​Китоби нав бо номи “Амнияти ҷомеа” интишор гардид

Таҳти унвони “Амнияти ҷомеа: Арзишҳои миллӣ ва динӣ дар муқовимат бо ифротгароӣ” китоби тозанашр рӯйи кор омад. Китоб фарогири маҷмӯи мақолоти олимону муҳаққиқони риштаҳои ҷомеашиносӣ, коршиносони сиёсӣ ва амнияти ҷомеа мебошад, ки дар онҳо масоили шева ва усулҳои навини муқовимат бо ифротгароӣ ва зӯроварӣ, аз ҷумла нақши арзишҳои миллӣ ва динӣ дар пиёда сохтани тарҳҳои мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шудаанд.

Ҳамзамон, равишҳои муфид ва муҳими пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, боло бурдани сатҳи маърифати насли наврас чун усули муҳими тақвияти муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб аз дидгоҳи коршиносон ва олимони ҷомеашинос ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд.

Китоб аз ташаббусҳои аввалин дар анҷом додани тарҳи нашри силсилавии “Амнияти ҷомеа” буда, мутолеаи он ба доираи васеи хонандагон тавсия мешавад.

Гуфта мешавад, ки нашри китоби мазкур минбаъд идома ёфта, ҳамчун анъанаи муфид ҳамасола амалӣ хоҳад шуд.

Хотиррасон менамоем, ки ин иқдом дар партави дастури ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ шуда, мураттибони китоб масъулини Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ маҳсуб меёбанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ