Торҳои дили Ҷӯрабек Муродов
Ҷӯрабек Муродов (24.12.1942, д. Куруди н. Айнӣ), педагог, сароянда ва оҳангсоз, профессор (1998). Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1967). Артисти халқии Тоҷикистон (1974). Артисти халқии ИҶШС (1979). Барандаи ҷоизаи комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон (1975), дорандаи медали тиллоии ҷоизаи «Минон» (Роҳи абрешим, Ҷопон, 1987), Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1987). Дастпарвари ДДОЛ ба номи С. М. Киров (1962). Асистенти кафедраи педагогика ва методикаи таълимии ДДОЛ ба номи С.М. Киров (1962-63), овозхони филармонияи давлатии Тоҷикистон (1963-92), овозхони театри мазҳакаи мусиқии ш.Хуҷанд (1992-98), профессори факултети санъат дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд(1998-2001), роҳбари ансамбли шашамақомхонони «Нури Хуҷанд» (аз с.2001), профессори кафедраи санъати мусиқии анъанавии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” (аз с.2012).
Мавсуф тӯли 40-соли эҷодиёташ зиёда аз 1000 суруд ва 300 оҳанг офаридааст. Шаҳрванди фахрии шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Нурато, Чуст, Косон, Рамле (Исроил), Ню Ҷерси (ИМА). Бо барномаҳои консертӣ дар давлатҳои ИМА (1989), Исроил (1993, 1998), Белгия (1996), Эрон (1972, 1991, 1993, 1996, 1997), Афғонистон (1966, 1979, 1982), Ироқ (1997), Ҷопон (1982, 1987), Австрия (1975, 1990), Канада (1967), Сурия (1997), Лубнон (1973), Италия, Малта, Кипр (1973), Туркия (1995, 1997, 2002), Дубай (2006) ҳунарнамоӣ кардааст.
Дорандаи ордени «Нишони фахрӣ», «Медали барои шуҷоати меҳнатӣ», Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, ҶШС Ӯзбекистон, ҶШС Қирғизистон. Бахшида ба эҷодиёт ва мақому манзалати Ҷӯрабек Муродов дар соҳаи санъат китобҳои «Сад суруди Ҷӯрабек Муродов» (1982), «Олимақом» (1996), «Маҳбуби Худо» (1993), «Ҷӯрабек Муродов» (2002) таълиф ва филмҳои «Ҳофизи мо» (1997), «Торҳои дил» (1980) ба навор гирифта шудаанд. Дар китобҳои «Музыканты мира», «Кто есть кто в современном мире», «Золотой фонд энциклопедии музыки» дар бораи Муродов иттилоот фароҳам омадааст. Сурудҳои нотакрори Муродов «Ватан», «Модар», «Замин», «Тоҷикам ман», «Замини сахти кӯҳистон» ба ганҷинаи тиллоии мусиқии халқҳои форсизабон ворид гаштаанд.
Устод Ҷӯрабек Муродов соҳибмактаб буда, шогирдони зиёде ба воя расонидааст.