Мо намегӯем, ки ӯ аз дори дунё рафтааст...
Ҷалилова Дилбар Муиновна. Ин ном барои ҷомеаи устодону донишҷӯёни факултети иқтисодӣ азизу мондагор аст. Мавсуф аз зумраи бонувони муваффақи кишвар, ватандӯст, худшиносу содиқи касби пуршарафи омӯзгорӣ буд.
Мегӯянд, ҳар мавҷудоти ҷондор чашандаи марг аст. Дилбар Ҷалиловаро низ марг аз байни азизон ҷудо намуд. Аммо ному пайкори неки ӯ дар ёдҳо то абад зиндаву ҷовид аст.
Номбурда шурӯъ аз соли 1999 дар вазифаи сармуаллимаикафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинги факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров фаъолият дошта, муаллифи беш аз 15 мақолаҳои илмӣ ва иштирокчии як қатор конфронсу симпозиумҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ маҳсуб меёбад.
Маврид ба зикр аст, ки давоми фаъолият Дилбар Ҷалилова ҳамчун омӯзгори асил ва педагоги муваффақ, инсони хоксору поктинат, ташаббускору масъулиятшинос дар байни ҷомеаи устодону донишҷӯёни донишгоҳ обрӯву нуфузи баландро соҳиб буд.
Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз марги Дилбар Ҷалилова андуҳгин буда, барои пайвандону наздикон ҳамдардӣ баён мекунад.
Маркази иттилоот ва таҳлил