ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ СУЛҲУ ОСОИШТАГИИ МАМЛАКАТ
«Бо итминони комил ва бо ифтихор изҳор медорам, ки Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои ватандӯстонаи хурду бузурги давлати тозабунёдамон ва хизмати таърихии халқи Тоҷикистон мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир мо вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳоро мисли гавҳараки чашм азизу гиромӣ дорем ва ҳифзу нигаҳдорӣ намоем».
Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарор доштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳои бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургеро иҷро кард.
Музаффариятҳои Тоҷикистон дар даврони баъди баргузории Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамрадиф мебошад.
Бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат давлатдории миллати тоҷик аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат талош карданд, ки тамоми арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад.
Калимаи Ваҳдат ҳоло дар гуфтори мардуми мо мисли вожаи Модар мутантану пурифтихор садо медиҳад, зеро дар он садоқат ва эҳтиром зуҳур меёбад. Ҳамватанони мо, хоса занону бонувон дарк намудаанд, ки бидуни Ваҳдати миллӣ наметавон ба мақоми баланди пешрафт ва шукуфоӣ расид.
Маҳз бо кушишҳои пайгиронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешони мо сарҷамъ гардид. Мамлакат обод шуда, дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷику тоҷикистонӣ нишоту хурсандӣ падидор гашт.
Даст ба дасти ҳам кардаву обод сохтани мамлакат аз якмаромии мо сарчашма мегирад, ки бо ифтихор Ваҳдати миллӣ унвонаш кардаем. Унвон ва ё тантанаеро бад-ин сон шоиста наметавон дар ҳеҷ як фарҳанге пайдо кард. Рисолати ватандорӣ ин аст, ки ба ҳастии Ваҳдати миллӣ бояд арҷ бигзорем. Иҷоза надиҳем, ки касе ба ин ягонагӣ халале ворид созад. Сулҳ дар чаҳор фасл баҳор меоварад ва сабаби дар ҳама фаслҳо баҳорӣ будани кишвар - Ваҳдати миллии Тоҷикистон аст.
Вожаи ваҳдат дар фарҳангҳо ба маънои сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ шарҳ ёфтааст. Ба ин маънӣ метавон чунин хулоса кард, ки дар саргаҳи ваҳдати оила ва ҷомеа зан-модар қарор дорад, зеро дар қалби пок, гуфтори накӯ ва эҳсоси сулҳҷӯёнаи зан хусусиятҳои муттаҳидсозиро ба мавҷуд меорад.
Ҳамин аст, ки аз рӯзҳои аввали ба истиқлол ва озодӣ расидани кишвар саҳми занону бонувон дар таҳкими ягонагӣ, сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ басо бузург арзёбӣ мешавад.
Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва ҷаҳду талоши Пешвои муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам овард, ки тарафҳои ба ҳам муқобил сарҷамъ гарданд, зиёда аз як миллион гурезагони тоҷик ба Ватан баргардонида шаванд, сохтмони роҳу нақбҳои мошингард, нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ, мактабу муассисаҳои тандурустӣ, корхонаҳои гуногун роҳандозӣ гардад.
Имрӯзҳо маҳз бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷомеаи мо ваҳдати комил, ифтихори солими миллӣ, ҳамкории нерӯҳои сиёсию ҷамъиятӣ баҳри амнияти Ватан ва ободии кишвар ҳукмфармост. Ин нуктаҳоро худи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин маънидод кардаанд: «Санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, моро ба кохи бегазанди ваҳдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро ба сӯи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ оғоз кард».
Ташаккули сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандии тоҷикон яке аз заминаҳои мустаҳками давлатдории миллии тоҷик буда, сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар воситаи боэътимоди рушди давлати демократӣ мебошад.
Маҳз ба туфайли роҳбари хирадманду ватандору одил баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣТоҷикистон ба роҳи дигаргунсозиҳои куллии демократӣ, бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва инкишофи муносибатҳои бозорӣ устуворона қадам ниҳод.
Сулҳ - оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва осоиштагиимардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон берун овардан, ҳамдигарфаҳму миллатдӯст будан аст.
Танҳо дар сурати ваҳдати комилу якдилӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуд меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ворид мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон изҳор доштаанд, ки «Мо бояд ин имконияти дар ҳақиқат таърихиро бисёр масъулона ва басо оқилона истифода намуда, Истиқлоли Ватан, ягонагӣ ва ваҳдати миллиро таҳкими ҳамаҷониба бахшем».
Ин нуктаи назари Савари давлат бар он далолат мекунад, ки имрӯз ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар баробари дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад.
Дар давоми соҳибистиқлолӣ ва пас аз ба даст овардани Ваҳдати миллӣ дар ҷодаи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бо назардошти дастовардҳои маънавию маърифатии ниёгонамон дар кишвар воқеаҳои фараҳбахш ва таърихӣ рӯи кор омаданд, ки онҳо низ саҳифаи бобаракати таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян менамоянд.
Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ мояи шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз аз рӯз ба пеш меравад, иқтисодиёташ тадриҷан тараққӣ меёбад, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ рушд мекунад.
Воқеан ҳам эҳсос мегардад, ки Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таманнои дили ҳар як сокини кишвар мебошад. Бо дарки ин маънӣ ба забони мо ҳарфи шукрона аз сулҳу ваҳдату ободии кишвар меояд, зеро дар вожаи ваҳдат амният, осоиштагӣ, истиқлол, шодию нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандӯстистӣ ба ҳам меоянд.
Чун ҳар як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболад ва бо ифтихор метавонам гӯям, ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор маҳз бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Абдунаим Бердишукуров,
устоди Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров»