УСТОДИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИҚАЗОҚИСТОН ИШТИРОК НАМУД

Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон рӯзҳои 19-22 марти соли 2026конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Тамоюлҳои муосири рушди илми таърих» баргузор гардид.

Ҳадафи асосии конференсиябаррасии равандҳои муосири рушди илми таърих, таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва фарҳангии минтақа, инчунин густариши ҳамкориҳои илмӣ байни муҳаққиқони кишварҳои гуногун арзёбӣ гардид.

Дар конференсия дотсенти кафедраи таърихи умумии факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳ Фахриддин Назаров иштирок ва дар мавзуи «Идоракунии маъмурии оазиси Бамандасой–Даҳанасой дар нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX» баромад намуда, натиҷаҳои тадқиқоти илмии хешро муаррифӣ кард.

Ҳамоиш дар заминаи Институти таърих ва этнологияи ба номи Ш. Валихонов доир гардида, дар он олимону коршиносон аз як қатор кишварҳо, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Чин, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар ҷараёни конференсия масъалаҳои муҳимми таърихи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи ҳамоиш семинари илмӣ-назариявӣ низ бо иштироки беш аз 25 нафар олимон дар шакли ҳузурӣ ва фосилавӣ ва намоиши китобҳои илмӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз баргузор гардид.

Хотирнишон бояд намуд, ки иштироки устоди Донишгоҳ ба чунин ҳамоиши бонуфуз ба таҳкими робитаҳои илмӣ бо марказҳои таҳқиқотии хориҷӣ, муаррифии дастовардҳои илмии донишгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ ва табодули таҷрибаи касбӣ мусоидат менамояд.

Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ