ЗАРУРИЯТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ХУДШИНОСИИ ТОҶИКОН ДАР ШАРОИТИ МУОСИР
Тоҷик будан барои тамоми шаҳрвандони кишвар ифтихорусарфарозист. Ин ифтихор сатҳиву забонӣ набуда, он натиҷаи заҳмату талошҳо, муборизаву ҷоннисориҳои аҷдодонамон баҳри ҳифзи фарҳангу хирад, давлатдорӣ ва мероси пурғановати таърихиест, ки миллати тоҷик ба оламиён эҳдо намудааст, бо забони ноби тоҷики эҷоду офаридаҳо кардааст. Ин ҳама нишонаи ҳувияти миллӣ ҳамчун эҳсоси баланди меҳанпарастиву ватандорӣ мебошад.
Ҳувияти миллӣ яке аз унсурҳои муҳим ва асоситарини устувориву пойдории ҳар миллат мебошад. Барои миллати тоҷик, ки дорои таърихи беш аз панҷҳазору панҷсадсолаи давлатдорӣ мебошад ва онро на танҳо муҳаққиқони ватанӣ балки хориҷӣ омӯхтаву исбот намудаанд ва имрӯз соҳиби давлати мустақилу миллӣ мебошад, боиси ифтихору сарфарозист. Фарҳанги эҷодкорӣ, забони пурғановати классикӣ ва осору адабиёти дар асрҳои гузашта бо забони ноби тоҷикӣ офаридашударо имрӯз низ мо бе ягон мушкилот мехонему дарк менамоем. Дар таърих новобаста ба зери тасарруф ва давлатдории аҷнабиён қарор гирифтан халқи тоҷик – аҷдодони мо забону фарҳанги худро аз даст надодаанд, ки ин нишонаи баланди ҳувияти миллии онҳо мебошад.
Имрӯз, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобатҳои геополитикӣ, масъалаи ҳифз, таҳким ва рушди ҳувияти тоҷикона вазифаи аввалиндараҷаи давлату миллати мо мебошад, ки мардуми он ҷабри зиёди таърихро кашидааст. Барои ҳифзу баланд бардоштани ғурур ва ҳувияти миллӣ нақши зиёиёни кишвар, махсусан соҳаҳои илму маориф, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як шаҳрванди бо нангу номус муҳим арзӯбӣ мегардад.
Дар шароити муосир ифтихори миллӣ - манбаи нерӯи созандагӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳифзи озодиву истиқлол, таъмини осоиштагии мардуми кишвар маҳсуб меёбад.
Ифтихори миллӣ танҳо ифтихору шодмонӣ аз корнамоиву қаҳрамониҳои гузаштагонамон иборат набуда, балки ин нерӯи равонӣ ва иҷтимоист, ки миллати моро дар ҳама давраҳо устувор нигоҳ доштааст.
Мо бояд, дар баробари ифтихор кардан аз гузашта, имрӯз таҷрибаи таърихиро хуб омӯзем, сабақ гирем ва ояндаи дурахшонро барои наслҳои ояндасози миллат боқӣ гузорем.
Барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ бояд шаҳрвандонро ба арҷгузорӣ, омӯзиши таърихи давлатдории тоҷикон, эҳтироми забони тоҷикӣ ҳамчун рамзи ҳастии миллӣ ва фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои кадимии халқи тоҷик равона созем.
Барои эҳёи ҳувияти миллии тоҷикона Истиқлоли давлатӣ нақши муҳим ва калидӣ дорад. Истиқлоли давлатӣ барои тоҷикон на танҳо як воқеаи таърихиву сиёсӣ, балки бозгашти пурра ба худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад.
Ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ арзиш ва аҳаммияти хосса пайдо намудааст, ки шаҳрвандони кишвар бояд онро эҳсос намоянд. Замони муосир, ки пур аз таззоду манфиатҷӯиҳо ва паҳн намудани ғояву андешаҳои муғризонаву бегона аст, моро водор месозад, ки ҳувияти миллиро баланд бардорем ва дар ақидаву андешаи миллии худ устувор бошем. Гурӯҳҳои тундраву манфиатҷӯ бо таблиғи фарҳанг, урфу одат, сару либоси бегона, инкори таърих, азони худ кардани муттафаккирони тоҷик мехоҳанд, мардумро ба гумроҳӣ, ҷудоиандозӣ, бегонапарастӣ, ҷангу низоъ ва дигар бадбахтиҳо раҳнамун созанд. Танҳо дар ҳолати ҳисси баланди ватандӯстӣ, ҳувияти тоҷикона, дониши хуби замонавӣ ва ҳушёриву зиракии сиёсӣ мо метавонем пеши роҳи ин амалҳои нопокро гирем.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ояндаи давлату миллат муаррифӣ мекунанд, ки ин бесабаб набуда, дар ҳар давру замон насли ҷавон нигаҳдорандаи ҳувияти миллӣ буданду ҳастанд. Чи қадаре, ки ҷавонон ба забон, таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ бо эҳтирому арҷгузорӣ муносибат намоянд, пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолу ваҳдати миллӣ низ устувор мегардад.
Ҳамин тариқ, тоҷик будан дар баробари ифтихору шарафмандӣ, ҳамчунин масъулияти баланд доир ба ҳифзи забон, таърих, фарҳанг, суботу амният ва саҳмгузорӣ ба пешрафти Ватани азизамон маҳсуб меёбад.
Иброҳим Ҷабборзода,
дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»