​Тоҷики маҳбубу ҷасур

Ба сари қудрат бо роҳи зӯроварӣ омадани намояндагони ҳаракати ифротии “Толибон” дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон яке аз натиҷаҳои аққоли шикасти сиёсати мамлакатҳои абарқудрат дар давлатҳои нисбатан хурди иқтисодиёташ заиф мебошад. Дар Афғонистони ноороми ҷангзада тӯли беш аз 40-50 сол инҷониб сармоядорони муғриз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ташкил намудаанду баъдан ҳангоми аз итоати абарқудратон баромаданашон бо онҳо мубориза мебаранд.

Пайдоишу паҳншавии “Ҳизб – ут – Тахрир”, “Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ҷараёнҳои ваҳҳобияю салафия ва амсоли онҳо маҳз ба амалҳои муғризонаи сармоядорони ҷаҳонӣ марбут асту мақсади ниҳоӣ имконияти идоракунии ҳукумати ҷонибдори маҳаллӣ ва афзудани сарватҳои моддии хеш мебошад.

Хушбахтона, дар байни мардуми озодихоҳу ватандӯсти Афғонистони ҳамсоя шахсиятҳои содиқу ҷасур ҳастанд, ки ғурури миллӣ доранду чун Рустами достон зидди зархаридони беруна мубориза мебаранд. Аҳмад Масъуд яке аз чунин қаҳрамонҳои халқи афғон аст, ки нерӯҳои тавонои зиддитолибонро муттаҳид кардааст ва муқовимати шадидро зидди “Толибон” роҳбарӣ карда истодааст. Хотиррасон бояд кард, ки ӯ фарзанди шоистаи Аҳмадшоҳ Масъуд аст, ки саҳмгузори ваҳдати миллии тоҷикон мебошад. Фронт (ӯрду)-и миллии Афғонистон, ки Аҳмад Масъуд созмон додааст, дар байни мардуми Афғонистон, аз он ҷумла музофоти Панҷшер маҳбубияти самимӣ пайдо кардаасту ҷасорату корнамоиҳои Аҳмад Масъуд вирди забонҳост. Баръакси Ӯрдуи муқовимати миллӣ Шӯрои Олии муқовимати миллӣ ва роҳбарияти он дар байни мардум мақому манзалате надоранду бо амалҳои коррупсионию ноустувории сиёсӣ машҳуранд ва аз онон бӯйи умеде ба фардои неки Афғонистон интизор шудан нашояд.

Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо кишвари биҳиштосои мо сарҳади тӯлонӣ (анқариб 1400 км) дораду мардуми афғон ҳамқавму ҳаммиллат, ҳамзабону ҳамфарҳанги тоҷикон мебошад, бинобар ин, мардуми тоҷик наметавонад дар қазияи Афғонистон бефарқ бошад. Алалхусус, ғояҳои озодихоҳонаю дунявии Аҳмад Масъуди ҷавони баору баномус водор менамояд, ки ҳамаи амалҳои ӯ ва Ӯрдуи муқовимати миллии Афғонистонро ҳар як тоҷикистонӣ пуштибонӣ намояд. Ҳиссиёти баланди ватанпарварию худшиносии миллӣ тақозо менамояд, ки имрӯзҳо нерӯҳои созандаю ояндасози кишвари ҳамсояро ҷонибдорӣ намуда баҳри таъмини осоиштагӣ, якпорчагӣ ва дурнамои дунявии Афғонистони ҳамсоя саҳми муносиби худро бо ҳамдилию дастгирӣ гузорем.

Озодихоҳӣ, нангу номуси ватандорӣ, орияти миллӣ матонату ҷасорат рисолати азарии миллати тоҷикон буду ҳаст ва мемонад. Дар ҷодаи намоиши ҳаққонии ин рисолати тоҷикона ба Аҳмад Масъуд ва ҳамсафони ӯ комёбиву барор орзумандем.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ