​Ёди ӯ зинда аст...

Онҳое, ки дар рушди илму маориф ва пешрафти ҷомеа хидмати арзанда намудаанд, ному ёди онҳо мондагор аст. Чунин афрод ҳатто баъд аз марг низ дар қалбҳо зиндаву ҷовид хоҳанд монд.

Муртазоев Ҳотам, олими номии факултаи физика ва техникаи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз зумраи чунин ашхос буд, ки риштаи умри эшон дар синни 78 солагӣ канда шуд.

Номбурда аз намоёнтарин олимони соҳаи илмҳои дақиқ ба шумор меравад, ки дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ маъруфият дошт.

Муртазоев соли 1965 Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Ленинобод (ҳозира МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”) -ро аз рӯи ихтисоси физикаю математика хатм карда, дар ҳамин донишгоҳ ба кор шурӯъ кард.

Номбурда дар зинаҳои гуногуни касбӣ шуруъ аз лаборант то профессори кафедра фаъолияти самаранок дошт.

Солҳои 1966 – 1976 нахуст лабарант, лабаранти калон буда, ба дараҷаи муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт, шуруъ аз соли 1978 дотсенти ҳамин кафедра буд.

Аз соли 1978 то 1992 дар вазифаи ҷонишини декани факултаи физика кор кардааст.

Солҳои 1980-1983 профессори факултаи илмҳои табии Донишгоҳи Политехникии шаҳри Конкри ( Гвения, Африқои ғарбӣ), аз соли 2003 ин ҷониб профессори кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров фаъолият бурдааст.

Натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии профессор Муртазоев Ҳотам оид ба мизони радиатсияи ё афканишот дар макони партовгоҳҳои радиоактивии қаламрави Суғд, ӯро ба як олими сермаҳсули сатҳи минтақа муаррифӣ кардааст.

Пажӯҳишҳои мавсуф аз сӯи масъулони Оҷонси амнияти ядроӣ ва радиатсионии кишвар ва созмонҳои байналмиллалии назорат аз энерҷии ҳастаӣ ва ё МАГАТЭ мавриди корбурд қарор дода шудаааст.

Ҳарчанд олими пуркору сермаҳсул Муртазоев Ҳотамҷон дигар дар байни ҷомеаи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нест, номи ӯро аъмоли наҷиб ва хидматҳои арзандаашто обад зинда нигоҳ хоҳад дошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ