Терроризм ва экстремизм хатари сартосари ҷомеаи ҷаҳонӣ

Симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум буда мардуми кишвар уро ҳамчун як нафари ватанфуруш ва хоини миллат мешиносанд. Чанд сол аст, ки М.Кабирӣ мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад ва аз хориҷа истода обруи нуфузи Тоҷикистонро бо суханҳои дурӯги худ дар арсаи ҷаҳон паст кардан мехоҳад.Ин хоини миллат дар давлати Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад ва инсони дарбадар дур аз ватан аст. ҲНИ ва ташкилкунандагони он ҳеҷ гоҳ ба фоидаи мардум кор намекунанд. Онҳо ҳамеша барои нияти нопоки худ кору фаъолият мебаранд. Имрӯз тамоми дунё аз нияти нопоки онҳо воқиф гардидаанд. Ин гурӯҳ нияти пок надоранд.

Ифротгароии динӣ дар тамоми кишварҳои олам махсусан кишварҳои исломӣ доман паҳн намуда, афроди зиёде аз таъсир ва паёмадҳои нохуши он, қурбонии ин зуҳурот мегарданд,ки ин ҳолат хеле нигаронида мебошад. Новобаста аз таҳдиду ҳаракатҳои ҲНИ мо итминон дорем, ки ваҳдату якдили ва сулҳу суботи кишвари Тоҷикистон бебозгашт буда, халқи мо азму талошҳои пиру барнои Ватан ва тоҷику тоҷикзабонони дунё бо роҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафҳои оллии миллат ноил гардида, мавқеи геополилтики ва стратегии худро боз таҳким мебахшад.

Бояд дар ин марҳилаи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосирмиллати сарбаланди мо метавонад бо мафкураи миллӣ ва заковати азалӣ худро аз ин хатарҳо дуртар нигоҳ дорад. Сарвари давлат дар баромадҳояшон борҳо таъкид намудаанд, ки олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаи тавсияи мафкураи миллӣ,таҳкиму давлатдорӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии ҷомеа,иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар,ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон,мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ҳуруфотпарастиву ифродгароӣ инчунин таҳкими масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Бевосита пешгирии террористӣ ва дигар фаъолияти экстремистӣ аз ҷониби давлат ва мақомоти ваколатдори он таҳия ва амалӣ мегардад.

Лозим ба ёдоварист, ки 31 сол муқаддам шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори худро барои эъмори давлати навини тоҷикон баён намуда буданд,ки меҳвари бунёдии онро демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ будан ташкил медиҳад. Дар марҳилаи навини давлатдории миллӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат ҳифзи сохтори конститутсионии давлат ва таҳкими давлатдории миллӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди равандҳои номатлуб ва хатарҳои таҳдидҳои муосир дар минтақа дар сафи пеш қарор дорад. Имрӯз лозим ба ёдоварист,ки моро зарур аст, ки аз ҳаракату мароми ин гуна гуруҳҳои нохалаф огоҳ гашта, зиракии сиёсиро аз даст надода, аз пайи донишомӯзӣ ва пешбурди зиндагии осоиштаи худ машғул бошем.

Шаҳнур

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ