Тоҷикистон ҷонибдори сулҳу субот дар минтақа аст!

Тоҷикон аз қадимулайём халқияти бофарҳангу меҳмондўст ба шумор мераванд. Таърих аз қаҳрамониҳои фарзандони бонангу номуси миллат гувоҳӣ медиҳад.

Барои боз ҳам беҳтар нигоҳ доштани бехатарии давлат ва аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб эмин доштани халк Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамешагӣ кўшиш менамоянд.

Дар ҷомеаи имрўза шахсиятҳое вомехўранд, ки дар ҷамъият бо кирдору амалҳои худ обрўву нуфуз пайдо мекунанду сазовори таҳсин ҳастанд. Аммо бозҳам дар ҷамъият шахсоне ҳастанд, ки баръакси ин ҳол буда бо амалҳои ғаразноки худ ба ҷамъият зарар расонида мардумро халалдор месозанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистоназ рўзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ сиёсати сулҳҷўёнаро бо номи «дарои кушод» эълон намудааст, ки бо давлатҳои ҷаҳон муносибати дўстонаву ҳамкории судманд, бо як қатор мамлакатҳо робитаҳои шарикии стратегиро барқарор намудааст. Мақсади асосӣ ин пеш аз ҳама фазои орому осуда дар минтақа ва устувории амнияту сулҳ байни мамлакатҳои хамсоя маҳсуб меёбад.

Дар вохўрии байни Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёёр масъалаҳои мухталиф мавриди баррасӣ ке аз ин пробемаи сулҳи Афғонистон аст, ки ба ин масъала диққати махсуси тарафҳо дода шуд, зеро рўз то рўз вазъият дар Панчшер байни точикону толибон вазнин шуда истодааст.

Воқеан ҳама ҷомеаи ҷаҳонӣ манфиатдоранд, ки дар Афғонистон сулҳу субот бошад.

Тоҷикон халқи сарбаланду қавиирода буда, ҳамеша тарафдори сулҳу субот дар минтақа мебошад ва мекўшад, ки сиёсати хирадмандонаи Сарвари муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи сиёсати «дарҳои кушод» дастгирӣ намояд ва итминон дорем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ барои пешрафти осоиштагиву сарсабзӣ дар минтақа саҳми босазои худро хоҳанд гузошт.

Меҳримоҳ Ватанзода

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ