Зуҳуроти номатлуб хатар ба ҷомеа

Имрӯзҳо яке аз падидаҳои номатлуби ҷомеа ҷаҳонӣ баробари дигар мушкилоти дилгиркунанда ин терроризм ва экстремизм ба шумор рафта, барои боз ҳам инкишофу тараққӣ ёфтани ҷомеа таҳдидҳои наву сангинро эҷод менамояд. Ин ду падида ҳамчун вабо ба проблемаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, ниҳоят номатлуб арзёбӣ мегарданд.Ташкилот, гурӯҳ ва ё шахсони алоҳида кирдорҳои харектери экстремистию террористӣ доштаашонро барои расидан ба ҳадафҳои нопокашон: аз байн бурдани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ва несту нобуд кардани инсоният ба кор мебаранд.
Дар замони муосири ҷаҳонишавии ифротгароӣ ва терроризмӣ ҳамчун ҷараёни номатлуби ҷамъияти инсонӣ бо тарзу усули хосаи худ ба миён омад. Ҳоло экстремизм ва терроризм яке аз масъалаҳои мушкили ҷамъиятиест, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст.
Афсўс, ки имрўз ҳастанд нафароне, ки омодаи зараррасониву зери ниқоби ватандўстӣ, адолатпарварӣ тавассути сармояи аҷнабиён манфиатҳои ваҳдатшиканонаро дар ҳудуди меҳани хушманзарамон пиёда карда бошанду ба ин васила номи некро ҳам нигоҳ дошта бошанд. Заҳмату талошҳои ҷоҳталабонаи ин гуна инсонҳо ақидаҳои номатлуби худро пеш гузошта, мекўшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зўриву гумроҳӣинсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд.
Имрўз, онҳо тавассути ҳар гуна роҳҳои фитнаангези худ, тафаккури миллати куҳанбунёди тоҷикро заҳролуд сохтанӣ ҳастанд.
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон роҳи худро дар мавриди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намудааст. Аз ин рў, давлат ва Ҳукумати мамлакат намегузоранд, ки гурўҳҳои таѓрибкор бо истифода аз арзишҳои динӣ ва расидан ба мақсадҳои носолими худ ба рўзгори осоиштаи мардум халал ворид созанд. Ҳамин тавр, бояд қайд намуд, ки имрўз нигаҳдошти мазҳаб ва ваҳдати динӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон аз нуқтаи назари ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ, фарҳангӣ ва амният таҳкурсии муҳим ва зарурии рушд ва шукуфоии Тоҷикистони тозаистиқлоли мо мебошад.
Саидмоил Зарипов, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғфуров