дар «ал-Феҳрист»-и хеш зери унвони «Номи китобҳое, ки эрониён ва румиёну ҳиндиён ва араб дар мавоиз ва одобу ҳикам таълиф кардаанд» феҳристи анбўҳе аз кутубро овардааст. Аз байни онҳо чаҳордаҳ китоб аз таълифоти эрониён аст. Китоби «Зодонфаррух дар таъдиби писараш», ки дарбардорандаи панду андарзи ин ҳаким ба писараш аст, китоби «Мўбадони мўбад», ки аз андарзҳо ва ҷумлаҳои кўтоҳ фароҳам омадааст ва китоби «Сиранома» аз ҳакиме бо номи «Худобуд писари Фаррухзод», «Номаи Хусрав ба пешвоёни раияташ дар сипосгузорӣ» аз муҳимтарини онҳо мебошанд.

Мавзўъҳои ахлоқӣ, чун хўи нек, қаноату фурўтанӣ, бародарӣ, некиву накўкорӣ, дурандешӣ, шуҷоат, шикебоӣ, шарму ҳаё ва дигар ахлоқи олӣ дар пандномаву андарзнома ва тоҷномаву оинномаҳо матраҳ гардидааст. Хислатҳои нописандидае, чун риё, ҳавопарастӣ, дурўӣ, нодонӣ, озмандиву тангчашмӣ ва дигар разоили ахлоқиро муаллифони ин гуна осор маҳкум намуда, мардумро аз ин гуна хислатҳои бад ба парҳез фаро мехонданд.

Осоре, ки дар боло перомуни онҳо сухан рафт, бештар бо ҷумлаҳои кўтоҳ ва содаву равон иншо шудаанд. Бахше аз онҳо, махсусан андарзномаҳо, тариқи суолу ҷавоб ба қалам омадаанд.

Суханони ҳикамӣ ва тавсияҳои ахлоқии шоҳони сосонӣ, чун Хусрави Анўшервон, Ардашер писари Бобак, Шопур писари Ардашер, Баҳман, Ҳушанг ва вазирону мўбадон дар осори бозмонда аз ин давр сабт гардидаанд. Ҳикматҳое, ки аз забони ин шоҳон берун омадааст, ба таълифоти минбаъдаи ахлоқӣ таъсири худро гузоштааст.

Бояд афзуд, ки баъди интишори дини Ислом низ нависандагон суханони ҳикамиву панди шоҳону вазирони болозикрро дар таълифоти хеш ҷой додаанд.

Шоистаи таъкид аст, ки бахше аз кутуби ахлоқии тоисломӣ ба воситаи тарҷума маҳфуз мондаанд. Зеро баъди интишори дини Ислом гурўҳе аз олимону мутарҷимон ба тарҷумаи осор ҳиммат гумошта, барои ҳифзи ин гурўҳи осор хидматҳои мондагор анҷом додаанд.

Дар ин замина, метавон аз мутарҷимони маъруфе, чун Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ, Муҳаммад ибни Ҷаҳми Бармакӣ, Зодавайҳ ибни Шоҳавайҳи Исфаҳонӣ, Балозурӣ, Ҳасан ибни Саҳл, Фазл ибни Саҳл, Ҷабал ибни Зайд, Абони Лоҳиқӣ ва иддае дигар ном бурд.

Аз баррасии анҷомпазируфта чунин хулосакашӣ намудан мумкин аст:

а) Мардуми тоҷик аз давраҳои хеле қадим ба масоили ахлоқӣ таваҷҷуҳ доштаанд;

б) насри ахлоқӣ пеш аз Ислом бештар дар осоре, чун «тоҷнома», «андарзнома», «оиннома» ва «панднома» ба мушоҳида мерасад;

в) қисми бештари осори ахлоқии давраи Сосониён дар асрҳои нахустини исломӣ бо кўшишу эҳтимоми мутарҷимони эронитабор ба забони арабӣ тарҷума гардидаанд;

г) осори ахлоқии аҳди сосонӣ ва тарҷумаи арабии онҳо заминаи хуберо барои ташаккули насри ахлоқӣ дар аҳдҳои баъдина фароҳам овардаанд.

Нигматов Нўмонҷон, дотсенти кафедраи грамматикаи забони арабӣ

Раҳимов Басирҷон, муовини декан оид ба тарбия

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ