​Терроризм ва экстремизм - падидаҳои номатлуб

«Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.”

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, ин терроризм ва экстремизм мебошад. Пеш аз он, ки дар ин мавзӯъ сухан ронем, маънои ин мафҳумҳоро дарк намоем ва ҷавонону наврасонро аз ин падидаҳои номатлуб эмин нигоҳ дорем.

Худи маънои экстремизм ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Терроризм бошад, аз нуқтаи назари ҳуқуқӣчунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».

Терроризм ва экстремизм боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегардад.

Ба ақидаи ман яке аз сабабҳои пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб ин сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон буда, ҳамаиинҳо боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгароӣ мегардад. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гўшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Мутаасифона, бархе аз ҷавонони мо бо сабабҳои надоштани саводи кофӣ, рӯй гардогидан аз китобу китобхонӣ, донишандӯзӣ ва дур мондан аз муҳаббати волидайн ва ба ин амалҳои нанговар даст зада истодаанд.

Барои раҳоӣ ёфтан аз чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хоссатан падару ба фарзандони худ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд, зеро тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза-терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.

Ғайр аз ин, нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург мебошад. Зеро, беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Вазъияти фазои динии ватанамон ба ба ҳамагон маълум, ки давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шариати Ислом эҳтиром мегузоранд.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, моҳияти дини мубини исломро хеле хуб дарк менамоянд ва ҳамчун мусулмони асил барои роҳ наёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд. Ба қавли Рӯдакӣ, ҷаҳон мисли дарёест, ки агар кас хоҳиши аз он гузаштан дошта бошад, яъне дар зиндагӣ ҳамеша некӣ кунад ва аз некномӣ ёдгорие ба вуҷуд оварад:

Ин ҷахонро нигар ба чашми хирад,

На бад он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накукорӣ,

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Боз, ақидаҳо, андешаҳо, пешниҳодҳое, ки тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои телевизиниву радио, конфронсу мизҳои мудаввар, вохӯрӣ бо намояндагони мақомотҳо ва дар пайравии онҳо дарсҳои кушоди тарбиявии устодон бахшида ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ин самт нақши муҳимро мебозад. Боз вобаста ба амалишавии Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни гурӯҳҳои академӣ ва андешидани тадбирҳои муассир дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати ташкили чорабиниҳо, дарёфти роҳ ва усулҳои муосири татбиқи муқарарроти ин ҳуҷҷати заминавӣ бояд гузошт. Барои пешгирии ин амалҳои номатлуб бо шарофати Сарвари давлатамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи муқовимат ба терроризм», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм ва экстремизм» амал менамояд.

Вобаста ба қадр кардани заҳмату ҷонфидоиҳои Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин вазъи мураккабу ташвишовари ҷаҳон таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм моро водор месозад, ки матонат, донишу заковат ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории сулҳ ва ваҳдати кишварамон талош варзем. Зеро, ба ҳаммаи ин зиддиятҳо нигоҳ накарда, бо пуштибонӣ ва дастгирии доимии ин марди хирад дар самти титбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дастовардҳои хеле зиёдро тавонистем ноил гардидем, ки боиси ифтихор ва фарҳамандӣ мебошад.

Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- ро дар Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон доштанд. Ҷавонони мо бояд аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар — Ватан хизмати содиқона намоянд, марзу буми онро ҳимоя кардадар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ донанд. Зеро ин ҳама тинҷию амонӣ ва истиқлолияти миллӣ барои мо бо осонӣ ба даст наомадааст. Ҳар як нафаси тозза, ҳар як хандаи кӯдакон, табассуми модарон, нозу ишваи ошиқон ва аз ҳама асоси Ватани азизамонро қадр намоем ва номбардори давлати абарқудрати тоҷикон бимонем. Беҳуда нагуфтаанд:

Ватан бошад ба мо бас ганҷи қиммат,

Фароғат дар канори он ғанимат.

Ба ҳифзи марзу бумаш ҷон ато кун

Агар бошӣ ту фарзанди баҳиммат.

Лугмонова Шафоат Одилҷоновна, номзади илмҳои физика- математика, дотсент, мудири кафедраи назарияи физикаи МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”.

Иброҳимова Моҳира Ҳусейнбоевна–маллимаи кафедраи назарияи физика

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ