​ТЕРРОРИЗМ - ЭКСТРЕМИЗМ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳимму умдаи рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили чунин падидаҳои ифротӣ ба монанди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст.

Тавре, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ қайд карданд «дар арсаи байналилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст». Аз ҳама ташвишоваораш ин аст, ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ташкилотҳои террористию экстремистӣ аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амал карда ба эътиқоди динии шахсон таъсир мерасонанд.

Махсусан дар ин замина Пешвои миллат таъкид карданд, ки “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад»

Бояд зикр кард, ки сарвари давлат якчанд бор таъкид намуданд, ки «Баробари таълим масъалаҳои тарбияи наврасону ҷавонон ва дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидаани онҳо ниҳоят муҳим мебошад».

Дар конскпсияи миллии тарбия таъкид ёфтааст, ки «Моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ ба танзим оварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти инсони комил муаян мекунад. Президенти Ҷумҳурмм Тоҷикистон Эмомали Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар руҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста, масъалаҳои демографӣ ва танзими оиларо ҳамчун омили асосии ҷомеаи солим ба миён гузошт. Он имконият медиҳад, ки тамоми аҳолии Тоҷикистон, новобаста аз маҳаллу миллат ва нажод, роҳҳои гуногуни тарбияро барои инсони комил будан интихоб ва амалӣ намоянд».

Тарбияи миллӣ омўзиши таърихи ниёгон, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва меҳанпарастиро дар назар дорад. Вақте, ки худро «Тоҷик» меномем, ва аслу насаб, таърихи давлату давлатдорӣ, фарҳанги ниёгони худро намедонем, худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муарифӣ карда ҳам наметавонем. Файласуфи Юнони Қадим Сукрот мегўяд: «Худро бишинос». Воқеан ҳам то он вақте, ки инсон худашро нашиносад, инсони комил шуда наметавонад.

Терроризм чун вабои асри XXI имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Мақсади ташкили нооромиҳо ин дигар кардани сохти конститутсионии кишвар, истифодаи сарватҳои табиӣ ва зеризаминӣ ба фоидаи хеш мебошад. Ин аст, ки дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки нишонаҳо ва решаҳои шаклҳои гуногуни экстремизм, аз ҷумла экстремизми сиёсӣ-диниро дар тамоми динҳо пайдо намудан мумкин аст. Яъне то андозае гуфтан мумкин аст, ки эътиқоди динӣ метавонад ба ҳайси асоси фалсафию идеологии экстремизми сиёсӣ-динӣ баромад кунад. Аммо на ҳама навъи эътиқод, балки эътиқоди кӯр-кӯрона, аниқтараш фанатизми динӣ асоси фалсафию идеологии экстремизми сиёсӣ-динӣ аст.

Терроризм аз забони лотинӣ (terror – даҳшат, ҳарос) гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охирҳои асри XVIII ҳангоми Инқилоби Бузурги Фаронса истифода шудааст.

Баъзан мафҳуми терроризм калимаи лотинӣ буда, «тарс», «таҳлука», «воҳима»-ро ифода мекунад, ташкилот, гурӯҳҳо ва ё шахсони алоҳида онро барои амалӣ кардани ҳадафҳояшон ба кор мебаранд.

Терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иделогӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезишуда равона гардидааст.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».

Терроризм ин куштор, аҳли ҷомеар ба эҳсоси доимии тарсу ҳарос гузоштан барин падидаҳо бошад, экстремизм ин даъват ба нооромӣ, даъват ба ғасби ҳокимият аст.

Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он – терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд. Дар таърихи тамаддуни инсонӣ охири асри ХХ-ум ва ибтидои асри XXI шояд давраи пурғамтарин аз нуқтаи назари қисмати одамон, халқҳо, миллатҳо, системаҳои иҷтимоӣ ва тамаддун бошад. Чунки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуротҳои басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна тамоми давлатҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Тули даҳсолаҳои охир ин зуҳуротҳо торафт авҷ гирифта, ба муаммои муҳими на танҳо кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст. Қайд кардан зарур аст, ки терроризм ва экстремизм боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Экстремизм (аз забони лотинӣ (extremes) гирифта шуда, маънои охирин, канораро дорад) – фаъолияти сиёсие, ки барои амалӣ гардидани мақсадҳои авантюристӣ, моҷароҷӯии худ, зуригарии ҷисмонӣ, услубҳои ҳарбӣ террор ва фитнаро истифода мебарад.

Ҳоло ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки аввалин амали террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад сар задааст. Маълум аст, ки падидаҳои хатарафзо инсониятро дар ҳама давраҳо ҳамроҳӣ намуда рӯз то рӯз шаклу шеваҳои навро касб кардааст. Гарчанде аз тарафи муҳуқиқону сиёсатмадорон қариб 120 намуди шарҳи ин падидаҳо пешбинӣ шуда бошад, аммо то ҳол таърифи дурусту ягонаи онҳо муаян нашудааст.

Сабабҳои пайдоиши пайдоиши терроризму экстремизм мисли шаклҳои онҳо гуногунанд.

Ин сабабҳоро чунин метавон тавзеҳ кард:

– сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ;

– сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ;

– моддӣ;

– идеологӣ;

– хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;

– пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав;

– ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ;

– коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ;

– хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ; – поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ;

– дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;

– фаъолияти динимуболлиғони хориҷӣ ва ғайраҳо.

Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд.

Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва наёфтани ҷои аниқи корӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидан ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд. Омилҳои муайянкардашуда дар самти шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ нишон дод, ки ин, пеш аз ҳама, зиёдаравӣ, ҳисси бегонапарастии онҳо аст. Баъзе ҷавонон аз бетарафии ҷомеа истифода бурда, дар хориҷи кишвар таҳсил карда, узви ягон ҳизб ва ё салафӣ шуда баргашта, ба вайрон кардани мафкураи ҷавонон машғул мешаванд.

Моро зарур аст, ки рафтори ҷавононро дар хориҷи кишвар низ зери назорат гирем. Бо мақсади пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, махсусан пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои макзур давлатро мебояд чораҳои зеринро дар ҷомеа фароҳам оварад. Баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, некуаҳволии халқ, дастгирии қишрҳои мухталиф ва таъмини имтиёзҳо ба ниёзмандон; Ба низом даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ, ба тадриҷ коҳиш додани сатҳи болоравии он ва дар дохили ҷумҳурӣ бо кор таъмин намудани шаҳрвандони кишвар; Баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии кишвар, бахусус, наврасону ҷавонон.

Инчунин ба андешаи мо, хуб мешавад, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои мудаввар бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шаванд.

Дар ин робита, мувофиқи мақсад шуморида мешавад, ки амалҳо оид ба паст намудани зуҳуроти экстремистӣ дар муҳити ҷавонон ба самтҳои зерин равона карда шаванд:

– ба муносибгардонӣ ва беҳтар намудани муҳити иҷтимоии ҷавонон, дар он ташкил намудани фазои мусоид барои ҳамкориҳои созанда, тарғиби эҳсосоти мусбат аз иштирок дар амалишавии лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва ҳавасманд гардонидани ҷавонон аз натиҷаи ба дастовардаи он, инчунин аз таҷрибаи ҳалли масоили насли ҷавон;

– таъсис додани марказҳои ёрии равонӣ ба ҷавононе, ки бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд;

– баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ;

– баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар оила, мактаб ва муассисаҳои олӣ.

Аз ҷониби сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба манзалат ва мақоми омӯзгор оид ба тарбияи насли наврас ва нақши муҳим бозидани ӯро чунин қайд кардааст: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст. Яъне омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расидани насли шоистаи даврон масъул аст».

Самара ва натиҷаи ин кор боядчунин бошад: ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, пурмасъул, бомуваффақият, ки ба пос доштани арзишҳои миллӣ, шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ нигаронида шудааст.

Мо, аҳли ҷомеа набояд ба он роҳ диҳем, ки мафкураи кӯдакон бо иттилооти нолозим пур карда шавад, балки омӯзгорон, волидон, сохторҳои маориф, фарҳанг тадбирҳои мушаххас андешем, чорабиниҳои ҷолиб доир кунем, ки бачагон ба он ҷалб гардида, дар майнаашон ақидаву афкори солим ҷо гардад.

Алалхусус, дар деҳоти дурдаст ба касбомӯзӣ,ба махфилҳои гуногун ҷалб намудани бачагон эътибори ҷиддӣ диҳем. Вазъи имрӯзаи бамиёномада тақозо мекунад, ки ҳар яки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем.

Имрӯз мо, аҳли ҷомеаро зарур аст, бори дигар ба кори таълиму тарбия, пурсамар гузаштани вақтибачагон, ҷалби онон ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷиддӣ назар кунем. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.

Пешвои миллат зимни ироаи Паём зикр намуданд, ки «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯсти ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем».

Хулоса, таълиму тарбия, протесси мураккаб ва тӯлонӣ буда, барои амалӣ гардонидани он якчанд омилҳо ва воситаҳо истифода бурда мешаванд.

Тарбияи инсони комил дар педагогикаи муосири тоҷик бар асоси қадимтарин ақидаҳои педагогии ниёгони мо сурат мегирад ва яке аз бузургтарин сарчашмаҳои он китоби муқаддаси ориёи бостон «Авасто» мебошад. Китоби муқаддаси «Авасто» «пиндори нек, кирдори нек ва гуфтори нек»-ро тарғиб мекунад ва бо ҳамин ҳикмати бузурги худ дар сартосари ҷаҳон шӯҳрат дорад. Ҳар кадоми мо бояд ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалбамон дӯст дорем, ҳама мақомот, сохторҳо, аҳли ҷомеа якҷоя амал намоем.

Зарур аст, ки тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошанд.


Рӯзиева Мавлюда Давроновна,

дотсенти кафедраи назария ва методикаи

тарбияи томактабии факултети психология ва

таҳсилоти томактабии МДТ "Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ