Иқтисодиёти технологияҳои муосири телекоммуникатсионӣ
Таҳти унвони “Иқтисодиёти технологияҳои муосири телекоммуникатсионӣ” дастури таълимӣ нашр шуд. Муаллифи он Сайдуллоев Умедҷон, мудири кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионии донишгоҳ маҳсуб меёбад.Ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ талаботи давру замон буда, марҳилаи навбатии рушди мамлакат маҳз дар шароити низоми иттилоотии ташаккулёфта имконпазир мегардад. Хадаф аз таълифи дастури таълимии мазкур роҳандозӣ намудани унсурҳои асосии Стратегияи миллии рушд, яъне рушди иқтисоди миллӣ бо роҳи азхудкунии иқтидорҳои истеҳсолии нав ва ҷалби технологияҳои навин ё худ инноватсионӣ унвон мешавад. Муҳтавои дастур масъалахои асосҳои назариявии иқтисодиёти технологияҳои телекоммуникатсонй, намудҳои асосии система, вазъи имрӯз ва дурнамои рушди технологияҳои телекоммуникатсионӣ дар кишвар ва стратегияи рушди он, сармоягузорӣ дар соҳа, ҳолати даромаднокии ширкатҳо, хусусиятхои бозори телекоммуникатсия ва низоми назорати сифати онҳо ва умуман таҳлилу баррасии иқтисодии фаъолияти ширкатҳои телекоммуникатсионии муосир дар кишварро фаро гирифтааст.
Дастур ҳамчун маводи таълим ба донишҷӯён, аспирантон, унвонҷуён ва дигар алоқамандони соҳаи иктисодиёт ва телекоммуникатсия тавсия мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил