Терроризм: таҳдиди муосир ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои хеш таъкид кардаанд, ки “Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле мебошад, ки ба муқобили он тамоми сохторҳои давлати, маҳалли ва ҷамъияти бояд якҷоя мубориза бурда, фаъолиятро бо ҳамдигар мувофиқа намоянд”.
Боиси зикр аст, ки ибтидои асри XXI инсоният бо хатари ҷиддие рубару гаштааст, ки номи он “Терроризми байналмилалӣ” аст. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони муосир ба шумор рафта, зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти инсон, тағйири сохти констутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.
Имрӯз, терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман афрохта, хатари бузурги иҷтимоиро ба миён овардааст ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақа воқеан таҳдиди ҷиддӣ эҷод намуда истодааст. Сарфи назар аз тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва мақомотҳои босалоҳият солҳои охир андешидашуда , аз ҷумла Кимитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфта, боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Дар гӯшаҳои гуногуни олам фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори шаванда ба мушоҳида мерасанд, ки аҳли башарро ором намегузорад.
Таваҷҷуҳ ба сарчашмаҳои қадимаи равшан месозад, ки экстремизм ва ифротгароӣ ин падидаи нав нест ва таърихи тӯлонӣ дорад. Драманависи бузурги Юнони Қадим Эврипид ҳанӯз ду ним ҳазор сол пеш дар асари саҳнавии фоҷиавии худ “Баккайҳо” ин падидаи хатарафзоро тасвир намудааст.
Аксари муҳақиқон, сиёсатшиносон, таҳлилгарон, рӯзноманигорон бар он ақидаанд, ки экстремизм, тундравӣ пеш аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаю канори сайёраи мо ба мушоҳида мерасад.
Махсусан экстремизми динӣ дар замони мо дар байни пайравони дини ислом бештар доман паҳн кардааст ва баъзе мубаллиғони он аз муқаррароти дини мубини ислом сӯистифода намуда, исломро бо ғаразҳои сиёсӣ омехта месозанд, тибқи дастуру нишондод ва нақшаҳои хоҷагони бегонаи худ, ки душманони аслии ислом ҳастанд, амал менамоянд.
Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ қариб ҳазор сол қабл аз ин моро аз чунин “пешвоёну ходимони” динфурӯшу манфиатҷӯ, ки дини имонро ба ҷуз василаи ба даст овардани суду манфиати худ чизи беш намеҳисобанд, чунин ҳушдор дода буд:
Зиёни касон аз паи суди хеш,
Биҷӯянду дин андар оранд пеш.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқот бо намояндагонӣ ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки 12 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, чунин таъкид намудаанд: “Бо номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гаштааст. Назари қотеонаи мо ин аст, ки ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули руҳи инсон ва покизаии рӯзгори ӯ хизмат намояд”.
Аз гуфтаҳои боло метавон чунин хулоса баровард, ки дини мазҳаб ҳамчун як ҷузъи таркиби арзишҳои маънавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва ходимону пешвоёни дин метавонанд сабаб ва омили муттаҳидӣ, якпорчагӣ, сулҳу суботдар ҷомеа, пешрафт, созандагӣ, бунёдкорӣ бошанд ва баръакс баъзе ҳизбу ҳаракатҳои динӣ – ифротӣ ва пешвоёну сарварони он боиси ихтилоф, душманӣ, хушунат, қатлу ғорат, тақрибкорию харобкорӣ, биму таҳлука дар ҷомеа ва монеаи пешрафти он гарданд.
Мусаллам аст, ки дар кадом ҷомеа ва кишваре, ки таассубу хурофоти динӣ – мазҳабӣ реша давонад, дар он ҷомеа ҳамон қадар каҷравию нобасомонӣ, бӯҳрону инҳирофоти равонӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва мафкурави дар руҳи иҷтимоӣ ғолибият ва афзалият пайдо намуда, ҷараёни табиӣ ва иҷтимоии таҳаввулот, инкишофи зеҳнӣ, ахлоқи ва дар маҷмӯъ пешрафти ҷомеаро бозмедорад. Маҳз таассуби динӣ, хурофот, ҷаҳолату торикӣ яке аз замиаҳо, сабабҳо, омилу ангези ифротгароии мебошад.
Яке аз муҳаққиқон ва коршиносони маъруфи таъриху фарҳанги ислом ва масоили сиёсӣ Абдуллои Раҳнамо, ки чеҳраи аслии ифротгароёни диниро хеле дақиқ ва воқебинона ба риштаи тасвир кашидааст, комилан дуруст қайд менамояд, ки аксарияти онҳо саводи казоии динӣ, таҳсилоти дурусти исломӣ ва таҷрибаю маърифати саҳеҳи динӣ надоранд. Тамоми “дониши динӣ”- и онҳо фақат аз баъзе маълумотҳои ибтидоии фиқҳӣ, илоҳиётшиносӣ, баъзе иттилооти таърихӣ, маводи таблиғотии ғоявию сиёсии динии хеле соддаву сатҳӣ иборат аст, ки онро ғолибан аз шабакаҳои иҷтимоии интернет ё дигар манбаҳои ғайриҳирфавӣ ба даст оварданд. Онҳо аҳком, шариат, меъёрҳо, муқаррарот, арзишҳои аслии фалсафӣ, ҳуқуқи, иҷтимоӣ, ахлоқии диниро, ба таври хеле маҳдуд, саҳтӣ, зоҳирӣ, сарсарона, сахтгирона ва ҷоҳилона фаҳмида, танҳо ақида, тарзи дарку фаҳмиши хеш ва ақидаву фаҳмиши хоҷагон, охундҳо ва дигар “устодони” маънавии худро эътироф ва қабул менамоянд ва ақидаи уламои мӯътабари исломро қабул надоранд. Ин гуна ашхос ба меъёрҳои зоҳирӣ, мисли рангу намуди либос, дарозӣ ва кӯтоҳии шалвору эзор, тарзи хондани намоз ва ҷунбондани узвҳои бадан ҳангоми адои намоз бо сару садои баланд, андозаи ришу печи салла, маҳдудсозии ҳуқуқи занон, муҳокима ва маҳкум кардани рафтори дигарон ва дигар аломатҳои зоҳирпарастӣ таваҷҷӯҳи беандоза ва ҷиддӣ дошта, аммо ба арзишҳои аслии динӣ, чун таҳаммул, тақвою парҳезкорӣ, раҳму шавқат, илму маърифат, меҳнати ҳалол, ахлоқу ободи ҳамида, озодӣ ва озодандешӣ, фарҳангу маънавиёт таваҷҷӯҳ надоранд.
Онҳо дар бораи дин ҳарфи зиёд мезананд, аммо аз рӯи таълимоти аслии дин амал намекунанд, яъне сухану амалашон ба ҳам мувофиқ нест, чунонки Хоҷаи Шероз мегӯянд:
Воизон к – ин ҷилва меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис бозпурс,
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд.
Ифротгароёни динӣба мазҳабҳо, шохаҳо, маетабҳо ва равияҳои дигари динӣ эҳтиром намегузоранд, нисбати пайравони дину мазҳабҳои дигар ҳисси бадбинӣ доранд, дар ҳаққи онҳо суханони носазо мегӯянд, онҳоро кофиру мулҳид эълон мекунанд ва сабаби низоъ, ихтилоф ва
ҷудоӣ дар байни пайравони як дин ва душмании динҳои гуногунии ҷаҳон мешаванд.
Ашхоси ифротӣ баҳзу мунозираи солими илмӣ, ақидавӣ, далелу бурҳони ақлию мантиқиро қабул надорад ва ҳангоми баҳс новобаста аз далелу бурҳони қотеи ҷониби мухолиф ҳамон ақидаву фаҳмиши танг худ ва фатвои муфтиёну охундҳои шабакавии худро тӯтивор такрор менамоянд. Онҳо ба ҷомеа ва инсонҳо аз рӯи дарку фаҳмиши маҳдуди диниихуд муносибат менамоянд, бо шахсони пайрави ақидаи дигар созиш карда наметавонанд, фақат бо “бародарон”, яъне ҳамфикрони худ робита дошта, дар як муҳити тангу торики хеш зиндагӣ мекунанд.
Ифротгароёни динӣ ба арзишҳо ва меъёрҳои қонун, тартиботи шеъру адабиёт, расму оинҳои мардум бо ҳисси нафрат ва бадбинӣ муносибат менамояд. Ӯ шаклҳои гуногуни иртиботи инсонӣ ва пайвандҳои иҷтимоиро беарзиш меҳисобат ва омода аст, ки ҳатто аз падару модар, хоҳару бародар, пайвандон, дӯстону ҷамъиятӣ, мақомоти қудратӣ, ҷомеаи дунявӣ, демократӣ, озод ва умуман нисбат ба давлат ва қонунҳои мутамаддин ҳисси нафрат доранд ва ҳамеша бар зидди он дар мавқеи мубориза қарор мегиранд.
Шахси ифротӣ арзишҳои фарҳангию маънавӣ, аз ҷумла ба санъат, ҳунар, мусиқӣ, ҳамкорон, устодони худ танҳо ба хотири он, кионҳо пайрави ӯ нестанд ва ақидаи дигар доранд, даст кашад, онҳоро маҳкум ва сарзанишу намояд.
Ифротиёни динӣ ҷаҳонбинии пучгаро (нигилистӣ) дошта, таъриху фарҳанг, арзишҳо, ҳувият ва дигар нишонаҳои асолати миллиро эътироф намекунанд ва чун бегонапараст арзишҳо, ғояҳои бегонаро парастиш ва таблиғу ташвиқ меамоянд. Ифротгароёни динӣ барои татбиқи амалии ақида, фаҳмиши тангу ботили худ бо тамоми қувва талош мекунанд ва барои расидан ба мақсадҳои нопоки хеш ҳама гуна роҳу васила, аз ҷумла, зӯроварӣ, хушунат, таҳдид, бераҳмӣ, гаравгонгирӣ, куштор, инфиҷор ва дигар амалҳои террористӣ ва экстремистиро дурусту раво меҳисобанд ва ин амалҳои ғақриинсониро “ҷиҳод”, “ғазавот” ё ҷанг дар роҳи дин, дар роҳи ислом меҳисобанд.
Агар тамоми аломатҳо ва “сифатҳои” ифротгароёнро ҷамъбаст намоем,-Абдуллои Раҳнамо, ифротгароии динӣ ҳаргиз як тарзи солими эътиқод, имон ва диндорӣ набуда, балки як навъи инҳирофи динӣ, бегонашавии миллӣ, бегонапарастӣ, осебпазирии иҷтимоӣ, зафъи ақлонӣ, зеҳнӣ ва бемории равонӣ аст. Аз ин рӯ, фарзи ифротгарои динӣ барои ҷомеа, барои тамоми инсон як хатари беандоза ҷиддӣ ва ташвишовар аст.
Ҷои баҳс нест ва барои ҳама мусаллам аст, ки ҳар ҷо ки бесаводию нодонист, он ҷо ҳатман ҷаҳолату хурофот ва таассуби динӣ ҳоким аст. Ҳамин аст, ки дар кишварҳои мусалмонӣ мутаассифона ҳамеша ҷангу низоъ, қатлу ғорат, хунрезӣ, инфиҷор ва қасди ҷони инсон дар шаҳру деҳот, кӯчаву хиёбон, масҷиду мадраса, беморхона, мактабу бозор идома дорад.
Абарқудратҳо барои манфиатҳои геополитикӣ, геостратегии худ ва соҳиб шудан ба сарватҳои бойи кишварҳои мусулмон аз рӯи шиори классикии “тақсимкуну ҳукумат рон” амал карда, барои ин миллати азияткашида ва бечораву сарсон ва аз ватанаш гурезону парешон ҳар рӯз як дину мазҳаби нав месозанд, онҳоро ба ҳам мешӯронанд ва ин аст, ки дар Ироқ, Сурия, Афғонистон, Покистон мусалмонон бар зидди ҳамдину ҳамкеши худ бархоста, якдигарро кофиру мулҳид мехонанд ва хуни якдигарро мерезанд. Аз ин аҳволи мусулмонони бечораву нолон ва зери пои бегонагон афтода, аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба шӯр омада, ҳам бо сӯзу гудоз ва ҳам истеҳзо гудоз ва ҳам истеҳзо гуфта буд:
Мусулмон фоқамасту ҷандапӯш аст,
Зи кораш Ҷабраил андар хурӯш аст.
Биё, нақши дигар миллат бирезам,
Ки ин миллат ҷаҳонро бори дӯш аст.
Таъкид, дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳар яки моро ба ҳифзи Ватан, Модар, манфиатҳои миллӣ, тарбияи насли наврас, ояндаи давлат ва ҷомеа, таъмини амнияту субот ва ҳимоя аз ин зуҳуроти хатарафзо ва манфии замон водор месозад...
Абдухолиқзода Музаффар Абдухолиқ – декани факултети геоэкология ва туризм
Раҳимов Озод Давронович – докторант PhD