Тероризм зодаи ягон дину миллат нест!

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, тероризм ва ифротгароӣ мебошад. Тероризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрўза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зуроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовузба ҳаёти афроди бегуноҳ, касби ҳокимият ва азони худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Аксарият ба он назар ҳастанд, ки тундгароиву ифротгароӣ падидаҳои нав буда, қаблан вуҷуд надоштанд. Аммо асли воқеият ин аст, ки дар ҳама давру замон инсонҳое, ки осоиши мардуму суботи ҷомеаро дида наметавонанд ва хушбахтии худро дар бадбахтии дигарон мебинанд, буданд, ҳастанд ва дар оянда ҳам мавҷудияти онҳо аз эҳтимол дур нест. Зеро дар ҳама давр, мутаассифона нафароне ҳастанд, ки дар кулбадашон ҷавҳари инсонӣ вуҷуд надорад ва барҳамзадани амнияту осоиши мардумро рисолату вазифаи худ медонад. Ин гурўҳ ҳеҷ гоҳ чун инсон назистаанд ва наметавонанд одамвор умр ба сар баранд.

Касоне, ки манфиати шахсии худро аз манфиати ҷамъият боло медонад ва барояшон арзишҳои волои инсонӣ қадру қимат надорад дар ҳар замоне будаанд. Дар гузашта ҳам террористон буданд фақат аъмоли ноҷавонмардонаи худро ба гунаи дигар анҷом медододанд. Аммо бо баробари пешрафти ҷамъият ва тараққии илму техника шеваҳои анҷом додани амалҳои террористӣ, бо дарназардошти замон, дигар шуд. Ҳатто имрўз кор ба дараҷае расидааст, ки баъзеҳо чунон зери таъсири мафкураҳои ғайр қарор мегиранд, ки бо ваъдаҳои "охирати обод", "шаҳид шудан", "биҳишт рафтан" ва ғайра даст ба худ инфоҷор намудан мезананд. Аммо онҳо бехабар ҳастанд, ки аз ин мондаву аз он ронда мешаванд, яъне ношукрии неъмати умр, ки Худованд барояшон додааст, мекунанд ва биҳиштро низ аз даст медиҳанд. Зеро дар таълимоти исломӣ дар баробари он ки қатли дигарон гуноҳи кабира аст, худкушӣ низ аз ҷумлаи аъмоли нобахшиданист. Асосан онҳое фирефтаи чунин ваъдаҳо мешаванд, ки аз асолати дин, ки сулҳу салоҳ аст, бехабар буда, саводи кофӣ надоранд ва дунёву охирати худро ба боди фано медиҳанд.

Пас суоли матраҳ ин аст, ки роҳи асосии пешгирии амалҳои тундгароиву ифротгароӣ кадом аст? Ба андешаи мо яке аз роҳҳои пешгирии ин вабои аср, аз боғча то мактаби олӣ бояд зина ба зина насли наврасро дар рўҳияи ваҳдату ягонагӣ, эҳтиром қоил шудан ба арзишҳои умумибашарӣ, қадршиносии неъмати умр, ки ҳадияи Худованд аст, худшиносиву худогоҳӣ ва таҳаммулпазирӣ тарбия намоем. Бояд ҷавонони мо босаводу донишманд бошанд, зеро аксари онҳое, ки шомили ҳизбу ҳаракатҳои тундгароиву ифротгароӣ мешаванд, на саводи динӣ доранд ва на аз донишҳои замони муосир баҳраваранд.

Терроризм намудҳои гуногуне, ба монанди терроризми давлатӣ, терроризми иқтисодӣ, терроризми мухолифин, терроризми сиёсӣ, терроизми динӣ ва ғайра дорад.

Солҳои охир таҳдиди терроризм ба таври возеҳ хеле назаррас гардид. Он ба мушкилоти руҳиву маънавии садаи 21 ва масъалаи глобалии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Ин ваҳшоният барои гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ шуғли хеле судовар буда, хидмати худро ба онҳое пешниҳод менамояд, ки барои онҳо манфиати шахси ва иҷрои амалҳои ғайриинсони аз ҷони афроди дигар боло меистад.

Созмонҳои террористӣ асосан аз усулҳои ба гарав гирифтани кўдакону занон, шаҳрвандони хориҷӣ, ронда бурдани тайёраҳо, инфиҷори хонаҳо, иншооти давлатӣ, сўиқасд ба ҷон ва гаравгон гирифтани мансабдорон, сиёсатмадорон, ходимони фарҳанг ва илм истифода мекунанд.

Амалҳои террористон сарони кишварҳои гуногунро нигарон кардааст ва онҳо ҷиҳати мубориза алайҳи созмонҳои террористӣ ва амалкардҳои онон тадбирҳои махсус меандешанд.

Муҳтавои суханронии Президенти Тоҷикистон дар мавзўи «Муқовимат бо тероризм» чунин аст. «Чорабинии имрўза ба яке аз масъалаҳои доғи рўз – муқовимат бо тероризм ва ифротгароӣ бахшида мешавад. Итминон дорам, ки ҳамоиши имрўза барои муҳокимаи ҳамаҷонибаи масоиили марбут ба мубориза алайҳи ин вабои аср ва таҳияву тадбиқи иқдомоту тавсияҳои муштараки ҳамоҳангшуда дар ин самт мусоидат хоҳад кард. Мусаллам аст, ки таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдории кишварҳо аз ҷумла вазифаи калидӣ ва шарти муҳимтарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмилали ва минтақави баҳисоб меравад. Имрўзҳо дар гўшаҳои гуногуни сайёра милионҳо нафар одамони гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоҳо гардидаанд ва зуҳуроти тероризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва минтақавиро ба бор меорад».

Терроризм низ дорои таърих падоиш буда, баробари зуҳури фаҳмиш дар бораи зўроварӣ дар ақли инсон аз замони асри санг вақте ки одамон барои ба даст овардани туъма байни худ беамон меҷангиданд, пайдо шудааст.

Воситаҳои бонуфузи ахбори оммаи Ғарб мекўшанд мусулмононро ба майли патологӣ ба зўроварӣ ва терроризм айбдор намоянд. Аммо чунин айбдоркунӣ хатои маҳз аст, ба ин хотир, ки терроризм ихтирои мусулмонон, ё худ яҳуду насрониҳо, зардуштию буддоиҳо набудааст. Кишварҳои мусулмонӣ дар дарозои таърих моҳиятан воситаи муҳимтарини фароҳамсозандаи робитаҳои байниминтақавии иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, савдо ва алоқа ба шумор рафта, дар ташаккули таърихи ҷаҳон ва шабакаи муосири муносибатҳои байналмилалӣ мақоми бузург бозидаанд.

Мавриди зикр аст, ки пас аз зуҳури ислом ҳамагӣ дар чанд даҳсола мусулмонон ба нерўи азим ва қудратманди ҷаҳонӣ табдил ёфтанд ва тўли сесад сол амалан тақдири манотиқи рушдёфта ва стратегии ҷаҳонро муайян мекарданд ва баъдан моҳияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва рўҳониро дар худ ҷилва медоданд. Муҳимтар аз ҳама мусулмонон тамаддуни бузург ва пешқадамро, ки моҳиятан беназир ва такрорнашаванда аст, ташаккул доданд. Сабаб ин аст, ки фарҳанги исломӣ аз рўи моҳият ва махсусиятҳои худ инсондўстона ва башардўстона аст.

Имрўзҳо аксарият мардуми ноогоҳ ва дур аз илму дониш ва фарҳангу арзишҳои исломӣ, амалҳои ифротӣ ва терористиротанҳо ба ислом ва мусалмонҳо нисбат медиҳанд ва ифротгароёнро мусалмон медонанду гумон мекунанд ифрот зодаи Ислом аст. Аслан мо наметавонем терористро ба ягон дин ё миллат нисбат диҳем зеро терориз ва экстремизм моли ягон дин ва ё миллат нест. Ин фирқа инсонҳо танҳо ба манфияти инфиродии худ, ба чунин гуруҳҳои тундгаро шомил мешаванд. Дастуроти воқеии на дини Яҳудӣ, на Масеҳӣ, на дини мубини Ислом ҳеҷ яке пайравонашро ба ифроту тафриқа ё инфиҷори худ даъват накарда буд ва намекунад.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, беҳабар будан аз марифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, огоҳи надоштан аз тариху тамаддуни ниёгон, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас дар рўҳияи ватандўстиву худшиносии миллӣ, боиси ба чунин гуруҳҳои тундгарову ифроти шомил шудани ҷавонон мегардад.

Аз ҳамаи ин метавон хулоса кард, ки терроризм на миллат дорад ва на дину сарҳад. Террористон дар ҳама давру замонҳо ва дар ҳамаи қитъаҳо вуҷуд доштаанд. Террористон, ки бо амалҳои террористӣ баромад мекунанд ва чунин амалҳоро аз номи дин, миллат, халқҳо содир менамоянд, душманону бадхоҳони дин, миллат ва халқҳо мебошанд. Террористон, ки аз номи мусулмонон ва дини ислом ба нишони мубориза барои ислом амалҳои террористӣ содир менамоянд, душманони халқҳои мусулмон, душманони ислом мебошанд.

Бо дасту дили пок хизмат бояд кард, модару Ватани худро дўст бояд дошт, ба ҳарфи душманони миллат, ки шаъну шарафи худро фурўхтаанд, набояд гўш дод, ба дини худ имон бояд овард…

Ба кишвари мо гурўҳу ҳизбҳои гуногунро бо номи "Хизб-ут-таҳрир", "Чандуллох" «Ансаруллох» «Салафия» «Хизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон» созмон доданд, вале мо чун кишварҳои ҳамсоя камари онҳоро шикастем, аъзои ин гурўҳҳо, бахусус ҷавонони гумроҳ хатоҳои худро фаҳмиданд. Шаҳрвандони шарифи Тоҷикистон ба ҳеҷгуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундгаро ҳеҷ гоҳ ниёзе надоштанд, ва чунин ҳизбу ҳаракатҳо аз фарҳангу асолати ин миллати бузург дур аст.

Мазҳаб ғуломе аст, ҳамаро тўли қарнҳо,

Озодагии мазҳаби Яздонам орзуст.

Ҳамаи ин омилҳову сабабҳо боис бар он шуд, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати доҳилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 пешниҳод намуданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» элон карда шавад.

Шояд ҳамин боис швад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан ҷавонон дарки масъулият намуда, барои баланд бардоштани маърифату фаҳми ҳуқуқии худ кўшиш намояд, то дар гирдоби ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундгаро наафтанд.

Салимов Эраҷ, муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносии МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ