​Тоҷикистон дар мавқеи худ устувор монд

Санаи 17-сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе саммити Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид. Дар ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки дар бинои Кохи Наврӯз баргузор гардид, сарони давлатҳои аъзои созмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, инчунин роҳбарони ҳайатҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҳиндустон ба таври маҷозӣ иштирок доштанд. Инчунин, дар кори ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ роҳбарони кишварҳои нозир, меҳмонони фахрӣ, намояндагони воломақоми созмону ташкилотҳои минтақавию байналмиллалӣ ва дигарон иштирок намуданд.

Дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, вазъият дар Афғонистон, ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддитеррористӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои нозир ва дигар масоили муҳим баррасӣ шуд. Зимни вохўрии сатҳи баланд дар маҷмӯъ иборат аз 30 ҳуҷҷат, аз ҷумла Эъломияи Душанбе дар бораи бистумин солгарди Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расид.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ба давраи ба сари қудрат омадани гурӯҳи “Толибон” дар кишвари ҳамсояи Афғонистон рост омад. Аз ин лиҳоз, бешубҳа диққати асосии иштирокчиёни ҳамоиши зикргардида ба мушкилоти Афғонистон нигаронида шуда буд.

Мутаассифона, имрӯз бархе аз мамлакатҳо вобаста аз манфиатҳои худ омода ҳастанд, ки ҳукумати навтаъсиси Афғонистонро эътироф кунанд, гарчанде ки чанд муддате пеш гурӯҳи “Толибон”-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ медонистанд. Роҳбарияти олии Тоҷикистон дар масъалаи эътирофи гурўҳи номбурда дар мавқеи худ устувор монд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон изҳор доштанд, ки зимни баррасии вазъи имрӯзаи минтақа қазияи Афғонистон дар маркази диққати ҷонибҳо қарор дошт. Вазъи кунунӣ дар ин кишвар нигаронкунанда арзёбӣ гардид. Бино ба суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамсоякишварҳои Афғонистон ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвари азиятдида беш аз ҳама манфиатдоранд ва ба эҳёи иқтисоди миллии Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Инчунин, дар нишасти матбуотӣ Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи асосии Тоҷикистонро дар масъалаи Афғонистон баён намуданд. Пешвои миллат бори дигар ба таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ расониданд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад. Ҳамзамон, таъкид намуданд, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон (48%-и аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд) ва дигар қавмиятҳо бояд ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. Ҳамзамон роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки барои ҳарчӣ тезтар аз байн бурдани низоъ дар Панҷшер оташбас эълон карда шавад ва роҳҳо барои таъмини кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа кушода шаванд.

Камолиддини Раҷабзод – устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ