Терроризму экстремизм ҳамчун вабои аср

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму ойин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккураш ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».

Ифротгароӣ ва терроризм – аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як фарди комил мебошад. Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти ҷомеа ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, бароҳативу осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам медиҳад. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини бехатарии иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард.

Падидаҳои номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари бераҳмонаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст.

Тибқи маълумотҳо дар тӯли солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.

Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти мамлакатҳо саҳми ҷиддӣ мегузорад.

Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду ватанпарвари Тоҷикистони азиз мебошад.

Дар замони мо, ки пур аз мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, афзудан ва густариши экстремизм ва терроризм ва, инчунин, дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо дар сатҳи ниҳоят ҷиддӣ ҷой дорад.

Экстремизм – (аз калимаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремист шахсест, ки на дин дораду на макони зист ва дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология ва ҳатто илм ба миён ояд. Дар яке аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини Ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Терроризм – сиёсатест, ки ба истифодаи пай дар пайи амалҳои террористӣ асос ёфтааст. Калимаҳои ҳаммаънои терроризм (лотинӣ terror – тарс, даҳшат) чунин мафҳумҳо ба монанди “зӯроварӣ” ва “тарсонидан” мебошанд. Терроризм ҳамчун мафкураи зӯроварӣ ва амалияи таъсиррасонӣ ба шуури ҷамъиятӣ, ба раванди қабули қарорҳо аз тарафи мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ муайян карда мешавад, ки бо таъсиррасонии қудратӣ, тарсонидани аҳолии осоишта ва ё дигар шаклҳои амалҳои зуроваронаи ғайриқонунӣ алоқаманд аст.

Дар давраи ҳозира мутаассифона дар арсаи байналхалқӣ фаъолияти ифротгароёнаи террористӣ ва экстремистӣ аз тарафи қувваҳои гуногун хеле фаъол гардидааст. Дар айни замон терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Истиқлол ва ваҳдату сулҳ неъматҳое ҳастанд, ки онҳоро ҳифз бояд кард. Таҷриба собит намудааст, ки нигоҳ доштану тақвият бахшидани истиқлолу ваҳдат чӣ қадар заҳматталабанд ва онҳо дар баробари рушди иқтисоду фарҳанг ва иҷтимоиёт то чӣ андоза дастоварди нодир маҳсуб меёбанд. Бояд зикр намуд, ки падидаҳои мазкур асоси ҳама гуна муносибатҳои мусбат дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар давлате, ки оромӣ, субот ва амният ҳукмрон аст, фаъолияти самараноку бомароми сиёсати байналмилалиро метавон ба роҳ монд. Чун раванди ҷаҳонишавӣ ҳам ҷиҳати манфӣ ва ҳам ҷиҳати мусбӣ дорад, мо бояд ҷиҳатҳои мусбии онро аз худ кунему муттаҳидтар бошем, то манфиатҳои миллии худро ҳифз намоем.

Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа ба таври муътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ имрӯз яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешавад.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро сафарбар менамояд.

Ҷумҳурии мо дар заминаи бадастоварии истиқлоли давлатӣ ва барқарорсозии ваҳдати миллӣ мушкилиҳои зиёд ва манфури сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро пушти сар намуд, ки хисороти зиёди пулию молиро ба бор оварданд. З-ин рӯ кишвари мо барои таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, пойдории ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комил барои пешгирӣ, аз байн бурдан ва несту нобуд кардани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан терроризму экстремизм зарурат дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои соли минбаъда суханронӣ менамоянд, ки дар оғози ҳар Паём пеш аз баррасии вазъи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вазъи мавҷудаи байналмилалӣ ба таври мухтасар баён мегардад. Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ, аз нигоҳи амният хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлати мо, истисно намебошад.

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон, аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.

Экстремизм бошад, хислати ҷӯдоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад. Бо тарзи дигар, мақсад ва оқибати экстремизм ин терроризм аст. Вале дар умум чунин баҳогузорӣ мебояд намуд, ки ҳарду ба истилоҳ комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда, оқибати басо нанговар доранд.

Бояд қайд кард, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.

Чуноне ки сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд, “Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”, гувоҳӣ он аст, ки ин амалҳои номатлуб рабте ба ягон дин ва аҳкоми он надоранд.

Аз ин рӯ, ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд месазад ба ин афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, азбарнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд. Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим ва калидӣ дорад. Инчунин, мо- омӯзгорон ҳамчун нерӯи пешбарандаи имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун неруи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ бо донишҷӯёни МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мубориза мебарем.

Бобоева.Н.Б муаллимаи калони кафедраи электроникаи факултети физикаю техникаи МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ